Бахшҳо

“ШАЙХ ТЕМУР" ДАР СУД: Қисман гунаҳкорам, аммо ҳабсам накунед (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 16 феврал қарори ҳабси Сайидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур”-ро барои 2 моҳ содир намудааст.

Абдулҳаким Холиқов, раисикунандаи мурофиаи “Шайх Темур” дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дархости ҳабси пешакии Шайх Темур аз ҷониби Додситони кулли Тоҷикистон ироа шуд. Шайх Темур аз рӯи моддаи 250 қисми 4 - тамаъҷӯӣ ба миқдори махсусан калон, моддаи 170 - бисёрзанӣ ва 164 - монеъ шудан ба таҳсили фарзандон, муттаҳам мешавад. Холиқов ба суоли “Озодагон”, ки чаро қарори ҳабси ин сокини ноҳияи Турсунзода аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Сино содир шудааст, посух дод, зеро парвандаи “Шайх Темур” аз ҷониби Додситони кулл мавриди тафтиш қарор дошта, ин ниҳод дар ҳудуди ноҳияи Сино қарор дорад.

Холиқов илова намуд, худи Шайх Темур низ дар баррасии қарори ҳабси пешакияш иштирок дошт: “Ӯ аз рӯи моддаи 170 - бисёрзанӣ ва 164 - монеъ шудан ба таҳсили фарзандон худро гунаҳкор хонда, иттиҳом аз рӯи моддаи 250 қисми 4-ро баҳсбарангез гуфт. Аз рӯи моддаи 250, қисми 4 гунаҳкорияшро рад карда, танҳо қисман эътироф намуд.”

Ба суол, ки оё Шайх Темур аз додрас озодияшро талаб кард, раисикунандаи мурофиа изҳор дошт, “дархост, намуд, ки ҳабс карда нашавад. Аммо дар мурофиа далелҳои парванда баррасӣ гардида, қарор қабул шуд, ки айбдоршаванда давоми тафтишоти пешакӣ, барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шавад.”
Мусоҳиби “Озодагон” гуфт, тибқи қарор Шайх Темур дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе нигоҳдорӣ мешавад.

Шайх Темур иттиҳом аз рӯи моддаи 250 қисми 4-ро дар ҳоле рад кардааст, ки ин модда маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 15 то 20 солро пешбинӣ намудааст.

Номи Шайх Темур баъди он вирди забон шуд, ки шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6 феврал филми мустанадеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод, ки аз мардумфиребиҳои Сайидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” нақл мекунад.

Таҳиягарони ин филм мегӯянд, Сайидмаҳдихон Сатторов соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, то соли 2012-ум номи ӯ Темурхон будааст: “Аммо охири соли 2011 ва аввали соли 2012 худро миёни муридон “Маҳдии охирзамон” гуфта, номашро расман Саидмаҳдихон Сатторов кардааст.”

Ӯ як шахси соҳиби маълумоти нопурра муаррифӣ шуд, ки дониши нахустини диниро аз падараш омӯхта ва худро миёни мардуми водии Ҳисор “авлиё”, “шайх” ва “имом Маҳдӣ” гуфта, духтарони ҷавонро ба никоҳаш медаровардааст. Дар ин гузориши телевизионӣ ба дороиҳои Сатторов низ ишора гардида таъкид шуд, аз ҳисоби муридонаш соҳиби молу мулк шудааст. Муридон ба ӯ то ҳадде ихлос доштаанд, ки молашонро тақдим мекардаанд, мошинашро мебӯсидаанд ва оберо, ки шайх дар он даст мешустааст, бо навбат менӯшидаанд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ин филми мустанад аз мошинбӯсӣ то саҷдакуниҳо ба “Шайх Темур”-ро хилофи шариати исломӣ мегӯяд.

Муридонаш, ки дар пайравӣ ба ӯ саллаи кабуд мебастаанд, миёни мардум ҳамчун “саллакабудҳо” маъруф будаанд. Муридон нафаронеро, ки барои ба зании “шайх” додани духтарони ноболиғашон розӣ намешудаанд, бо он тарс медодаанд, ки “авлиё” дуои бадашон мекунаду ба балое гирифтор мешаванд. Ба иддаои таҳиягарони филм, “Шайх Темур” соҳиби 7 зан ва 20 фарзанд буда, бештари занҳояшро дар синни 15-18 солагӣ ба никоҳ даровардааст.

Гузоришгари телевизион аз доираҳои руҳоният интиқод мекунад, ки бо вуҷуди огоҳӣ аз кирдорҳои раҳгумзанандаи "Шайх Темур" ошкоро алайҳи куфру ширки ӯ садо баланд накардаанд: "Инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ тӯли чандин сол қаллобиҳои зери пардаи дин пинҳоннамудаи Сатторов Темурхонро назора карда, хомӯширо авлотар донистаанд. Ва ҳатто алоҳида намояндагони соҳаи савдои давлатӣ хешро муриди ӯ хонда, кумаки молии хешро аз ӯ дареғ надоштаанд".

Шоҳидии “Шайх Темур”, иқрори муридон, нишондоди ҳамсар, суолу ҷавоб бо уламо ва шарҳи муфтии Тоҷикистонро ба таври муфассал дар навори зер тамошо кунед:


Мӯҳр
.
Давлатро ки дуздида хурда гаштаасту бечора муйсафедро говсуд карда истодаанд. Беадолати аз ин зиед намешавад.

Илхом
Шайх баки зарар расондааст.Бозури силоху истифода аз мансаб хуни хазорон бечорахоро намакидааст.Занхои девонаро гирифтааст.худашро эмом эълон накардааст.Ин хел эхтироми сунъи доштахо дар чомеаи мо кам нестанд. Тухфа гирифтан чиноят хам нест вале мо метавонем онро чиноят кунем.Мошинашро бигзор буса кунанд. Лабхояшон озор нади даастку.Аз ин ки зарар мебинад.мо дар торики зиста акламон тира шудаст

Риштарош
Аслан дар Точикистони мо ки як кишвари хукукбунёд дуняви ва сохиби истиклол аст хар гуна ришу пашм мамнуъ эълон крада шуда сохибони ришу пашм ба чавобгарии чиддии жинои бояд кашида шаванд. 1400 сол боз аз дасти ин ришу пашм ба дод омадем! ришу пашм доштан ё натарошидани ришу пашм аз руи кодекси чиноии бояд чинояти сангин эълон шуда дорандагони риш ва пашм аз 170 то 1700 тозиёна махкум карда шаванд. нест бод ришу пашм!!!

Авлиёи хакики
БАЪЗЕ КОРХОИ ШАЙХ ТЕМУР ДАР ХАКИКАТ БИДЪАТУ ШИРКУ ХУРОФОТ АСТ ВАЛЕ БИСЁРЕ АЗ МАНСАБДОРОНИ ТОЧИК АЗ ТЕМУРДА КОРХОИ БАДУ ИФЛОС МЕКУНАНД. МАСАЛАН ПОРАХУРИ ТАМАЪЧУИ МАХСУСАН БА МИКДОРИ КАЛОН ЗИНО БО ДУХТАРОНИ МАКТАБХОНИ КАМБАГАЛХО ДАР ДАРРАИ ВАРЗОБУ ДАЧАХОЯШОН ЗИДДИ ДИНУ МАСЧИДУ ХИЧОБ ВА ГАЙРА. СТАТИЯВУ МОДАИ 250 КИСМИ 4, 5, 7 8 БА ХАМИН МАСБАДОРОНИ ЗОЛИМ ДАХЛ ДОРАД. ИНХО ДАР МАХКАМАИ ХУДО МУХОКИМАВУ СУД МЕШАВАНД.

Ууу
Ҳукумовро бо фарзандонаш низ суд намоед

Яктопараст
Аз решаву бунаш ин тафаккури дини иштибох аст ин хамма муъчизот махсули акли башар аст дар акси хол бояд ба кавли ин муллохо бояд Лейбниц, Ньютон Эйнштейн Нилс Бор ва Расселро ба дўзаху инора ба бихишт баранд ин чи беинсофист ки дар магзи мо бо зарби шамшер чо кардаанд. Кай ин андешахои яхбастаамон озодиро мебинаду мо низ мисли мардумони пешрафта ба чахон бо назари солим ва озодандешона менигарем. Кай ин дастбандхои "тиллоии" пур аз беинсофиву беадолатиро ки 1400 сол дар банди пову дасту фикрамон задаанд дар мешиканему ба суи осмони маърифату маънавият ва озодиву хушбахти пару бор мекушоем кай? Замоне ки ин бузришхо як ба як ба дор зада мешаванд!!! Ба пеш Рахмони бузург!!!

.
Яктопараст,

Ба ту ки халал расондааст ки мисли Лейбниц шави? Танбалии худат ва фиребгариат. Хамин шайх Темур магар айбдор аст, ки ту бесавод мондаи?

Абдуллох
Хамингуна шайххо сабаб шуданд ки баъзе бединхо таъна бар мо мусулмонон зананд. Дан хаминчо хам баъзе беинсофон амали як нафарро ба ДИНИ ИСЛОМ нисбат додаанд. Инчо чанд нафаре ба мононди риштарошу яктопараст овоз баланд карданд. Барои ин нафарон бахонае лозим аст ки " обро лой кардамохи доранд".

MMM
Муридоша, капида 100 калтаки задан даркорай, ки аз баданшон беаклишон броя ))

Муҳсин
Ин риштарошро кадом ришдоре насиҳат кардааст чи? Чунки агар насиҳаташ намекарданд аввал аз риши ҳайкали Исмоили Сомони баъд риши Садриддин Айниро аз 5 сомона ва баъд риши Буали Синоро аз 20сомона метарошид.

ношинос
агар хами мусафед бечора бошад аз худо натарсад, пояш дар лаби гур инкадар аз хисоби мардум бо рохи фиреб зиндаги кунад дар хама чо хонаву замин дошта бошад, аз дигаро чи гила.......

Авлиёи хакики,
Ман ин таассуби шуморо хонда хайронам ки ин кадар Аллох шуморо гумрох офаридааст. Ман хам рафтори ин "ШАЙХ"ро 100 фоиз махкум менамоям аммо акидаи "ришу фаш нишонаи фасоду акибмондаги"-ро кабул надорам чун хазорхо мисол медонам ки ин акидаи шуморо хати бутлон мекашад имкони мисолори ин чо мушкил аст Танхо аз Аллох дуо мекунам ки шуморо хидоят кунад ва рузе расад ки сохиби риши суннати гардед ва аз гуфтахои хом пушаймон гардед.

In hel dajoli pituha turma kardan lozim ne, inro sangsor karda kushtan darkor. Bo dar komentoshonbechorai shayh chikor kardast megan yahel benomusosh. Nomi Paygambarro da zamin zada hudashro payambar gufta imom mahdi gufta arovardagi odamro bo beayb meshumoren. 7 zani nobolig duhtaroni ba voya narasidagiro ba musafedi 75 sola dodan magar tugrist. Magar hohari tu 15 sola bosha medodi ba hamin Temuri la'natida ? 15...20 solam kamay inda

Курзавкон достонхо сохтанд
Вусъати идроки у нашнохтанд.(Икбол)
Ин чо касди банда аз ба миён кашидани мавзуъи Шайх Темур баррасии рабту бастагиаш бо ХНИТ ва рохабарияти он нест..Бал гавхарнашносии дигарон аст.ки уро нашнохтаву ин хама дар тамоми кишвар бо тамоми кудрат хоину чинояткор г=нишон додани уст.Дар сурате ки рафторашро бо мийзону маъойири дин барраси ва баркашй намоем,хеч халову хатое дар ин марди Худо нахохем дид..тудае аблах ва бемагз такя бар зохири ьарояшон "чиркин" ва хам рафторхое аз у кардаву чавхари аслиашро нашнохтаанд..
...Афроди огах хуб медонанд.ки дар гузашта ИНСОНхое ХУДОЙ ва мукарраб аз чунин навъ зохир ва равишу шеваи зист бархурдор будаанд.ки хамзамонону атрофиёни курзавкашон ононро нашнохтаву ин гуна "машмул"и "алтоф"и худ карорашон додаанд.
Миоки шарофат ва мояи курбати як Инсон ба Худо хамин доштани зохири кашангу мураттабу музайяни у нест ва ё донишу хикмати фаровон.Инхо шарти асосии наздик будани як фард ба Худо нестанд.ба сирату магз ва чавхари бузурги ОДАМЙст.ки аз назархо пинхон аст..Басо афрод будаву хастанд.хам ки мо онхоро тавассути хавоси зохирбинамон наметавонем то бишносемашон..Дар сахифахои торихи ирфон номи афроди бузургу муаззаме сабт шудааст.ки аз лихози зохир нафароне бесавод будаанду дар худии худ ИНСОНХОЕ сохибдил,ки сухбату хамнишини бо онон чи кадар оромишбахш будааст ва мояи рахмату хидояти дигарон..Чунончи яке аз шахсиятхои муътабар бо номи Хисомиддини Чалабй,ки Мавонои Рум аз пешвоёни ирфонии худ унвонаш намудааст.Чое низ хадафу максуди худ аз навиштани Маснавии Маънави"ашро низ хамин Хисомиддин гуфтааст;
Хам маро максуд аз ин Маснавй
Эй имомиддин Хисомиддин туй ..Хисомиддини Чалабй аз лихози зохир инсоне камсавод буд.Ба он гуна ки оёти Куръонро хато тааффуз мекард.Аммо ИНСОНе буд мукарраб (наздикшуда( ,ки Мавлонои бузург бо ифтихор худро муриди у номидааст.
..Хулоса он чи ба ин марди Худо (Шайх Темур ) раво дида шуд,хамагй дар нашнохта будани аслу чавхари у назди як туда курзавкон буду афроди зохирбин...

бандаи худо 786
Риштарош
Худо хидоятут куна шогирди абучал агар лоики хидоят
Боши ваагар лоики хидоят набоши худованд хорткуна
Фардо кати абучахлу кати ленин мехези

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)