Ҷӯши пешазинтихоботӣ: Аз “писханди Кабирӣ” то “қабул накардани Зоиров” (ВИДЕО)
Вохӯрии раисони аҳзоб бо интихобкунандаҳо дар доираи интихоботи парлумонӣ дар вилояти Суғд тезу тунд ҷараён дорад. Ба гуфтаи масъулони ҲНИТ дар ин мулоқот иштирокчиён бештар бо Муҳиддин Кабирӣ вориди баҳс шуда, ҳатто насиҳат мекунанд. Ин вохӯриҳо боиси гуфтугузори пурбаҳсе дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуда, аз ҷониби тарафдорони ҳар ҳизб ба таври гуногун тафсир ва баррасӣ мешаванд.
Аз ҷумла саҳфаи “Кумитаи иҷроияи Исфара” дар Фейсбук, ки ғолибан моли Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Исфара дониста мешавад, зери номи “Кабирӣ ба модари ҷигарпора писханд зад”, навиштааст: “Интихобкунанда Султонова Махфират (аз Исфара - “Озодагон”) гуфт, ки писари ӯ Султонов Раҳмон аз аввали солҳои 2000-ум инҷониб аъзои ҲНИТ мебошад. Раиси бахши ҷавонони Гумбазии ҷамоати деҳоти Навгилем буд. Аз қатори аъзоёни фаъол ба ҳисоб мерафт. Инак, беш аз 9 сол мебошад, писараш бедарак асту ба баъзе маълумотҳо ба Ҳизби Исломии Узбакистон пайваст шудааст. Пеш вақтҳо писари ӯ дар мактаб аъло мехонду тарбияи хуб дошт. Аз он вақте, ки ба ҲНИТ аъзо шудааст, хислату харакатери бад ва амалҳои номатлуб пайдо кардааст. Ин ҲНИТ аст, ки писари ӯро ба Ҳаракати Исломии Узбекистон пайваст кардааст. Муҳиддин Кабирӣ ба ҷойи ғам хӯрдан аз ин ҳодисаи нангин ба модари бечора писханд зад”.
Аммо як нафар аз шарҳнависони фейсбук зери ин матн навиштааст, “Кабирӣ фарҳанги писхандзаниро намедонад”.
Ҳамчунин “Кумитаи иҷроияи Исфара” дар як нигоштаи дигар бо номи “Исфарагиҳо Рахматулло Зоировро қабул накарданд”, навиштааст, “Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров санаи 15 феврал хост бо интихобкунандагон дар Исфара мулоқот доир кунад. Барои ин номбурда ба мулоқоте, ки бо раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ доир мешуд, худсарона ва бешармона ворид шуд. Вале мардум аз толоре, ки дар он Раҳматулло Зоиров мулоқот карданӣ буд, баромада рафтанд. Мардум нахост бо ин нафар, ки аз дурӯягону фитнагарон ва душманони миллат, ки мехоҳанд бо ҳар восита Тоҷикистонро ба вартаи парокандагӣ кашанд, мулоқот кунад. Зеро ҳама хуб медонад, ки Зоиров Р. кист ва чӣ ниятҳои нопок дорад. Баъди ин Раҳматулло Зоиров ду дасту бинӣ монду шармандавор аз Исфара рафт”.
Инчунин дар шабакаи “Ютуб” навори беш аз 1 соатае таҳти унвони “Хитоби ҷавонони Хуҷанд ба Кабирӣ” нашр гардидааст, ки аз рафти мулоқоти намояндагони аҳзоб бо интихобкунандагон дар вилояти Суғд ба навор гирифта шудааст. Баъзе аз иштирокдорони мулоқот дар ин навор аз раиси ҲНИТ хостаанд, ба фаъолияти ин ҳизби дар асоси қонун амалкунандаи Тоҷикистон ва ягона ҳизби муътадили исломӣ дар Осиёи Марказӣ хотима бахшида шавад ё ҳадди ақал калимаи Ислом аз номи он берун карда шавад. Афроди саволдиҳанда аз боздошти Ҷамолиддин Маҳмудов, мушовири Муҳиддин Кабирӣ ёдоварӣ намуда мегӯянд, маҳз дар сафарбар шудани фарзандони онҳо ба ҷангҳои кишварҳои хориҷ ҲНИТ гунаҳкор аст. Яке аз иштирокдорони ҷаласаи мазкур, ки бидуни бурдани ному насаб ба саволдиҳӣ шурӯъ мекунад, Кабириро дар шиорпартоию “афсонагӯӣ” муттаҳам карда, бо қироати як шеър дар васфи Тоҷикистону хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ ватандӯстӣ “меомӯзад”.
Муҳиддин Кабирӣ дар навбати худ ҳангоми посух ба саволҳои иштирокдорон намоиш ва боздошти мушовири худ ва намояндаи ҳизбашон дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро дар арафаи интихоботи парлумонии 1 марти соли равон муғризона хонда, гуфтааст, ӯ дар ҳоле боздошт мешавад, ки соли 2013 ин қазия ҳалли худро ёфта буд ва Ҷамолиддини Маҳмуд бо пешниҳоди худи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати комиссияи интихоботӣ шомил шудааст. Раиси ҲНИТ дар ин навор мегӯяд, иддаои баъзе аз сокинони кишвар дар бораи хотима бахшидан ба фаъолияти ин ҳизб ё берун кардани калимаи Ислом аз номи он танҳо ҳамчун як хоҳиш ё пешниҳод қабул карда мешавад ва ҳарфи ниҳоиро дар ин бора миллати тоҷик ҳангоми гузаронидани раъйпурсӣ гуфтааст ва Сарқонун низ ба фаъолияти он иҷоза додааст.
Кабирӣ дар хитоб ба қироаткунадаи шеър афзуд: “Хеле вақт шуда буд, ман театр нарафта будам ва ҳоло танҳо як ҷумлаи мегуфтагӣ дорам: Соли 1998 замоне душманони миллату давлати тоҷик аз берун ба Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри бостонии Хуҷанд ҳамлаи мусаллаҳона карданд, албатта гуфтани аз куҷо ва кӣ будани онҳо шарт нест, чун ҳама инро медонад, хеле мехостам, ин гуна шиорҳои оташини ватандӯстию миллатпарастӣ он замон гуфта мешуд, бисёр хуб мебуд. Ҳамин “муҷоҳидон”-и ҲНИТ, ки мегӯед, он замон ҷон сипар карда, дар паҳлуи ҳукумати Тоҷикистону Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, бо неруҳои давлатии Тоҷикистон душманонро аз шаҳри Хуҷанду Панҷакент ва хоки кишвар берун карданд ва имрӯз сулҳу субот барқарор аст”.
Дар ҳамин ҳол, Ситоди интихоботи ҲНИТ дар вилояти Суғд аз фишор ва вохӯриҳои аҷибу ғариб дар дигар шаҳру навоҳии ин вилоят, аз ҷумла Ашт, Мастчоҳ ва Истаравшан хабар медиҳад. Аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд аз 4 номзад ба маҷлиси вилоят ва 5 номзад ба маҷлиси шаҳр пешниҳодкардаи ҲНИТ ҳеч кадомашонро номнавис накарданд. Мирзоқул Ҳоҷиматов раиси бахши ҲНИТ дар Хуҷанд зимни таъйиди ин хабар ба “Озодагон” гуфт, ки дар ҳамаи ҳолатҳо далели номнавис накардан аз тарафи комиссияи ҳавзаҳо надонистани забони давлатӣ ва пешниҳод накардани маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ будааст. Ба гуфтаи ин масъули ҲНИТ бар асоси ин ду омил болои номзадҳояшон фишор зиёд шуда, бештари онҳо номнавис нашудаанд. Ҳамчунин додгоҳи шаҳри Хуҷанд шикояти панҷ номзади ҲНИТ аз болои қарорҳои комиссияи ҳавзаҳоро ба эътибор нагирифтааст. Вакили дифоъ, Файзинисо Воҳидова, ки аз номзадҳои ҲНИТ дар додгоҳ пуштибонӣ мекард, ин хабарро дар суҳбат ба хабарнигори “Озодагон” таъйид намуд ва қарорҳои комиссияҳоро хилофи қонун медонад.
Дар маҷмуъ дар вилояти Суғд аз 178 номзаде, ки ба маҷлисҳои вакилони шаҳру навоҳӣ ва вилоят аз ҲНИТ пешбарӣ шудаанд, танҳо 14 номзад ба маҷлисҳои вакилони шаҳру навоҳӣ ва 5 номзад ба маҷлиси вилоят номнавис шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |