Бахшҳо
04 фев 2015 14:13Ҳуқуқи инсон

«Ҳуқуқи зан муқаддас аст…»

Носирҷон МАЪМУРЗОДА

Чунин омадааст дар ҳадиси Паёмбари ислом Муҳаммад (с), аммо на ҳамеша ба ин ҳуқуқ арҷ гузошта мешавад. Мисол? Марҳамат! - Чунин ба назар мерасад, ки бахши аъзами сокинони вилояти Хатлон аз бастани аҳдномаҳои расмии никоҳ «парҳез» мекунанд ва дар ниҳояти кор ҳуқуқ ва манфиатҳои занон нақз мешавад. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки дар зарфи 20 соли ахир танҳо як ҷуфти ҳамсарон (!!!) миёни ҳам шартномаи расмии никоҳ бастаанд. Аммо ин кадом ҷуфти ҳамсарон аст, рӯшан нест, зеро ба хотири «ҳифзи сирри хонаводагӣ», насаби онҳо ифшо намешавад.


«Бастани аҳдномаи никоҳ ихтиёрист. Аммо муҳим»

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар гузаштаи начандон дур Президенти Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ бо таваҷҷуҳ ба баҳсу баррасиҳои афзояндаи судӣ дар мавриди тақсими молу мулк ва поин бурдани мизони азҳамҷудошавии оилаҳо, ба зарурати бастани шартномаи никоҳ таъкид кардаанд.

Ҳамакнун Раёсати адлияи вилояти Хатлон аз шаҳрвандон хостааст, ба қонунҳои ҷории кишвар арҷ гузошта, қабл аз никоҳи расмӣ шартномаи хонаводагӣ банданд. Ифтихор Самадов, корманди масъули Раёсати адлияи вилоят, гуфт, дар гузашта муносибатҳои молумулкии шаҳрвандонро қонунҳои ҷории кишвар танзим мекарданд, аммо соли 2011-ум нахустин бор мафҳуми «аҳднома (шартнома)-и никоҳ» дар Кодекси оилаи Тоҷикистон низ ворид карда шуд, ки бас муҳим аст.

«Аз рӯйи таҷрибаи кори истеҳсолот, иҷрочиёни судҳо ва маълумоте, ки аз мақомоти судӣ расидааст, бештар аз ҳама баҳсҳои манзилию молумулкӣ дар судҳо баррасӣ мешавад. Аз ин рӯ, зарурати бастани аҳдномаҳои никоҳ ба миён омадааст, зеро ин шартнома метавонад боиси кощиши мизони ҷудошавии оилаҳо гардад. Аҳдномаи никоҳ, ки баста шуда бошад, баҳсҳо кам мешаванд. Дар ин аҳднома, одатан, нишон дода мешавад, ки молу мулки хонавода чи гуна миёни зану шавҳар тақсим мешавад, ҳам дар давраи заношӯӣ ва ҳам дар сурати бекоркунии ақди никоҳ», - зикр кард И. Самадов.

«Мансабдорон бояд намунаи ибрат шаванд»

Идораи адлия аз мансабдорони маҳаллӣ низ даъват кардааст, ки барои ба одат табдил додани аҳдномабандӣ, «намунаи брат»-и шаҳрвандони қаторӣ бошанд. Вале масъулони идораи нотариалии вилояти Хатлон мегӯянд, ки то имрӯз ҳеҷ як мансабдори давлатӣ дар Хатлон бо ҳамсари худ аҳдномаи расмии никоҳ надорад.

«Бастани аҳдномаи никоҳ ихтиёрӣ аст. Масалан, худи ман ҳам бо ҳамсарам аҳднома набастаам, зеро як манзил дорем, молу мулкамон зиёд нест. Лекин бастани чунин аҳдномаи никоҳ нисбати шаҳрвандони хориҷӣ маҷбурӣ мебошад. Яъне агар шаҳрванди хориҷӣ хоҳад, ки бо зан ё духтари тоҷик издивоҷ кунад, бояд ҳатман аввал ҳамсари ояндаашро бо манзили зист таъмин намуда, ҳадди ақалл як сол дар Тоҷикистон зиндагӣ кунад», - афзуд манбаъ.

Ҳарчанд бастани шартномаҳои никоҳ дар хориҷ аз кишвар амри маъмулӣ ба ҳисоб меравад, сокинони маҳаллӣ бо таваҷҷуҳ ба ин ки бастани аҳдномаи никоҳ ихтиёрӣ мебошад, аз тақсими дороиҳои хонавода дар миёни зану шавҳар парҳез мекунанд.

Чаро ҷавонон аз бастани шартномаи никоҳ парез мекунанд?

Ҷомеашиносон таъкид мекунанд, ки бастани шартномаи тақсими молу мулк қабл аз никоҳи марду зан дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон чандон роиҷ нест ва шояд як навъи нобоварӣ ба ояндадории оилаи нав арзёбӣ шавад.

Вале гурӯҳе дигар аз коршиносон бар ин назаранд, ки пештару бештар аз ҳама мардон намехоҳанд, ки бо ҳамсари худ аҳдномаи никоҳ банданд. Ба иддаои Рухшона Шоимова, равоншиноси созмони ҷамъиятии «Ғамхорӣ», азбаски аксари кулли занони тоҷик бо ҳамсарони худ бидуни шартномаи никоҳ ва ҳатто бархе аз онҳо бидуни қайди давлатии никоҳ зиндагӣ мекунанд, дар сурати азҳампошии оила, онҳо аз тамоми ҳуқуқ маҳрум мешаванд. Вай афзуд, бисёр шуда, ки пас аз гирифтани талоқ, занҳо бо кӯдакони дасти худ бехонаю дар монда, наметавонанд аз ҳамсаронашон ҳатто алимент ситонанд.

Занҳое, ки ҳамарӯза мо бо онҳо вомехӯрем, бисёр хаста ба назар мерасанд, аз зиндагӣ дилсард ва ба ҳама чиз бетафовутанд, хуллас, ҳолати рӯҳиашон хуб нест, - изҳор дошт Р. Шоимова. - Зане, ки аз хонаи шавҳар ронда шудааст, аз дастгирӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа, аҳли байт, пайвандонашон бархурдор нестанд, доимо мавриди латукӯб қарор мегиранд, албатта, дар сарашон ҳар хел фикрҳо чарх мезанад ва илоҷи корро дар худкушӣ, ба дор овехтан ё худсӯзӣ мебинанд, ки чунин мисолҳо, мутаассифона, зиёданд.

«Аҳдномаи никоҳ нест? Бирав аз хона!»

Ҳуқуқшиноси маркази бӯҳронии занони Қӯрғонтеппа Мадина Низомова низ мегӯяд, ки теъдоди бисёри занон имрӯзҳо бинобар надоштани никоҳи расмӣ ё шартномаи никоҳ, ки молу мулки ҳамсаронро тақсим мекунад, бори сангини зиндагиро кашида, дар ба дари судҳо мегарданд.

Вай афзуд: «Фоизи калони занҳои мо никоҳи расмӣ ё қонунӣ надоранд, аз ин рӯ, пас аз барҳамхӯрии оила ҳуқуқашон ба моликият поймол мешавад. Дониши пасти ҳуқуқӣ, мушкилоти иқтисодӣ сабаби асосии афзоиши хушунати оилавӣ аст. Дар бисёр маврид мардон ягона таъминкунандаи оилаҳои калон мебошанд…»

Маҳинаи 30-сола, модари се фарзанд, мисоли равшани як занест, ки чанд сол бе никоҳи расмии давлатӣ бо ҳамсараш зиндагӣ карда, дар пайи тазйиқу зӯроварии аъзои хонаводаи шавҳараш, ҳоло аз манзили зисташ ронда шуда, бесарпаноҳ мондааст. «Модаршӯям пеши ҳамсарам шарт гузошт, ки бояд аз баҳри ману фарзандон барояд. Гуфт, ки занат ЗАГС надорад, даъвои хона карда наметавонад. Гуфт, ки ин занатро раҳо кун, бароят арӯси нав меорам», - бо алам қисса мекунад Маҳина.

«Никоҳи давлатӣ, ки набуд, духтарам зуд хонавайрон шуд…»

Садафмоҳ, сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, мегӯяд, азбаски духтару домодаш бо ҳам ақди никоҳи давлатӣ надоштанд, оилаи ҷавонон базудӣ вайрон шуда, фарзанду наберааш пушти дари хонаи шавҳар мондаанд. Вай афзуд, домодаш ҳатто аз парастории фарзанди худ даст кашида, ҳамсарашро низ аз тамоми молу мулки хонавода маҳрум кардааст.

- Духтарам хонавайрон шуду азбаски «ЗАГС» надошт, як сол даводав карда, азоби бисёре кашид, то ки санадҳои муқаррар кардани падарии тифлашро дуруст кунад, - бо алам мегӯяд Садафмоҳ. - Баъд аз саргардониҳои зиёд шавҳараш ба супурдани алимент розӣ шуд. Фарзанд беморӣ дорад, нигоҳубинаш хароҷот мехоҳад, духтарам, ки кор намекунад, барояш танҳо тарбия кардани кӯдак мушкил аст. Гап задем, гуфтанд, ки зӯратон, ки ба парасториаш нарасад, бурда фарзандашро партоед. Охир, домодам аз фарзандаш рӯ тофтааст, боз ман чӣ хел духтарамро аз фарзандаш маҳрум кунам, ба як дардаш дарди дигар афзоям. Маҷбурам, ки ӯро бо набераам ба пой хезонам.

Духтари Садафмоҳ таҳсилкарда нест ва касе аз хонаводаи ӯ қабл аз издивоҷ ҳам тақозои сабти ақди никоҳ дар мақомоти давлатӣ накардааст, ки дар ниҳоят ба нақзи ҳуқуқу манфиатҳои ин зани ҷабрдида ва фарзанди расман бепадари ӯ оварда расонидааст.

Мақомоти идораи адлияи Хатлон ва гурӯҳе аз ҷомеашиносони маҳаллӣ таъкид мекунанд, ки дар сурати ҳатмӣ кардани шартномаҳои никоҳ имкон дорад, мизони баҳсҳои судӣ ва азҳампошии оилаҳо коҳиш ёфта, ҳуқуқи занон ба моликият ва адолати иҷтимоӣ дар тақсими молумулки муштарак дар миёни зану шавҳар таъмин шавад.

"20 кило биринҷро дам партофта, зан гирифтан мумкин..."

Ва аммо равоншинос Малоҳат Усмонова бар ин назар аст, ки қонуни танзим агар ҳам то ҷое барои камхарҷ гузаронидани ҷашну маросимҳо ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат кард, аз сӯйи дигар, барои нақзи ҳуқуқи занон аз ҷониби мардҳо "замина"-и дигаре фароҳам овардааст.

- Тибқи мушоҳидаҳои мо, пас аз қабули қонуни танзими анъана, мавридҳои ҷудошавии оилаҳо рӯ ба афзоиш ниҳодааст, - афзуд М. Усмонова. - Ҳамчунин хатарҳои марбут ба ҷудошавии оилаҳо низ афзудааст. Шояд ба сабаби маърифати начандон баланди шаҳрвандон, шавҳарҳо, ё хешу табори онҳо ба арӯси хонавода таҳдид мекунанд, ки акнун тӯйкунӣ осон шуд, агар тибқи хостаи мо амал накунӣ, туро раҳо карда, ҷоятро ба арӯси дигар медиҳем. Як зани солманд ба назди банда омада гуфт, «ҳоло бо 150 нафар тӯй кардан мумкин, 10-20 кило биринҷро дам партофта, зан гирифтан мумкин. Зангирӣ осон шуд, духтарон бепул шуданд». Бо чунин андеша ва тафаккур, ҳолатҳои хушунати хонаводагӣ нисбати занон ва нақзи ҳуқуқи онон афзуда, оилаҳои бисёре вайрон шудаанд.

Ба иддаои Сафармоҳ Мирзоназарова, корманди Маркази бӯҳронии занони шаҳри Қӯрғонтеппа, муроҷиатҳои бисёри занон барои муқаррар кардани падарӣ ба мақомоти расмӣ нишонаи ривоҷи беҳуқуқӣ ва заъфи кори ниҳодҳои дахлдор аст, ки барои пойдории оилаҳо ва кӯмаки иҷтимоӣ ба онҳо талоши кофӣ ба харҷ намедиҳанд. Вай афзуд: «Баъзе мардҳо дидаю дониста ақди никоҳи расмиро бо арӯсонашон намебанданд. Зеро мутмаин нестанд, ки оилаи солим барпо карда тавонанд. Фикр мекунанд, ки агар никоҳашонро дар шуъбаи САҲШ ба қайд бигиранд, зан аз ҳуқуқҳои худ бархӯрдор шуда, дар сурати ҷудошавии оила ба қисмате аз молу мулк даъво карданаш мумкин. Яъне қабл аз барпо кардани оила, одамон аллакай дар бораи эҳтимоли азҳампошии он андеша намуда, ба хотири худро «суғурта» намудан «ЗАГС» намекунанд, ки хуб нест…»

Бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти марбута, аз тамоми рӯҳониён ва имом-хатибони масоҷиди вилояти Хатлон тақозо шудааст, ки қабл аз анҷом додани маросими никоҳи исломӣ аз навҷавонон нишон додани хати ақди никоҳи давлатиашонро талаб кунанд. Яъне агар домуллое маросими никоҳи исломии ҷуфтеро бидуни бастани ақди никоҳ ва номнавис шудан дар яке шӯъбаҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ анҷом диҳад, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд. Изҳори умедворӣ мешавад, ки бо роҳандозии ин иқдом мизони вайроншавии оилаҳоро поин бурда, барои таҳкими оилаҳои ҷавон ва боло бурдани сатҳи масъулиятшиносии зану мард мусоидат хоҳад кард.

Ба ҷойи охирсухан

Дар китоби муқаддаси Қуръони маҷид яке аз сураҳои калонтарин, яъне "Нисо", саросар дар бораи зан ва ҳуқуқҳои ӯ оят омадааст. Дар он Худованд шаъну шарафи зан ва баробарҳуқуқии зану мардро ба таври возеҳ зикр намуда, иззату эҳтиром ва дастгириву ғамхорӣ нисбат ба занонро аз ҷумлаи воҷиботи имонии ҳар як мусулмон фармудааст. Пайғамбари дини мубини ислом Ҳазрати Муҳаммад (дуруд ба ӯ) низ дар ҳадиси худ чунин гуфтааст: «Ҳуқуқи зан муқаддас аст, пас ҳуқуқи ононро ба худашон бисупоред».

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон омадааст, ки оила асоси ҷомеа буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Зеро бе оилаи солим мавҷудияти ҷомеаи солим ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, бунёди оила масъулият ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд.

Аслан, вайроншавии оила кори номуносиб ва нангин буда, пеш аз ҳама ба тарбияи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Масалан, тибқи омори расмӣ, танҳо дар зарфи соли гузашта дар вилояти Хатлон қариб 1900 оила барҳам хӯрдааст, яъне зану шавҳар аз ҳам ҷудо шудаанд. Худ қазоват кунед, агар, фаразан, ин оилаҳои барҳамхӯрда ба ҳисоби миёна якфарзандӣ дошта бошанд, аллакай дар вилоят то ду ҳазор кӯдак зиндаятим шудааст. Ин кӯдакон дар хонаи яке аз волидайн - падар ё модар зиста, тарбияи комил намегиранд. Ҳатто баъзеи ин кӯдакон, умуман аз меҳру навозиш ва дастгирии моддию маънавии волидайн маҳрум гашта, бепарастор мемонанд ва оқибат даст ба ҷиноят ва корҳои ношоиста мезананд.

Бинобар ин, пеш аз хонадоршавӣ ва созмон додани оила ҷавонон бояд ба зиндагии мустақилона омода бошанд. Падару модарон вазъиятро ҳаматарафа омӯхта, сипас ба оиладор шудани ҷавонон кӯмак расонанд. Бастани шартномаи никоҳ ҳам ба хотири таъмини баробарҳуқуқӣ ва мустаҳкамии оила муҳим мебошад. Албатта дар мавриди сар задани муноқишаи ҷавонон падару модарон, пирони рӯзгордида ва кормандони мақомоти адлия низ бояд тамоми имкониятҳоро истифода намуда, оилаҳоро бо ҳам оштӣ диҳанд ва нақши худро барои пойдории ҷомеа гузоранд.

Ҳақ ба ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар аст, ки гуфтааст: «Оилаи солим як омили муҳими пойдории давлат аст ва маҳз фарзандони соҳибмаълумот, бомаърифат ва оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва Ватани азизашон расида, номбардори сазовори давлати соҳибистиқлоли хеш мегарданд».

Хуллас, чӣ кунем? Меравем шартномабандӣ?
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)