Кен Гросс, сафири ИМА дар Душанбе дар намоишгоҳи санъати Помир, ки аз сӯйи лоиҳаи «Як Ҳауз» (Хонаи қутос) бо маблағгузории «Бунёди сафирон барои ҳифзи фарҳанг» баргузор шуд, иштирок намуд.
Тибқи иттилои расида, ин бурс бо маблағи 49 000 доллари амрикоӣ ба «Як Ҳауз» барои ба феҳрист даровардани маҳсулоти ҳунармандони Помири Шарқӣ ва ба ҷавонон омӯзонидани ҳифзи анъанаҳо ҷудо гардидааст. Гуфтанист, «Як Ҳауз» дар толори маркази фарҳангии мавсум ба «Бохтар»-и Душанбе ахиран, намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандонро ба маъраз гузошт ва барои анҷоми ин пружа тадқиқоте оид ба ҳунармандони Помир гузаронда, асарҳои нодир ва анъанавии онҳоро барои ҳифз дар оянда ба қайд гирифт. Бино ба қавли манбаъ, лоиҳаи мазкур ба ҳунармандон имконият дод, ки таҷриба ва маҳорати ҳудро ба насли нави ҳунармандон бо тариқи курсҳои омӯзишӣ таҳвил диҳанд, то ин пайкари муҳими фарҳанги тоҷик барои таърих ҳифз шавад.
Манбаъ афзуд, «Бунёди сафирон барои ҳифзи фарҳанг» зиёда аз 640 лоиҳаи ҳифзи фарҳангиро дар зиёда аз 100 давлати дунё маблағгузорӣ кардааст. «Як Ҳауз» соли 2000 аз тарафи «АКТЕД» барои такмил додани мавқеи иқтисодӣ ва ҷамъиятии занони Мурғоб ва ҳифз кардани ҳунари анъанавии Помири Шарқӣ таъсис дода шуд. Аз соли 1992 то имрӯз мардуми Амрико тавассути сафорати ИМА дар Душанбе барои дастгирии рушди бахшҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон тақрибан 984 миллион доллар масраф кардааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр