Даъвати се созмони журналистӣ барои даст кашидан аз “рақобати беинсофона” дар давраи интихобот
Анҷумани миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон, Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз дахолат ба ҳаёти шахсии рӯзноманигорон изҳори нигаронӣ кардаанд.
Дар изҳороти мазкур, ки 16 феврал паҳн шуд, аз ҷумла гуфта мешавад: “Вақтҳои охир ҳамла ба журналистони мустақил дар намуди таъқиб, фишори равонӣ, паҳн намудани иттилооти ба ҳаёти шахсӣ алоқаманд дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида мегардад, ки ҳададфи онҳо дар назди ҷомеа бадном кардани онҳо мебошад”.
Ин се созмони журналистӣ мегӯянд, “одамон таҳти имзоҳои мустаор иттилоотеро истифода мебаранд, ки ба сирри шахсӣ ва касбии журналистон дахл дошта, шаҳодати ғайриқонунӣ дастрас шудани иттилооти истифодааш маҳдуд мебошад”. Дар изҳорот таъкид шудааст, журналистоне мавриди ин гуна ҳамлаҳо қарор гирифтаанд, ки худро ба тоифаи ашхоси озодандеш ва мустақил маҳсуб медонанд. Дар идомаи изҳорот, ки зери он Акбаралӣ Сатторов ва Нуриддин Қаршибоев имзо гузоштаанд, аз ҳамаи тарафҳои раванди интихобот даъват шудааст, “аз рақобати беинсофона" даст кашанд ва озодии баёни андешаҳо дар давраи интихобот дар Тоҷикистонро эҳтиром гузоранд.
Анҷумани миллии ВАО-и мустақил, Шӯрои ВАО ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз ҳукумати кишвар, Додситони кулл ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват кардаанд, ҳолатҳои зуҳури хушунат, тарсондан ва монеа эҷод намудан ба фаъолияти касбии ин ё он намояндаи ВАО-ро пешгирӣ намуда, таҳқиқи мунсифонаи марбути чунин ҳолатҳоро роҳандозӣ намоянд, то амнияти журналистон, махсусан дар давраи раванди интихобот, таъмин бошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |