Куштори ҳамқадаҳ барои “гаппартоияш” ба ҳамсар
Раёсати тафтишотии минтақаи Краснодар мегӯяд, шаҳрванди 58-солаи Тоҷикистон дар минтақаи Новотитари ноҳияи Динск дар куштори сокини маҳаллӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистон шоми 13 феврал бо ҳамкори маҳаллияш, ки дар фермаи хукпарварӣ кор мекардаанд, сари дастархон дар ҳолати мастӣ муноқиша намудаанд, ки бо куштор анҷомидааст. Ба иттилои мақомоти тафтишотӣ кушташуда дар ҳолати мастӣ ба ҳамсари шаҳрванди Тоҷикистон “таваҷҷуҳ” карда, "гап партофтааст": “Дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон рашк карда, бо корд якчанд бор ба сина ва шиками ҳамқадаҳаш зада, ӯро ба ҳалокат расондаст”. Муттаҳам дар пайи куштор корфармояшро аз ин ҳодиса огоҳ карда, баъдан якҷо ба пулис хабар додаанд.
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, феълан айбдоршаванда дар боздошт буда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |