Пешниҳоди бунёди масҷиди Путин дар Маскав
Мусулмонони Русия аз Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав хостаанд, барои бунёди масҷид қитъаи заминро дар ихтиёрашон бигузорад. Дар муроҷиатномаи “Кунгураи муттаҳидаи исломии Русия” омадааст, дар сурати бунёд шудани масҷид, он ба номи раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин гузошта хоҳад шуд.
Шавкат –ҳоҷӣ Авясов, раҳбари ин кунгура аз ҳамаи шаҳрвандони Русия ва созмонҳои динӣ дархост кардааст, аз ибтикори ӯ пуштибонӣ кунанд. Ба гуфтаи Авясов, Амрико ва кишварҳои Аврупои ғарбӣ ҷанги иттилоотиро бо мақсади бознигарии пайомадҳои Ҷангии Ҷаҳонии дуввум ва сиёҳ нишон додани хидмати Шӯравӣ роҳ андохтанд. Ӯ гуфтааст, “ин давлатҳо боиси эҷоди беназмӣ дар ҷаҳон мешаванд, талош мекунанд, бо зӯри силоҳ ва таҳримҳои иқтисодӣ демократияи худро, ки аслан масхараи имон ва шахсияти инсон аст, пиёда кунанд.”
“Мехоҳанд, ки имон ва муҳаббат ба Худо, ба некӣ ва адолатро аз дилҳои мо берун кунанд, талош мекунанд фарҳанги бузургтарин ва чандинасраи мардуми моро аз байн бибаранд”-таъкид кардааст Шавкат –ҳоҷӣ Авясов
Авясов иддао кардааст, дар ҳамин замони душвор барои Русия “мо бояд беш аз пеш раиси ҷумҳур Владимир Путинро пуштибонӣ кунем. Аз тасмими ӯ барои гирифтани Қрим ҳимоят кунем. Қрим қисме аз Русия буд, ҳаст ва барои ҳамеша хоҳад монд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |