Бахшҳо
15 фев 2015 11:09Ҳуқуқи инсон

Хушунат оиларо ба вайронӣ мебарад (ВИДЕО)

Рухшона ҲАКИМОВА

Оила асосиҷамъият аст. Ҳамон тарзе,ки иморат аз хиштҳо бунёд мегардад, асоси ҷамъиятрониз оилаҳо ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, агар оила солим бошад, ҷамъият низ рушд мекунад ва тарбияи насли наврас ҳам аз оилаи солим вобастагии хеле зич дорад.


Аммо вақтҳои охир масъалаи фурӯпошии оилаҳо дар Тоҷикистон ба яке аз мавзӯъҳои доғи рӯз табдил ёфтааст. Мутахассисон зиёд вайроншавии оилаҳоро дар ҷавон ба шавҳар додани духтарон ва зиёд будани муҳоҷирати меҳнатӣ рабт медиҳанд. Аксарият бар он назаранд, ки оилавайрониҳо дар байни ҷавонон гуноҳи падару модарон аст. Зеро онҳо ояндаи фарзандашонро фикр накарда, онҳоро ба шавҳар медиҳанд. Духтари ҷавони ба синни хонадоршавию оиладорӣ нарасида аз куҷо медонад, ки дар хонаи шавҳар чӣ хел муносибат кунад. Айнан ҳамин ҳолат бо қаҳрамони қиссаи мо иттифоқ афтод.

Мадинаи 17 сола (номи мустаор) мисли дигар духтарон орзуи дар донишгоҳи олӣ таҳсил карданро дошт. Ӯ муаллимаи забони англисӣ шудан мехост. Хуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд супорид ва аз имтиҳон гузашт. Вале падару модар ӯро аз тарси бешавҳар мондан ба хостгори аввалин маҷбуран ба шавҳар медиҳанд. Ҳарчанд ӯбарои оилабарпокунӣ омода набуд, аммо талаби волидонро рад карда натавонист.

Ҳафтаи аввали зиндагӣ дар хонаи шавҳар барои Мадина хуб гузашт. Ӯ акнун ба тақдир тан дода, худ ба худ мегуфт, ки ман соҳиби чунин хонаву дар, шавҳари хуб ҳастаму бояд ба зиндагӣ бо чашми нек нигарам. Аммо ҳафтаи дуюм, баъди рафтани шавҳараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ, зиндагии талх барои Мадина оғоз ёфт. Ҳарчанд шавҳараш мехост, ки ӯро бо худ бубарад, аммо хушдоманаш розӣ нашуда, даъво пеш овард, ки «Ман барои чӣ ин қадар хароҷот карда тӯй барпо кардам? Келин бояд хизмати хусуру хушдоманро кунад».

Мадинаи ҷавон ҳурмати хушдоманро гиромӣ дониста, барои дар хона мондан розӣ шуд. Инак рӯзҳо мегузашту аҳволи Мадина бадтар шудан мегирифт. Хушдоманаш ӯро хеле азоб медод ва ҳатто барои хӯрданаш ҳам таъна зада мегуфт, ки дар хона мешинаду боз аз ҳама бисёр мехӯрад. Баъди илтиҷои зиёди Мадина хушдоманаш розӣ шуд, ки ӯ ба назди шавҳараш ба Русия равад.

Мадина он замон аз хурсандӣ ба куртааш намеғунҷид.Ӯ ба назди шавҳараш рафт. Аммо хурсандияшдер давом накард. Шавҳараш дар Русия зан ва як духтарча доштааст. Шавҳараш Мадинаро ба назди хоҳараш бурда монду гуфт, ки акнун бо ӯ зиндагӣмекунад ва таҳдид кард, ки агар ба ягон кас зан доштани ӯро гӯяд,сарашро тарошида, овоза мекунад, ки на ӯ, балки Мадина хиёнат кардааст.



Мадинаи бечора аввал хост, ки ба падару модараш ин моҷароро нақл кунад, аммо аз тарси шавҳару хусуру хушдоманаш хомӯширо авло донист. Аз фикру андешаҳои зиёд ӯ ба бемории асаб гирифтор шуд. Шавҳараш тарсида, ӯро ба Тоҷикистон, ба хонаи падару модараш оварду гуфт, ки духтарашон худ ба худ ба касалии рӯҳӣ гирифтор шудааст ва дигар намехоҳад бо ӯ зиндагӣ кунад. Баъди табобатҳои зиёд Мадина сиҳат шуд, вале шавҳараш бо ӯ зиндагӣ карданро рад кард. Мадинаи 18 сола акнун хонавайрону саргардон монд. Тавре худи ӯ гуфт: «Баъди аз шавҳарам ҷудо шудан ҳама маро гунаҳкор дониста, гуфтанд, ки бояд сабр карда, зиндагиро пеш мебурдам ва ҷудо намешудам. Ман, охир, як сол тоқат кардам. Як рӯзи хурсандиро ҳам надидаам. Агар шавҳар накарда ба донишгоҳ дохил мешудам, шояд ба ин рӯзҳо гирифтор намешудам. Хушдоманам ба зиндагии мо бисёр дахолат мекард. Ҳатто ба Русия занг зада, огоҳ мекард, ки мабодо ҳомиладор нашавам, зеро вай то дер маро тоқат карданӣнест. Ман ҳайрон мешудам, ки агар маро намехост,чаро келин кард».

Ба андешаи Мадина, дар ҷомеаи имрӯзаи мо одатан занҳоро гунаҳгори вайроншавии оила медонанд: «Дар ҷомеаи мо ба зани аз шавҳар ҷудошуда бо чашми бад менигаранд ва гумон мекунанд, ки чунин занон аллакай бероҳагард шудаанд». Ӯ мегӯяд, ки бо чунин ҳодисаҳо зиёд рӯ ба рӯ шудааст.

Чудошавии оилаҳо ва мавриди хушунат қарор гирифтани занон ба ҳолати равонии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Тавре равоншинос Маҳмуд Кабирӣ мегӯяд, пеш аз оила барпо кардан ҷавонон бояд аз ташхиси духтур гузашта, аз маслиҳатҳои равоншинос бархурдор шаванд: "Муноқишаҳои оилавӣ ҷанбаҳои гуногун доранд. Масъалаҳои иҷтимоӣ, пулу мол, ба якдигар маъқул нашудан ва боз чанд омили дигар. Дар вақти оиладоршавӣ ҷавонон бояд натанҳо аз ташхиси духтур, балки аз назди равоншинос ҳам гузаранд. Бояд нозукиҳои хислати ҳамдигарро фаҳманд, то дар зиндагии ояндаашон ҷанҷолу муноқишаҳо рух надиҳад. Номуносибии психологӣ ба ҷангу нофаҳмиҳои гуногун оварда мерасонад. Дар натиҷаи ҷудошавии оилаҳо аксари занҳо ба бемории асаб ва касалиҳои гуногуни функсионалӣ гирифтор мешаванд. Масалан, дар Русия баъди ҷудо шудан зану шавҳар дар муддати 6 моҳ ба назди равоншинос мераванд, то ба ин чиз тайёр шаванд, мутаассифона, дар мо ин ҳолат ба назар намерасад”.

Дар Тоҷикистон, ки қисмати бештари аҳолиро мусалмонон ташкил медиҳанд, ҳар нафар бояд донад, киҷойгоҳи оила дар дини мубини Ислом баланд аст. Тавре сардори раёсати фатво Ҷамолиддини Хомӯшӣ мегӯяд, омилҳои ҷудошавии оилаҳо гуногунанд ва яке аз инҳо вуҷуд надоштани эҳтиром ба муқаддасоти оила, ошно набудан ба бузургии хонавода ва дахолати ноҷо аз ҷониби модарарӯс ё дигар аъзоёни хонавода ба ҳисоб меравад. Ба андешаи номбурда: "Баъзан мешавад, ки модарарӯс маслиҳатҳои муфид медиҳад, аммо тарафи муқобил – келин ва ё домод инро бо ғараз қабул мекунад, ки ин ҳам боиси хонавайронӣ мегардад. Як нафар аз хонаи худ ба хонаи дигар меравад ва ӯ хоҳ -нохоҳ ба мушкилот рӯ ба рӯ мешавад, чунки фазои хонаводаи ӯ дигар буду макони нав омадааш дигар. Дар ин муҳит бояд, ки сабру таҳаммул дошта бошад. Агар сабру таҳаммул кунад, умед аст, ки зиндагии онҳо хуб мегардаду якдигарфаҳмӣ мешавад. Вақте зиндагӣ хуб шуд, зану шавҳар ба якдигар эътимод пайдо мекунанду сайъ мекунанд, ки сабуру бахшанда бошанд”.

Ба таъкиди рӯҳонии тоҷик, талоқ дар дини мубини Ислом маҳкум карда шудааст ва беҳуда нафармудаанд, ки "талоқ арши Худоро меларзонад”:
- Дар ҳадиси пайғамбар алайҳиссалом омадааст, ки "никоҳ кунед ва талоқ накунед, чунки талоқ арши Худовандро меларзонад”. Дар ҳарҷомеае, ки талоқ зиёд шуд, дар он ҷомеа бадахлоқию фасод зиёд мешавад. Дини мубини Ислом дар масъалаи хонавода бисёр таъкид мекунад. Ҳатто талоқро бадтарин мубоҳот гуфтааст. Аз нигоҳи дигар, чӣ аз қонуни дунявӣ ва чӣ аз қонуни шаръӣ зиндагӣ маҷбурӣ нест. Хоҳ аз ҷониби шавҳар ва хоҳ аз ҷониби ҳамсар ҳамаро дини мубини Ислом озод гузоштааст. Инсон барои интихоб кардани бахти худ, рафиқи ҳаётии худ ихтиёр дорад. Ислом ҳатто барои маҷбур шавҳар додан ба ҳеҷ кас ҳуқуқ надодааст. Хуб мешуд, ки дар мактабҳои ҳамагонӣ дарсҳои ахлоқӣ омӯзонида шаванд, то ҷавонони мо, вақте ки хонадор мешаванд, муқаддас будани оиларо аз нигоҳи динӣ эҳсос кунанд.

Омили дигари вайроншавии оилаҳоро мутахассисон афзоиши муҳоҷирати меҳнатӣ мебинанд. Онҳо мегӯянд, ки аксарияти ҷавонони тоҷик умре дар муҳоҷиратанд ва дур будани зану шавҳар аз ҳамдигар боиси нобоварию нофаҳмиҳо мегардад. Дигар ин ки аксарияти мардони тоҷик дар Русия оила барпо мекунанд ва ин омилҳо низ боиси сар задани муноқишаву нофаҳмиҳо дар оила мегарданд.
Мӯҳр
Дар хакикат вайроншавии оилахо ай падару модр вобаста аст. Дар шахрхо ку кам шидагияй да дехахо мактаба ки тамом мекнан духтаро волидон тез ба шавхар метиян мабодо бе шу намонад гуфта. Волидон ба шумо мурочиат мекнем ояндаи фарзандора фикр кцнен...

Э дуругай хондани духтаро. Аз руи дини ислом гирем дузтар бояд да хона шинад. Бехуда фирдавсии бузург нагуфтааст.
Занонро бас аст хамин як хунар,
Ки шинанду зоянд шерони нар...
Так что кори зано да хона шиштану тарбияи фарзандон аст.

Эй чаппоти, ки гуфтааст, ки дар дини ислом духтар ояд дар хона шинад. Бе асос гап назан! Ба фикрам худат як бесавод. Чаппотичон барои бахс кардан аввал рафта хуб омуз.
googosh,

Бале, мушкили рузр барраси гаштааст. Чаноби "Чапоти" шумо бо кадом аклу бо кадом фаросат ин харфхоро мезанед? Магар зан, чавондухтар хонаду савияи донишашро баланд намояд ва яке аз онхо шояд дар оянда мураббии фарзанди худат гардад магар ин бад аст? Магар фарзанди туро ки меомузонад? Фирдавси дар асри 10 зиндаги карда. Акнун он замон то ин замон чи кадар фарк карда, аз замин то осмон. Зан агар даркор шавад хам фарзанд ба воя мерасонад ва хам корашро анчом медихад.

Уважаемый Чаппоти! То что вы написали про нашу Священную Религию Ислам это не правда. Не пишите без оснований. В нашей религии права женщин и девушек очень аккуратно защищены. И до сих пор много чего изменилось. Если вы считаете что девушка должна сидеть дома то подумайте какими вырастут ваши дети, ведь женщина прежде всего мама и жена! Если вы обсуждаете с точки зрения религии то вы должны знать что наша религия всячески поддерживает знание и людей которые действительно заинтересованы в учебе. И у женщины как и у мужчины есть свои права и достоинства. Поэтому пожалуйста сами почитайте несколько книг и поищите в интернете потом может и немного расширитель ваше мировозрение.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)