Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан мусобиқаи кушоди инфиродии ҷумҳуриявӣ оид ба намуди варзиши гӯштини камарбандии тарзи классикӣ байни ҷавонони аз 18 сола боло доир гардид.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», дар чорабинӣ дастаҳои Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон, аз ҷумла аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Мастчо,Ҷаббор Расулов, Шаҳристон, Ғончӣ, Исфара ва Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқа зиёда аз 89 нафар варзишгарон ширкат варзиданд, ки дар натиҷа варзишгарони вилоят ба гирифтани 5 медали тилло, 3 нишони нуқра ва 9 медали биринҷӣ сазовор гардиданд.{jathumbnail off}
Мӯҳр