Узбакистон Рӯзи Валентинро Рӯзи Бобур кард
Иқбол Мирзо, муовини раиси Иттиҳодияи нависандагони Узбакистон гуфтааст, ҳукумати кишвараш 14 февралро, ки ба унвони Рӯзи Валентин ё Рӯзи ошиқон ҷашн гирифта мешавад, Рӯзи Бобур эълон кард.
Ба қавли ӯ, «мо дар ин рӯзи барои фарҳанг ва диёнати мо бегона, рӯзи миллии шеър доир мекунем». Иқбол Мирзо гуфтааст, ҳукумати кишвар намехоҳад, ҷавонон ба қавли вай «кӯркӯрона» тақлиди оммавии фарҳанги бегона кунанд: «Ба ин хотир мо 14 февралро ба Рӯзи Бобур – рӯзи бовар ва ишқи муаддабона табдил додем».
Зуҳуруддин Муҳаммад Бобур (1483-1530) шоир ва муарриху ходими давлатии маъруфи Шарқ, подшоҳи Ҳинд ва Афғонистон аз хонадони Темуриён аст, ки 14 феврал таваллуд шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |