Бахшҳо

Ташвиши оҷонсӣ аз фасодкории мансабдорони ноҳияи Рӯдакӣ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо пахши як иттилоия омилҳои аслии ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ дар корхонаву ташкилот ва муассисаҳои ҳукумати ноҳияи Рӯдакиро эълон кардааст.

Ин ниҳод гуфтааст, дар пайи тафтиш ва таҳлили кормандони он муайян гардида, ки “сатҳи содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта аз тарафи кормандон ва шахсони масъули корхонаву ташкилот ва муассисаҳои тобеи ҳукумати иҷроияи ноҳияи Рӯдакӣ дар соли 2014 коҳиш наёфтааст ва ин вазъ ташвишовар мебошад”.

Ба қавли масъулини оҷонсӣ, интихобу таъйини нодурусти кадрҳо ва набуди назорати дохилиидоравӣ дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ боиси даст задани кормандони масъул ва раҳбарони корхонаву муассисаҳо дар ин минтақа ба ҷиноятҳои марбут ба коррупсия шудааст. “Омӯзиш ва таҳлили хавфҳои коррупсия дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишон дод, ки яке аз сабабҳои мусоидаткунандаи содиркунии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони масъул ва роҳбарони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои тобеи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ин интихоб ва ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар корхона ва муассисаҳои давлатӣ, дар сатҳи паст қарор доштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва ҳисси пасти масъулиятнокии онҳо, надонистани қонунгузории ҷорӣ оид ба муқовимат бо коррупсия мебошад”,- омадааст дар иттилоияи оҷонсӣ.

Бино ба хабари дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасоди молии кишвар, дар давоми соли 2014 аз ҷониби кормандони масъул ва роҳбарони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои тобеи ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ 9 ҷинояти коррупсионӣ содир шудааст: “Аз ин шумора, ду ҷиноят бо моддаи 245 (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) 3 ҷиноят бо моддаи 247 (қаллобӣ), 1 ҷиноят бо моддаи 319 (гирифтани пора), 1 ҷиноят бо моддаи 322 (хунукназарӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ва 2 ҳолат дигар намуди ҷиноятҳо мебошад”.
Мӯҳр
Аз барои худо ин гапхоро моён хамаамон медонем, ки натанхо дар ин нохия, балки дар дигар нохияхои чумхури (махсусан нохияхои наздики пойтахти давлат) дида мешавад, чунки дар мардуми моён як гуфтор аст, ки кулли омми батар. Яъне касоне, ки ба мансаб мерасанд гуё, ки аз боло карздор бошанд ва аз ин хол ба холатхои корупсионй даст зада аз рохбарони пешинаи ончохо мегузаронанд(махсусан даромад хуб ва бе харочоти калон фуруши замин ва мансабхои махалли). Барои хамин хар як кас бояд нафси худро нигох дошта тавонад, чунки бисёр нафси калон окибат ба беобруй ва шармандагй оварда мерасонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)