Бахшҳо

Хутба: ҲНИТ зидди ҳанафия ва шиагарой аст

Дар намози ҷумъа (13-уми феврали соли 2015) дар бархе аз масоҷид матне қироъат шудааст, ки дар он ба қавли муаллифони гумноми ин навишта «фаъолияти пасипардагӣ ва ҳиллаву найрангҳои ҲНИТ» арзёбӣ шудааст.

Дар ин навишта, ки матни онро торнамои ҲНИТ нашр кардааст, аз интишори матлаби Эшони Сироҷиддин (Сироҷиддин Абдураҳмонов), ки моҳи январи соли 2010 ҷурми пайравӣ ва таблиғи ҷараёни салафия (барангехтани кинаву адовати динӣ) равонаи зиндон шуда буд, истиқбол шуда, ин матлаб тафсиру дуруст хонда шудааст. Дар матлаби Эшони Сироҷиддин ҲНИТ созмони кори дасти неруҳои махсуси хориҷӣ ва берун аз Ислом хонда шудааст.

Ин ҳам дар ҳоле Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯзи 12 феврал зимни як суханронӣ тавассути шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон филми пешазинтихоботии ҲНИТ бо номи «Ҷанг ва сулҳ»-ро мухолифи қонун хонда, таъкид намуда буд, ки дар қонунгузории интихоботии кишвар таҳияи чунин филмҳо пешбинӣ нашудааст.

Ҳамчунин дар ин навиштаи зиди ҲНИТ аз суханрониҳои Ҳоҷӣ Мирзо иқтибос шуда, боздошти мушовири сиёсии раиси ҲНИТ, Ҷалолиддин Маҳмудро аз сӯйи мақомоти амниятии кишвар ёдоварӣ карда, хилофи сулҳу суботи кишвар номида шудааст: «Аз давраи сулҳи тоҷикон қариб 18-сол сипарӣ гаштааст, аммо ба ном "ҳомиёни дини мубини ислом” сатҳи болоии аъзоёни ҲНИТ ҳоло ҳам аз ниятҳои ғаразноки хеш даст накашидаанд. Дуруст мегӯяд Эшони Сироҷиддин, ки ҳизби исломӣ сохтани наҳзатиҳо маҳз барои пардапӯш кардани ғаразҳои сиёсию ифротгароияшон мебошад».

Ҳамчунин дар ин матн аз амалкардҳои Сатторов Маҳдихон бо лақаби "Шайх Темур”, руҳоние, ки Шабакаи авали телевизиони Тоҷикистон бо нашри як филм гуфта буд, ки ӯ худро "Имом Маҳдӣ” ва «пайғамбари охирзамон» меномад, интиқоди шадид шудааст.

Дар поёни ин матн наҳзатиҳоро мухолифи мазҳаби ҳанафия ва шиагаро дониста, бо хитоб гуфта мешавад: «Эй бародарони исломӣ! Фаромуш набояд кард, ки ғараз аз ин рафторҳои наҳзатиҳо теша задан ба пояи арзишҳои равияи ҳанафимазҳабиҳо ва тела додани суннимазҳабиҳо ба равияи шиамазҳаб аст».


Хутба: ҲНИТ зидди ҳанафия ва шиагарой аст


Хутба: ҲНИТ зидди ҳанафия ва шиагарой аст
Мӯҳр
интихобкунанда
Мухтарам! Шермухамади Шохиён! Магар дар Конститутсияи Точикистон тахкир ва тухмати як хизб дар вакти ташвикоти интихоботи он хам аз минбари масочид ва бо варакаи кумитаи маълум, пешбини шудааст? барои чи ин амали макомоти ХХДТ ва макомоти амниятиро тарики телевизион махкум ва гайриконуни эълон намекунед, магар риояти конун факат вазифаи ХНИТ асту мардуми одди???чаро хомуш хастед???

Равшанфикр
Ачоибиш дар он аст,ки аз номи Хочи Мирзо истифода карданд.

Sh-mail
Рост меган хами нахзатихора медонам шиа шидагиян хаму одамхое ки солхои 1992 апазиция будан то хозира ними халка шиа кардагиян. Пеши рохи инро гирифтан дар кор инхо пинхони корашона кардесан агар хукумат фахмида боша бисер хуб. Хозирам дер нашудаст!

ол
Sh-mail,

Хамин ту баринхо фарки шиаву сунниро мефахмида бошед? Ба фикрам дар вакташ мактаби миенаро бо бахо ду хатм кардаи. Боз аз шиаву сунни гап мезани.

Ба ХНИТ муваффакиятхои беназир мехохам.

ин сирочиддини салафиро ки озод кардааст?

Гумуш кнен ҳамин ҳизби наҳзата, тафриқаандозиаш ба ҳама малумай, боз чи тарафи ура мегирен. Мо мусулмон ҳастем басай, бо ҳозби исломи чи даркор?

Аробакаш
Аз минбари Худо бар зидди хизби поки исломи Худо латма задану сиёх кардану матни таёри тарафи мухолифро хондан аз руи бе диниву бе эмонист , вой Бар холатон . аз ХУДОИ РАХМОН битарсед то газаби сахти ХУДО бори шумо нашудаст.

110
Аробакаш,
БАРОДАР МУСАЛМОН ОН НЕСТ КИ ТАНХО ДАР МАСЧИД НАМОЗАША ХОНАДУ ТАМОМ МИСЛИ МАСЕХИХО!!! ГУФТИ МУСАЛМОНЕМУ БА МО ХИЗБ ДАРКОР НЕ!! БАРОДАРИ
АЗИЗ МУСАЛМОН АЗ ХАКИ ХУД БОЯД ДИФОЪ КУНАД. ХОЗИР ДАР ТЧ ТО 18 СОЛАРО МАСЧИД РАФТАНАШРО МАМНУЪ КАРДАНД КАНИ ХЕЗ МУСАЛМОНИТА НИШОН ТЕ! АВВАЛ ХУДО ДУВУМ НАХЗАТ БУД ВАГАР НА ИСЛОМ КАЙХО МАХВ ШУДА БУД ДАР ТЧ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)