Сину соли нафақаи сокинони Мурғоб поин оварда шуд
Бо қабули тағйирот ба қонун “Дар бораи нафақаҳои давлатӣ ва суғуртавӣ” сину соли нафақаи сокинони ноҳияи баландкуҳи Мурғоби Куҳистони Бадахшон поин оварда шуд.
Сафаралӣ Наҷмиддинов, раҳбари Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон аснои муаррифии ин иловаҳо дар ҷаласаи порлумон зикр кард, бар асоси тағйироти мазкур ба сокинони ноҳияи баландкуҳи Мурғоб ҳангоми расидан ба синни нафақа имтиёз пешбинӣ шудааст: “Агар дар гузашта мардони сокини ин ноҳия баъди 25 соли собиқаи кор метавонистанд нафақа бигиранд, акнун метавонанд бо доштани собиқаи 20-солаи кор соҳиби нафақа шаванд. Ҳамчунин барои занҳо бо даштани ҳамагӣ 15 сол собиқаи кор имтёзи нафақа дода мешавад, ки дар гузашта собиқаи 20-сола талаб мешуд”.
Ҳамчунин занони сокини Мурғоб, ки панҷ фарзанд дар тарбия доранд ва ё соҳиби фарзанди маъюбанд, навобаста аз собиқаи кор, тибқи ин имтиёзот метавонанд аз синни 43-солагӣ нафақа бигиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |