Абдулло Давлатов: Гумон надорам мақомот аз "ифротгаро" шудани ҷавонон нигарон бошанд

Алишер ЗАРИФӢ
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бештари ҷавонони тоҷик аз тариқи Русия ба сафи ҷангиёни ифротӣ дар Сурияву Ироқ мепайванданд. Дар зимн, хабарнигори “Озодагон” бо Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия суҳбате анҷом дод ва нахуст пурсид, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ аслан чи боис мешавад, ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ шомил гарданд?
Абдулло Давлатов: "Агар як ҷавони тоҷик дар Русия ба гуруҳи ифротие мепайвандад, пас бояд пурсид ки чаро? Тақдири ин нафарро чунин тасаввур мекунам: ҷавоне дар ватанаш хору бекор буд, омад то дар Русия як бурда нон пайдо кунад. Омаду дастгирие пайдо накард. Чун бори аввал ба мулке бо фарҳангу дини бегона омада буд, намедонист чӣ кор кунад. Агар ҷиноят содир накард, барои бенизомии санадҳояш ҳукм ба депорташ карданд. Фикр кард, ки Тоҷикистон баргардад ба ҳолаш механданд, ки ҳама дар Русия пул кор мекунанд, ин бошад "хилмош кашол баргашт". Пас, чун раҳгумзада ё ба доми гуруҳи ҷиноӣ ё ифротӣ меафтад. Магар метавонем гӯем, ки аз аввал ин ҷавон гунаҳкор буд? На!
Хулоса, муҳоҷирони корӣ ба гуруҳҳои ифротӣ шомил намешаванд, балки онҳоро бемасъулиятии баъзе масъулини ҳукумати Тоҷикистон ба он сӯ тела медиҳад".
Озодагон: Бемасъулиятии баъзе масъулини ҳукумати Тоҷикистон гуфтед, манзуратон чист?
Абдулло Давлатов: "Манзурам он аст, ки вазъи мушкили иҷтимоиву иқтисодӣ, фазои ногувори сиёсиву қавмбозӣ ва ғайра боиси он шудааст, ки ҳолати ҷавонгурезӣ аз Тоҷикистон шиддат гирад. Бахусус ҷавононе, ки мехоҳанд донишу малакаи худро дар самти илму ихтирокорӣ, касбу ҳунар амалӣ кунанд, аз душвориҳои рӯзафзун хаста мешаванд ва роҳи ҳиҷратро пеш мегиранд. Аслан, вазъи имрӯзаи Тоҷикистон ҳолати турбулентиро мемонад. Яъне, як гуруҳ бо суръати баланд бой мешавад ва аз шиддати суръати он атрофиён ба гирдбод меафтанду парешон мешаванд. Дар ин ҳолат, касе мешиканад, дигареро гирдбоди турбулентӣ фурӯ мебарад, сеюмиро чунон дур мепартоянд, ки ёфтанаш осон намешавад. Ин ҳолат ноумедии ҷавононро ба миён гузошта, ба пайвастани онҳо ба гуруҳҳои ифротӣ мусоидат мекунад".
Озодагон: Барои пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гуруҳҳои ҷиноятпеша Созмони Шумо чи корҳое кардааст ва ё бо сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин самт ҳамкорӣ доред?
Абдулло Давлатов: "Барномаҳои хосае дар самти пешгирии гароиши ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ надорем. Агарчӣ, худи чорабиниҳои фарҳангӣ, кӯмаки ҳадалимкони иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи созмонҳои ҷамъиятӣ, ин худ пешгирӣ аз корҳои номатлуб аст. Сафорат як корхонаи иҷрокунанда аст ва ҳамкориҳояш бо ҷамъиятҳои тоҷиктабор аз тарафи Тоҷикистон тарҳрезӣ шудааст. Аз ин ҷост, ки фақат бо ҷамъиятҳои мунтахаб ҳамкорӣ доранд. Шахсан бо мо ягон ҳамкорӣ ва ҳатто муносибат надоранд. Аагар хоҳанд ҳам, дар ин самт кори бисёре анҷом дода наметавонад, зеро имконоташон маҳдуд аст. Ва баъд мехоҳам як чизро таъкид кунам, ки имрӯз вожаи "ифротгароӣ"-ро мақомоти Тоҷикистон бар муқобили ҳарифони сиёсиашон низ истифода мекунанд, ки мо ба ҳеч ваҷҳ ба ин гуна тамғазаниҳо мувофиқ нестем. Диду назари мо дар ҳалли ин масъала аз гумонҳои ҳукумати Тоҷикистон фарқ мекунад. Мо амал ба пешгирии ифротгароӣ дорем, ҳукумат бошад, пайваста дар талоши худнамоӣ асту бас".
Озодагон: Метавонед шарҳ диҳед, ки чигуна вожаи "ифротгароӣ"-ро мақомоти Тоҷикистон бар муқобили ҳарифони сиёсиашон низ истифода мекунанд?
Абдулло Давлатов: "То ҷое медонам, ҳамон нафароне, ки аз Русия ва ё кишварҳои дигар рабуда мешаванд, бо тамғаи "ифротгаро" дуздида мешаванд. Ҳар боре дар ВАО мехонам, ки фалонии ифротӣ дар зиндони Тоҷикистон аст, хандаам меояд. Медонем, ки агар рӯзноманигоре, соҳибкоре, олиме ва ё ҳар нафаре, ки аз сиёсати ҳукумати феълӣ интиқод кард, ҳамчун ифротӣ ба феҳрасти ҷинояткорон ворид мешавад. Магар ҳамон наворҳое, ки оид ба рақибони сиёсии ҲХДТ дар расонаҳои электронии ҳукумативу наздиҳукуматӣ пахш мегарданд, гувоҳи кушиши сиёҳ кардани ҳарифони сиёсии ҳукумат нестанд?!"
Озодагон: Хабарҳо дар бораи ифротӣ шудани ҷавонони тоҷик дар Русия ба фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин кишвар метавонад таъсир гузорад?
Абдулло Давлатов: "Бо чунин шеваи кор албатта мушкилиҳои нав сари муҳоҷирони кории мо дар ин кишвар пайдо мешавад. Чунин туҳматзаниҳои масъулини Тоҷикистон ба дасти сохторҳои қудрати Русия калтаки нав медиҳад ва онҳо ба ҳамаи тоҷикон бо шубҳа менигаранду зулмро бештар мекунанд. Ҳатто сафорату намояндагони дигари Тоҷикистонро дар ҳолати ногувор мегузоранду барояшон мушкилоти нав эҷод мекунанд. Чаро ки дар пайи чунин хабарҳо ҳолати муҷозоти ғайриқонунии тоҷикон зиёд шудан дорад. Мутаасифона ҷониби Тоҷикистон ин мушкилоти рӯзафзунро саҳл мегирад ва гумон мекунанд, бо чунин мағлатазанӣ, ки гӯё ҷавонон дар муҳоҷират ифротӣ мешаванд, масъала худ ба худ ҳал мешавад, аммо чунин нест".
Озодагон: Гуфтаниед, мақомоти кишвар аз пайвастани ҷавонон ба гуруҳои ифротгаро чандон нигарон нестанд?
Абдулло Давлатов: "Гумон надорам, ки мақомот аз "ифротгаро" шудани ҷавонон нигарон бошанд. Ин вазъ барои талбидан ва дарёфт кардани силоҳу кӯмаки техникии ҳарбӣ, қарзҳову кӯмакҳои пуливу молӣ шароит фароҳам меоварад. Албатта, агар ҳукумат мардумӣ мебуд ва фикри тоҷику Тоҷикистонро мекард, кадрҳои арзандаро гирд меоварду барномаҳои амалишавандаро қабул мекард, барои мардум шароит фароҳам меовард ва барои ободии воқеии Ватан талош мекард. Аммо, чуноне гуфтам, ҳоло дар ҳолати турбулентӣ қарор доранд, ки хеле хатарнок аст".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |