Бахшҳо
16 фев 2015 08:36Тоҷикистон / Сиёсат

Мавлавӣ Маҳмуд: “Ҳар миллатеро хоҳанд, ки аз байн баранд, ҳизбҳои бисёр ташкил мекунанд”

Мавлавӣ Маҳмуд, узви Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон низ зидди бисёрҳизбӣ дар намози ҷумъа баромад кард.

Ӯ рӯзи 13 феврал дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ташкили аҳзоби зиёдро кори дасти онҳое хонд, ки қасди аз байн бурдани миллатро доранд: “Ҳар миллатеро хоҳанд, ки аз байн баранд, ҳизбҳои бисёр ташкил мекунанд.”

Ба гуфтаи оқои Маҳмуд, гӯиё дар кишварҳое, ки аҳзоби зиёд фаъолият доранд, ҳамдигарнофаҳмию тафриқа ҳукмфармост: “Бовар кунед, дар ҳамон давлатҳое, ки ҳизб бисёр аст, ду бародари мусулмонро мепурсӣ, ки чӣ орзуву ҳавас доред, мегӯянд, як бор ҳамсояи худро бубинаму аз аҳволу саломатияш пурсупос кунам. Ва вақте мегӯӣ чи чиз сади роҳи салом кардани ту бо ҳамсояат мешавад, дар ҳоле ки Ислом ба он иҷоза додааст, мегӯянд, “Домулло ту намефаҳмӣ, ӯ аъзои дигар ҳизб ҳаст, ман аъзои дигар”. Ин гуруҳбозӣ аз Исломи азизи мо нест.”

Баромади як узви Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон зидди бисёрҳизбӣ дар ҳолест, ки бархе аз чеҳраҳои мазҳабии тоҷик низ қаблан ба ин нукта ишора карда буданд. Абдураҳим Каримов, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки ахиран озими Русия шуда буд, дар як суҳбати ихтисосӣ бо медиахолдинги "TAJINFO" ба ин мавзӯъ дахл кард. Абдураҳим, ки аз худ яке аз асосгузорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ном мегирад, изҳор дошт, “Ислом моро даъват мекунад, ки як ҷамоат бошему ба ҳизбу ҳаракатҳо ҷудо нашавем. Ҳизбу гуруҳ сохтан аз Ислом нест. Ман бешак яке аз асосгузорони ҲНИТ дар минтақаи Хатлон будам, аммо дар хориҷ гашта фаҳмидем, ки ин ҳизб ба манфиати ҷомеаю мусалмонон нест ва аз он даст кашидем.” Ӯ дар идома афзуд, “5 сол дар Афғонистон будем. Дар ин кишвар зиёда аз 80 ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ буданд, ки забони якдигариро наёфтанд. Донишмандону афроди огоҳи Афғонистон гуфтанд, хориҷиҳо то ҳизбҳои исломӣ насохтанд, байни мо ҷанг андохтан натавонистанд. Ҷанг аз ҳизбҳое сар шуд, ки бо номи Ислом душманҳои Ислом сохтанд.”

Аз сӯи дигар, Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Маркази исломии Тоҷикистон низ дар як хутбаи намози ҷумъа сабаби нооромии баъзе аз кишварҳо ва авҷ гирифтани задухӯрдҳои мазҳабӣ дар онҳоро бисёрҳизбӣ ва бисёрмазҳабӣ дониста, аз сокинон, аз ҷумла ҷавонон даъват кард, ба сухану ҳарфҳои ноширони “наворҳои ҳархела” гӯш надиҳанд ва дар хидмати падару модари худ бошанд, ки паёмбар (с) ризогии Худовандро дар он хондааст: “Ин ҳама бисёрравиявию бисёрмазҳабӣ ва бисёрҳизбӣ, ки ба миён меояд, барои мову шумо баръало равшан аст, ки болои мардум фитнаҳо эҷод мекунанд ва бо гумроҳ кардани бархе аз нафрон дар мағозаву бозорҳо таркишҳо ба миён меоранд. Барои мову шумо зарур аст, аз ин ҳизбу равияҳо худро канор гирем.”
Мӯҳр
Tojik
Ин Махмуд дар кучо дидааст, ки намояндагони хозбхои гуногун бо хам гап намезадаанд? Мардумро ахмак накунед.

Яъкуб. Душанбешахр.
Баръакс! Дар кадом давлате Хизби кам хаст кашшоки хаст.Як бор Давлатхои пешрафтаро бинед чи кадар хизбхо дорад. Дуввум онки дар Точикистон хизбхои зиёд нест! танхо ду хизб хаст ХХДТ ВА ХНИТ агар гуед боз шаш хизби дигар хаст хато мекунед, зеро он хизбхоро худи Хукумат ташкил кардааст. Мешавад гуфт ин хам хар чи ХХДТ чизе гуяд инхо хам бале бале мегуянд.

"Гар масалмони хамин аст, ки Махмуд дорад,
Вой гар аз пайи имруз бувад фардое"

Ин кадар Мавлави зиёд шуда, аммо мо як Мавлавиро мешиносем, ки алайхуррахма МАвлоно Чалолуддини Балхи аст!

впаыв
Ин ба ном мавлавиро мачбур кардан лозим аст, ки Конституция и Точикистон ва Конун дар бораи хизбхои сиесиро омузад. Гапхои зиддиконституциони зада истодааст. Хохишмандам нисбаташ парвандаи чинои кушоед.

Олист. Кар хам зад, кур хам зад пасмонда кулух хам зад.

Озодандеш
Аз озодагон хохиш мекунам,ки номи инро дигар мавлави гуфта чоп накунед.

хичоб пуши мань,то18-сола масчит равтан мань,дар чойхои чамьияти намозхони мань,...-яьне ки хизби хоким конунхои зидди исломро кабул кардан гирад.хизби мухолиф лозим нест...

Ин хизбхои бисёр ба ки даркор Домулло рост мега инхо хамааш чангандоз хастанд чанги Украина хам аз сари хамин хизбхо сар шуд хамаатон медонед монед хамин мардум ором зиндаги кунад. Хубии шумо ба ягон нафар намерасад,акалан гандаги накунед пеши Аллох чи чавоб мегуед фардо рузи Киёмат.Аз Рохбари Давлат хохиш дорем ки масъалаи хизбора бинад ки ягон балора басар мебаранд,умедворем аз Рохбари Давлат ки чораи инхоро мебинад.

чинди
Чии??? Ту гуфтан мехохи Хизби аграрию ислохоти иктисодиро бархам занем??? Инхо бисёр "хизмат" кардаанд! Агар инхо набуданд, "вай" набуд, агар "вай" набуд, ту имруз набуди!

беном
Хуб мешуд хамин ХНИТ ба манфиаи чомеаву ва ояндаи чамъият хизбшона бархам медоданд....

Мавлавӣ
Мавлавӣ Озодагон, унвони шумо ҳам муборак. Мавлавӣ Руми зинда шавад номша иваз мена. Камтар шарм доред. Ба хоната нарасидаи суханони кампиронаи ин мавлавиҳоро шоҳасар карда чоп мени....ба аму пуле мегири меарзида бошад ин қадар чоплусӣ, мардакчавори чоп кунтон агар озодагонедтон...

Дар якчанд давлатҳои дунё ҳизбҳои сиёсӣ ташкил карда шуданд, баъзеашон ба сари қудрат омаданд чи шуд? Ғайр аз парокандашавии миллат ва ҷангу ҷидол дигар ҳеҷ чиз. Ин гунна ҳизбҳои сиёси ба амнияти давлату миллат хатар доранд. Онҳоро давлатҳои хориҷа роҳбари мекунанд гӯем ҳам хато намекунем.

Сад дар сад рост аст. Яке аз тарзхои асосии ба даст голиб шудан ба душман тафрика андозу хукмрон бош. Ин усулро Амрико Русия Англия Фаронса бо хуби истифода мебаранд. ё ба руси разделяй и властвуй. Ин бисёрхизби аз мо нест . Мардуми мо бо ин минталитет ба Шох ниёз дорад ба якахизби ниёз дорад. Аммо як чиз аст. Дар холати якахизби ракобат нест мешавад яъне ба таври лахчави пешкунакон нест мешавад конкуренсия нест мешавад Ин боиси карах шудани пешравии давлат мегардад. Хулоса ХАМИН КИ МИСЛИ Америка бояд ракобат миёни ду хизбе бошад ки хар ду хостгори рушди чомеа мебошанду дар асл як манбаъ мебошанд.

сино
Хайр хизб ки даркор набошад пас аз ХХДТ бархам доданро сар кунедю Шумо дар никоби мулло аз номи Аллох дар хизмати призидент ба манфиати Рамонов гап мезанед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)