Истиқболи Иттиҳодияи Аврупо аз гармшавии муносиботи Тоҷикистону Узбакистон

Сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, гармшавии муносиботи Тоҷикистону Узбакистон шароити мусоидро барои ҳалли масоили Роғун эҷод мекунад.
Хидайет Бишчевич дар як суҳбат ба CA-News гуфтааст, “умедворам, гармшавии муносиботи Тоҷикистону Узбакистон, ки дар пасманзари нишасти охирини созмони ҳамкориҳои Шонгҳой эҳё шудаанд, ба тақвияти минбаъдаи рушди дуҷонибаи ин кишварҳо бошад. Бояд аз ин муносибат ҷонибдорӣ кард, ки шароити муносиберо барои ҳалли масъалаи Роғун ба вуҷуд меоварад”.
Ӯ гуфтааст, Иттиҳодияи Аврупо омодааст, бо таҷриба ва донишҳои худ дар ин самт ёрӣ намояд.
Неругоҳи барқи обии Роғунро, ки Тоҷикистон дар рӯдхонаи Вахш бо иқтидори истеҳсоли 13,3 кВт.с. неруи барқи солона месозад, дар сурати анҷоми сохтмон бо садди 335 метра баландтарин садд дар ҷаҳонро хоҳад дошт. Узбакистон то кунун ба сохтмони ин НБО мухолифатҳои шадиде нишон додааст.
Истиқболи сафири Иттиҳоди Аврупо аз гармшавии муносиботи Душанбеву Тошканд дар ҳолест, ки ахиран Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба ҷониби Узбакистон аз тариқи намояндаи дипломатии ин кишвар дар Душанбе пешниҳод кард, бояд рафтуомади шаҳрвандони ду ҷумҳурӣ бидуни раводид анҷом шавад. Ҳамчунин интизор меравад, миёни Тоҷикистону Узбакистон парвози ҳавопаймоҳо аз сар гирифта шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |