Кабирӣ хостори мулоқот бо донишҷӯёни номанависи Суғд шуд
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ирсоли як нома аз ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хостааст, барои мулоқот бо раиси ҳизб -- Муҳиддин Кабирӣ мусоидат ва иштироки 150 донишҷӯро бо як толор фароҳам кунад. Ин нома бо имзои Мирзоқул Ҳоҷиматов, раиси бахши ҲНИТ дар маркази вилоят унвонии раиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Ғафуров ирсол гардидааст.
Дар ин нома гуфта мешавад, Кабирӣ дар доираи як сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар мекунад ва хоҳиш дорад рӯзи 16 феврал бо донишҷӯён мулоқоти озоде дошта бошад. Дар он таъкид шудааст, ки ин мулоқот дар чорчуби маъракаи пешазинтихоботӣ сурат гирифта, устодони донишгоҳ низ метавонанд иштирок намоянд
Ин пешниҳоди ҲНИТ дар ҳолест, ки 6 январи соли равон торнамои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд матлаберо бо номи "Мактуби кушода аз номи 8657 нафар донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии вилояти Суғд ба раиси ҲНИТ" нашр кард. Дар ин мактуб, ки баъдтар дар расонаҳои давлатӣ ва торнамоҳои мақомоти дигар низ нашр шуд, донишҷӯён аз Кабирӣ хоста буданд, аз ҲНИТ даст кашад ва онро барҳам диҳад. Дар ин нома, ки ҷониби ҲНИТ онро навиштаи мақомот унвон кард, вале ба иддаои муаллифонаш, аз номи “8657 нафар донишҷӯёни муассисаҳои олии вилояти Суғд” мебошад, аз ҷумла гуфта мешуд: “Ҳар ҷое як террор, куштор ва ё ҳодисаи таркишу харобкорӣ ба вуқуъ меояд, ҳатман дар он ҷо изи ислом ва мусулмон дида мешавад. Шумо шояд ҷавоб диҳед, ки ин инъикоси яктарафаи ҳодиса аз ҷониби расонаҳо аст. Лекин ҳодисаҳои чанд моҳи охир баёнгари он ҳастанд, ки дар ҳақиқат исломи сиёсӣ барои ҷомеа хатарофар аст. Бубинед дар ҳодисаҳои «Баҳори Араб»-ро, ки ба мардуми ин Тунис, Миср, Либия ва дигар кишварҳои ин минтақа чи қадар харобӣ овард ва ё ҳамсоякишвари мо Афғонистонро, ки зиёда аз 35 сол боз дар вазъияти носубот ва беамнӣ қарор дорад. Ин ҳама натиҷаи сиёсӣ гардидани дини ислом аст.”
Раиси ҲНИТ баъди нашри ин нома гуфта буд, омода аст бо ин донишҷӯён, агар дар ҳақиқат муаллиф худи онҳо бошанд, мулоқот ва гуфтугӯ намояд ва агар собит кунанд, ҲНИТ хилофи манфиатҳои миллӣ аст, аз он даст мекашад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |