ВИДЕО: Рӯзи ошиқонро ҷашн мегиред?

Назари сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон ба Рӯзи Валентини муқаддас ё Рӯзи ошиқон, ки ҳамасола 14 феврал таҷлил мешавад, якгуна нест. Бархеҳо мегӯянд, онро ҷашн мегиранд ва аммо қисме онро “иди бегона” мехонанд.
Хабарнигори “Озодагон” аз чанд нуқтаи туҳфа ва гулфурӯшӣ дидан карда ва ин мавзеъҳоро серодам дарёфт. Бо вуҷуд харидорон аз ба фурӯш нарафтани туҳфаву гулҳо шикоят карданд. Як фурӯшандаи гузаргоҳи зеризаминии назди Фурушгоҳи марказӣ гуфт, имсол дар қиёс ба солҳои қаблӣ хариди туҳфаҳои марбут ба Рӯзи ошиқон кам шудааст. Ӯ яке аз сабабҳо ба буҳрони молӣ гуфт: “Сабаби дигар мазҳабитар шудани ҷомеаи кишвар аст”.
Зимнан, хабарнигори “Озодагон” аз роҳгузарон пурсид, ки Рӯзи Валентин ё ошиқонро таҷлил мекунанд? Посухи бештари ҷавонон “не” буд. Онҳо мегӯянд, дар суннати мо ин ид набуд ва он як ҷашни “бегона” аст. Дар ин баробар афроде ҳам буданд, ки мегуфтанд, ин санаро ҷашн мегиранд.
Зулфиқор Ҷонмардов, як ҷавони тоҷик ин санаро расми ғарбию масеҳӣ унвон карда, гуфт, бо даъвои баъзеҳо, ки мегӯянд, он фаротар аз масеҳият аст розӣ нест: “Ин ҷашн ба менталитет ва фарҳанги мо рост намеояд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |