Подшоҳи Арабистони Саъудӣ эълом кард, ки занон аз ин ба баъд дар ин кишвар аз ҳаққи раъй додан дар интихоботи шӯроҳои шаҳрӣ бархӯрдор мешаванд.
Малик Абдуллоҳ ин нуктаро зимни ироаи як паёмаш ба мардуми Арабистони Саъудӣ баён дошта афзуд, ҳамзамон бонувони араб ҳуқуқ доранд, ки ба узвияти Маҷлиси Шӯрои Арабистон пазируфта шаванд.Ин тасмими подшоҳ ба истиқболи гарми ҷомеаи кишвар рӯ ба рӯ шуда, фаъолони ҳуқуқи инсон қарори мазкурро гоми ҷиддӣ дар пешрафти кишвар эълом доштанд.Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ Малик Абдуллоҳ дар шарҳи тасмими ахираш гуфтааст, чун мо ҳозир нестем тибқи қавонини шариат занонро дар тамомии нақшҳои ҷомеъа ба ҳошия биронем, мо баъд аз машварат бо уламои аршад ва дигарон тасмим гирифтаем, ки аз давраи баъдӣ занонро ба унвони узв дар Маҷлиси Шӯро пазируфта бошем, занон қодир хоҳанд буд, ки ба унвони номзад дар интихоботи шӯроҳои шаҳрӣ ширкат кунанд ва ҳатто аз ҳаққи раъй дар ин интихобот бархӯрдоранд.{jathumbnail off}
Мӯҳр