АКС: Медали нуқраи Хушқадам Хисравов дар Минск
Хушқадам Хусравов, паҳлавони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дараҷаи “А” барои ҷоизаҳои Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус мақоми дувумро соҳиб шуд.
Хушқадам Хусравов аз шаҳри Минск тавассути телефон ба “Озодагон” гуфт, ӯ дар вазни 62 кило нишони нуқраи ин сабқатро ба даст овард. Ӯ мегуяд, намояндаи дигари Тоҷикистон -- Ардашер Исмоилов дар вазни 52 кило мақоми савум ва медали биринҷиро ба худ ихтисос дод.
Дар мусобиқаи мазкур, ки аз 11 то 13 моҳи феврал дар шаҳри Мински Белорус доир шуд, Тоҷикистонро панҷ варзишгар намояндагӣ кард.
Хушқадам Хусравов аз варзишкорони варзидаи Тоҷикистон буда, соли гузашта барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо дар Ҷопон шуд. Ҳамчунин Хушқадам қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо миёни наврасон ва чаҳор карат қаҳрамони Осиё дар ин ришта мебошад.
Хушқадам Хусравов, ки ғолиби чандин мусобиқоти дигари сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, соли гузашта дар даҳгонаи беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон ворид шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |