АКС: Ҳабси амволи Гулнора Каримова дар Фаронса
Бо қарори Додгоҳи Фаронса амволи Гулнора Каримова, духтари бузурги раиси ҷумҳури Узбакистон ва Рустам Мадумаров, яке аз дӯстони ӯ ҳабс шудааст.
Нашрияи фаронсавӣ “Либерасон” навиштааст, ҳукми додгоҳ ба қасре дар наздикии Париж, театри шахсии опера ва балет, боғ ва як саисхона иртибот дорад, ки арзиши он дар маҷмӯъ 28 миллион евро гуфта мешавад. Илова бар ин ба иттилои нашрия манзиле бо қиммати 20 миллион евро дар маркази Париж ва бустонсарое дар шаҳри Сен-Тропе, ҷануби Фаронса низ ҳабс шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, EurasiaNet мегӯяд, дороиҳои мазкур гӯиё ба ширкатҳои “Studio Invest”, “Invest Service Group” ва “Ruby International” мутаалиқ будаанд, вале тафтишот муайян кардааст, соҳиби аслии онҳо Гулнора Каримова мебошад. Ба иттилои муфатишон Гулнора Каримова ин амволро аз пули ширкатҳои мухобиротиаш дар Узбакистон ба даст овардааст. Даромади ин ширкатҳо дар солҳои 2007-2010, 324 миллион доллар ҳисоб шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |