Мавлавӣ Маҳмуд: Аз Шайх Темур се сол пеш хабар дода будем

Мавлавӣ Маҳмуд, узви Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон қазияи Шайх Темур, қаҳрамони филми мустанади “Ривояти Шайх Темур”-и Шабакаи аввали телевизиони давлатии кишварро мусибат хонда, гуфт, онҳо аз вуҷуди ин гуна шахс ҳанӯз соли 2012 хабар дода буданд.
Ӯ ки 13 феврал дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар намози ҷумъа мавъиза мекард, изҳор дошт, “соли 2012 Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфта буд, тариқаи пешгирифтаи ин шахс барои ислоҳи мардум комилан ғалат аст ва мардум набояд аз ӯ итоат кунанд.”
Мавлавӣ Маҳмуд дар идома аз сокинон даъват кард, ба гуфтаву фармудаи руҳониёне гӯш бидиҳанд, ки шаҳодатномаи фориғутаҳсилии ягон таълимгоҳи расмӣ, аз ҷумла Донишкадаи исломии Тоҷикистонро дошта бошанд: “Исломро аз инсонҳое бипурсед, ки онҳо санад доранд ва дар Донишгоҳи исломии Абуҳанифа таҳсил кардаанду ба эшон шахсони муътабар дарс гуфтаанд. Ростӣ, ҳамчун корманди Маркази исломӣ ин чизҳоро барои худ мусибат медонем ва ҳар шабе, ки тавассути телевизион ингуна барномаҳоро мебинам, субҳ ба нақлиёти мусофирбар (маршурутка) намешинам, чун фикр мекунам, маро бубинанд, мегӯянд, ин ҳам яке аз онҳост.”
Суҳбати Мавлавӣ Маҳмуд дар бораи Шайх Темур дар ҳолест, ки гуфта мешавад, дар дигар масоҷиди ҷомеи Душанбе низ ҳангоми хутбаи намози ҷумъа ба қазияи ӯ ишораҳо шудааст. Таваралӣ, як намозгузори масҷиди “Имом Бухорӣ”-и ноҳияи Шоҳмансур мегӯяд, имом-хатиби онҳо низ аз қазияи “Шайх” ёдоварӣ кард ва аз сокинон хост, пайрави руҳониёни воқеӣ бошанду ба доми ба гуфтаи ӯ “авлиёҳои худхонд” наафтанд: “Аммо ӯ гуфт, мусалмонон бояд пешвоёни динро эҳтиром бигузоранд, аммо то ҳадди мумкин”.
Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6 феврал филми мустанадеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод, ки аз мардумфиребиҳои Сайидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” нақл мекард. Таҳиягарони ин филм гуфтанд, Сайидмаҳдихон Сатторов соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, то соли 2012-ум номи ӯ Темурхон будааст: “Аммо охири соли 2011 ва аввали соли 2012 худро миёни муридон “Маҳдии охирзамон” гуфта, номашро расман Саидмаҳдихон Сатторов кардааст.”
Ӯ як шахси соҳиби маълумоти нопурра муаррифӣ шуд, ки дониши нахустини диниро аз падараш омӯхта ва худро миёни мардуми водии Ҳисор “авлиё”, “шайх” ва “имом Маҳдӣ” гуфта, духтарони ҷавонро ба никоҳаш медаровардааст. Дар ин гузориши телевизионӣ ба дороиҳои Сатторов низ ишора гардида таъкид шуд, аз ҳисоби муридонаш соҳиби молу мулк шудааст. Муридон ба ӯ то ҳадде ихлос доштаанд, ки молашонро тақдим мекардаанд, мошинашро мебӯсидаанд ва оберо, ки шайх дар он даст мешустааст, бо навбат менӯшидаанд. Муридонаш, ки дар пайравӣ ба ӯ саллаи кабуд мебастаанд, миёни мардум ҳамчун “саллакабудҳо” маъруф будаанд. Муридон нафаронеро, ки барои ба зании “шайх” додани духтарони ноболиғашон розӣ намешудаанд, бо он тарс медодаанд, ки “авлиё” дуои бадашон мекунаду ба балое гирифтор мешаванд. Ба иддаои таҳиягарони филм, “Шайх Темур” соҳиби 7 зан ва 20 фарзанд буда, бештари занҳояшро дар синни 15-18 солагӣ ба никоҳ даровардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |