Дар ҳоле, ки то интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳамагӣ 15 рӯзи дигар мондааст, аммо як фазои ҷиддии пешазинтихоботӣ дар кишвар эҳсос намешавад. Дар робита “Озодагон” аз чанд соҳибназар ва коршинос суол кард, САРДИИ ФАЗОИ ИНТИХОБОТИРО САБАБ ЧИСТ?
Усмон СОЛЕҲ, сухангӯи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон
Ҳоло баъзан доираҳе ҳастанд, ки мехоҳанд фазои пешазинтихоботӣ бисёр тезутунд бошаду баҳсу мунозираҳо шавад, лекин ман фикр мекунам айни ҳол фазо хуб аст. Аҳзоби сиёсии кишвар феълан дар марҳилае қарор доранд, ки ба паҳн кардани варақаву маводҳои тарғиботияшон машғуланд. Масалан, Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон аллакай ҳудуди 80 то 100 ҳазор нусха варақаҳои таблиғотӣ ва ҳам барномаи мухтасари ҳизбро дар шакли плакат тайёр карда, паҳн кард. Фақат Дастгоҳи ҳизб ин корро анҷом додааст, боз дар тамоми минтақаҳо ташкилотҳои ҳизбро дорем, онҳо низ ҳудуди 20 то 50 ҳазор чунин чизҳоро тайёр карда истодаанд. Фикр мекунам дар мавриди фазои пешазинтихоботӣ ягон хел нигаронӣ бояд набошад. Ҳизби мо то ҷое имкон аст, омодагӣ дорад ва дар мулоқот ва баҳсу мунозираҳо ширкат мекунад, ягон хел оромиву хомушӣ нест. Чи хеле ки мегӯянд, он тезутунде, ки дар кишварҳои хориҷӣ мешавад, дар он шакл дар мо ҳоло қобили қабул нест.
Абдумалик ҚОДИРОВ, коршиноси маҳаллӣ
Аз рӯи мушоҳидаҳои ман, интихоботи имсола яке аз “хомӯштарин” интихоботҳоест, ки таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол дидааст. Ва сабаб ин ҷо на дар он аст, ки мардуми тоҷик ҷонибдори тағйирот дар ҳаёти худ нест, баръакс, мардум ташнаи чунин тағиротҳост. Сабаб дар он аст, ки мардум ба рух додани чунин тағирот бовар надорад. Бовар надорад, ки бо роҳи демократӣ, тариқи интихобот чизе метавонад иваз шавад. Яъне, аксарият идеяи “намоишӣ” будани интихоботро қабул кардаанд, ки ин хеле бад аст. Баъдан, ҳамин “сардии фазои интихоботӣ” худ як намуди муборизаи пешазинтихоботӣ аст, ки ба манфиати ҳизби ҳоким кор мекунад. Яъне, “на ман ҳаракат мекунаму, на ту ҳаракат кун; бигзор он чӣ ҳаст, ҳамон монад”. Ва дар натиҷа, ҳизби ҳоким, бе ягон кӯшиши зиёдатӣ, боз “ғалаба ба даст меорад”. Стратегияи олӣ.
Парвиз МУЛОҶОНОВ, сиёсатшинос
Ин аз он дарак медиҳад, ки аллакай ҳамагон мутмаинанд, ки натиҷа маълум аст ва боварӣ доранд, таркиби парламенти оянда аз парламентӣ ҳозира фарқияти зиёде нахоҳад дошт, бинобар ин фаъол нестанд. Ҳизбҳои сиёсӣ низ ба назари ман дар ҳамин фикр ҳастанд, яъне онҳо низ боварӣ доранд, чандон дигаргуние намешавад ва таркиби парламенти кишвар дар шакле, ки ҳоло аст, боқӣ мемонад.
Шодмон ЯТИМОВ, интихобкунанда
Дар умум фазои интихобот то ҷое сард ба назар мерасад. Албатта дар омодагӣ ба интихоботи имсола назар ба панҷ соли пеш дигаргуниҳо дида мешавад ва ҳатто дар ин самт пешравиҳо вуҷуд доранд. Аммо ин ҳама пешрафтҳо дар чанд ҳизби то ҷое фаъол ба мушоҳида мерасад. Албатта ҳизби ҳоким ҳар чи ки аз ҷониби давлату ҳукумат карда мешавад, ҳамчун фаъолияти ин ҳизб ба мардум муаррифӣ мекунанд. Аммо ҳизби дувуми фаъол ба назари ман ин Ҳизби наҳзати исломӣ аст, ки имсол аз шеваҳои нави таблиғ кор мегирад ва ҳатто ба фарқ аз дигар ҳизбҳои сиёсӣ шиору овезаҳо ва варақаҳои таблиғотии худро ба мардум дастрас мекунанд ва ҳатто имсол аз шеваи нави таблиғот ба воситаи видеосабтҳо ё худ роликҳо дар интернет истифода мекунад. Ин шеваи кор ба ғайр аз ҳизби ҳокиму ҳизби наҳзат дар дигар ҳизбҳо дида намешавад. Сардии дигар ҳизбҳо аз он дарак медиҳад, ки онҳо хуши дар интихобот фаъол буданро надоранд ва шояд эҳсос кунанд, ки тавони ба даст овардани як курсиро ҳам надоранд ва намехоҳанд худро ташвиш диҳанд. Чун аксари ин ҳизбҳоро дар матбуот ба истилоҳ “ҳизбҳои кисагӣ” ҳам мегӯянд. Бехушии аҳзоби сиёсиро ба назар гирифта метавон гуфт, ки шояд мардум ҳам он қадар рағбати воқеан интихоб карданро надошта бошанд.
Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, таҳлилгар
Ин дуруст мисли ҳамон афсонае аст, ки нафаре чанд бор бо фарёд мардумро ҷамъ кард, ки хонаам сӯхт, аммо дурӯғ мегуфт. Билохира касе ба фарёдаш бовар накард. Мардум ҳам дигар ба даъвои "Интихоботи шаффоф!" бовар надорад ва ба ин фарёд бо тамасхур менигарад. Баъдан, фишорҳои гушношунид болои иштирокчиёни интихобот - аъзои ҳавзаҳову номзадҳо ба вакилӣ, онҳоеро, ки як каме умед доштанд, шояд буҳрон ва вазъи нигаронкунандаи сиёсӣ ҳукуматро водор ба гузашт кунад, дилсардтар кардааст Агар кушишҳои ҲНИТ набуд, шояд аслан касе аз интихобот намегуфту баъди баргузор шуданаш огоҳ мешудем, ки парлумон нав шудааст. Шояд талошҳои ХНИТ интихоботи дар пешистодаро гармтар кунад, чун чанд рӯз аст, ки мо шоҳиди таблиғи боз ҳам бо усули бесобиқа - ба бозорҳо баромадани таблиғгарони ин ҳизб дар раъси нафарони аввал ва пахши наворҳои таблиғӣ дар интернет ҳастем.
Иршод СУЛАЙМОНӢ, коршиноси масоили сиёсӣ
Ин сардӣ нишонаи гум шудани эътимод аст. Эътимод ба ҳукумат, эътимод ба ниҳоди баргузоркунандаи интихобот, эътимод ба ҳокимияти қонун, эътимод ба роҳбарияти кишвар, ки шаффофияти интихоботро кафолат медиҳад. Дар мо интихобот баргузор намешавад, балки интихобот баргузор мекунанд. Яъне, ҳокимияти иҷроия контроли интихоботро дар ихтиёр дорад, касеро бихоҳанд номнавис мекунанд ва касеро бихоҳанд вакил "интихоб" мекунанд. Ҳоло мо шоҳиди ин саҳнасозиҳои мақомот дар давраи номнавис шудани номзадҳо ва компайни интихобот ҳастем. Ирода ва раъйи мардум, ки сарчашмаи ҳокимият эътироф шудааст (дар Қонунуи асосии кишвар) эътиборе надорад. Ҳамаи ин саҳнасозиҳо бо номи интихобот хилофи мантиқи интихобот ҳам аз нигоҳи илмӣ аст ва ҳам аз нигоҳи таҷрубаҳои демукросӣ мебошад. Албатта ин хилофкориҳо дар ҳоли ҳозир ба манфиати гуруҳест, ки қудрати сиёсиро дар Тоқикистон инҳисор кардаанд. Аммо дар дарозмуддат бар хилофи манфиатиҳои миллӣ ва давлатии мост ва иштибоҳест, ки ҷубронаш бисёр гарон меуфтад.
Меҳмоншоҳ ШАРИФОВ, донишманд
Аслан ин сардӣ нест, балки гармист ва гармтар шуданаш ҳам мумкин аст ва он аз бефарҳангии сиёсӣ дарак медиҳад. Ва бефарҳангии сиёсӣ муҳитест, ки дар он ҳар гуна аҷуба (монстр) ё дев таваллуд ва парвариш ёфтанаш мумкин аст. Ин сардӣ, ки “коршинос”-он мегӯянд нафаси ин аҷубаест, ки дар Тоҷикистон дорад таваллуд мешавад. Ва ягона роҳи наҷот ин ташкили фазойи солими гуфтугӯст дар ҷомеаи Тоҷикистон. Ин бефарҳангии сиёсист, ки як қисм “сиёсатмадор”-он қудратро аз мансаб фарқ накарда истодаанд, ки қудрат ин ташкили фазойи гуфтугӯи сиёсист дар ҷомеа байни ҳизбҳо, шахсиятҳои алоҳида ва қишрҳои дигари ҷомеа. Ва мардуме, ки имрӯз дар мансаб ҳастанд намехоҳанд, ки чорчубаи мавҷудаи муносибатҳои сиёсӣ, ки солҳо боз вуҷуд дорад, шикаста шавад. Фикр мекунам имрӯз, ки сиёсатмардони Тоҷик фурсат доранд бояд фикри танҳо худ ва хешу табори худро накарда, ба паранояи сиёсӣ дода нашуда, барои ояндаи ин миллат ва давлат коре кунанд. Ояндаи Тоҷикистони соҳибқудрат ва соҳибистиқлол ба ҳамин вобастагӣ дорад.