Бахшҳо
12 фев 2015 15:18Тоҷикистон / Сиёсат

Қафомонии Тоҷикистон дар гузориши нави "Озодии матбуот-2015"

Созмони Хабарнигорони бидуни марз бо нашри гузориши ҷаддид дар мавриди озодии матбуот дар соли 2015 Тоҷикистонро миёни 180 давлати дунё дар ҷои 116-ум қарор додаанд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар ин гузориш Тоҷикистон мақоми 115-ум ва солҳои 2011-2012 ҷойи 123-юмро соҳиб шуда буд.

Ин созмон аз ҷумла сайтбандиҳо, ҷаримабандии рӯзноманигор Олга Тутубалинаю нашрияи “Азия Плюс” ва боздошти Александр Содиқов, олими тоҷикро дар соли 2014 зикр карда, онро омили бадшавии вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон хондааст.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки дар соли 2014 озодии матбуот дар тамоми ҷаҳон коҳиш ёфт: “Дар ин ҷо чанд омил, аз ҷумла ҷангҳои иттилоотӣ, даргириҳо дар Шарқи наздику Украина, фаъолшавии гуруҳҳои ифротии “Давлати исломӣ” ва Боко Ҳарам таъсири худро доштанд.”

Хабарнигорони бидуни марз дар соли 2014 - 3 ҳазору 719 ҳолати нақзи озодии матбуотро дар 180 давлати дунё ба қайд гирифтаанд: “Дар пасманзари даргириҳо дар Шарқи наздику Украина ҷангҳои иттилоотӣ авҷ гирифтанд, ки дар натиҷа фишор болои расонаю хабарнигорҳо низ афзоиш ёфт. Дар бархе минтақаҳо ифротгароёни динӣ ба баҳонаи он, ки рӯзноманигорон Худо ва динашонро эҳтиром намекунанд бо тарсдиҳию таҳдид талоши маҳдуд кардани озодии матбуотро мекунанд.”

Гузоришгарон таъкид кардаанд, ки вазъи нисбатан бади озодии баён дар Эрон, Сурия, Ветнам, Кореяи шимолӣ ва Туркманистон ҷой дорад. Кишварҳои пешсаф аз рӯи озодии матбуот Финляндия, Норвегия, Дания, Нидерландия ва Шветсия арзёбӣ шудаанд. Амрико дар ин раддабандӣ дар мақоми 49 ва Русия дар зинаи 152-юм ҷой гирифтааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)