Фирӯз Ҳасанов: “Талоши муштарак барои расидан ба қуллаҳои нав кумак мерасонад”
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар пайи пирӯзии тими “Хайр”-и Ваҳдат бар дастаи “Шайх Рассел”-и Бангладеш дар чорчуби даври тахассусии АФК ба сарпарастонаш изҳори сипос кардааст.
Фирӯз Ҳасанов, раҳбари бахши маркетинги ФФТ мегӯяд, дар муваффақияти “Хайр” нақши сарпарастонро низ махсус таъкид намуд: “Бовар дорем, ки талоши муштарак барои расидан ба қуллаҳои нав кумак мерасонад”.
Ӯ мегӯяд, дар ташкил ва фароҳамсозии дидори “Хайр” ва “Шайх Рассел”, ки дар варзишгоҳи ҷумҳуриявии Душанбе баргузор шуд, ширкатҳои “Beeline Тоҷикистон”, “XL” ва мағозаи “Милано Мода” ба унвони сарпараст иштирок доштанд.
Ба иттилои ФФТ, бозии “Хайр” ва “Шайх Рассел” дар варзишгоҳи марказӣ бо ҳузури 10 ҳазор тамошобин баргузор шудааст. Дар ин дидор дастаи Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 рақибро шикат дод ва барои ба даври гуруҳӣ баромадан, рӯзи 17 феврал бо “Салом Ҷаҳарта”-и Ливан қувва меозмояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |