Вазифаи нави судяе, ки Қудратов дар порадиҳӣ ба ӯ айбдор шуд
Шерзод Низомов, додраси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси боздоштшудаи тоҷик дар пешниҳоди пора ба ӯ айбдор шуд, вазифаи нав гирифтааст.
Тавре аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар доираи тағйироти кадрии ахир, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мақомоти судӣ амалӣ шуд, Шерзод Низомов низ вазифаи нав гирифта, судяи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таъин гардид.
Номи Шерзод Низомов дар пайи баррасии қазияи “ИмрӯзNews” ва парвандаи марбут ба порадиҳии Шуҳрат Қудратов расонаӣ шуд. Қудратов аз рӯи моддаи 320 дар он айбдор шуд, ки барои сафед кардани зерҳимояаш - Амиралӣ Суламаев аз ӯ гӯиё 2 ҳазор доллар талаб карда, гуфтааст, ин маблағро ба судя Шерзод Низомов медиҳад.
Худи Шерзод Низамов зимни шоҳидияш дар додгоҳ изҳор дошт, рӯзи 18 июли соли равон Суламаев наздаш даромада, изҳор доштааст, ки барои сафед шуданаш 1,5 ҳазор доллар дода, боз 1000 доллари дигарро низ медиҳад. Низамов гуфт, ин изҳороти Суламаев барояш ғайриинтизор буданд ва маслиҳат додааст, ки ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунад: “Худам фавран дар бораи ин ҳодиса ба раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ гузориш навиштам ва аз баски раиси суд набуд, онро муовинаш қабул кард.” Ӯ таъкид намуд, ки шахсан Қудартов ба ӯ маблағе пешниҳод накардааст.
Аммо Шуҳрат Қудратов дар мурофиа гуфт, маблағе, ки аз зерҳимояаш гирифтааст, барои пардохти ҷуброни зарар ба ҷабрдида буд. Ба гуфтаи Қудратов ӯ ба ҳамин тариқ мехост, ҷабрдида аз даъвояш даст кашаду зерҳимояаш озод шавад. Шуҳрат Қудратов таъкид намуд, дар қазия пардохти ҷуброн низ миёнарави асосӣ худи додраси парванда Шерзод Низамов буд. Тибқи шоҳидии Қудратов судя ба ӯ гуфтааст, “ман, ту ва ҷабрдида панҷакентӣ ҳастем ва ақаллан Суламаев 1000 доллар ҷуброни зарарро ба ҷабрдида пардохт кунад. Дар натиҷа ҳам ҷабрдида аз даъвояш даст кашаду ҳам айбдоршаванда озод карда шавад. Суламаев барои аз ҷавобгарӣ озод шуданаш ҳатто розӣ шуд, ки 1500 доллар диҳад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |