Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумитаи дин ва номзади ҳизби ҳоким изҳор дошт, ҳадафи онҳо ҷилавгирӣ аз олудасозии мафкураи насли ҷавон бо ифротгароию тундгароӣ аст: “Ҳифзи забон, мазҳаб фарҳанг ва адабу ахлоқ нияту ормони мост. Мо муносибати ба дин ва озодии виҷдонро тақвият бахшида, таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва озодии дину мазҳабҳоро дар доираи қонун эътироф намуда, ҳамкории судманди давлатро бо дин таъмин менамоем. Раванди сиёсикунии дин ва пайванд додани зуҳуроти номатблуби экстремизму террорзимро ба ҳар дин, аз ҷумла дини мубини Ислом қатъиян маҳкум карда, таҳвил ва интиқоли ҳар гуна арзишро бидуни хоҳиш хирад ва қабули озоди мардум зулм ва беадолатӣ медонем.”