"Дар ягон ҳавза ҳеч озодандеш ё мухолиф ғолиб нахоҳад омад...”
Саймиддин ДӮСТОВ, таҳлилгар ва раҳбари созмони ҷамъиятии "ИНДЕМ"
Дар Тоҷикистон беш аз 20 сол аст, интихоботи озоди парлумонӣ баргузор нашудааст. Охирин интихоботи шаффоф ва мардумӣ ҳамон интихоботи парлумонии соли 1991 буд, ки ба иқрори президент Эмомалӣ Раҳмон ӯро сари қудрат овард.
Ширкат накардани озодандешон, таваҷҷуҳи ночизи ВАО, дилсардии коршиносон дар шарҳи ҷараёни ба ном интихобот, теъдоди ночизи матолиби тарғиботӣ ва адами дебатҳои сиёсӣ гувоҳи онанд, ки на мардум ва ҳукумати феълӣ ба интихоботи озод бовар надоранд. Садҳо ҳазор тоҷикистониён тавассути телевизиони “Тулӯъ” чи гуна будани рақобати андешаҳо, набардҳои интихоботӣ ва интихоб доштани мардуми Афғонистонро диданд. Дигар ҳамаи онҳоро гул зада намешавад.
Баръало мушоҳида мешавад, ки дар ҳукумати феълӣ иродаи баргузории интихоб мавҷуд нест. Ба қавли мардум, дили нухбагони ҳоким аз худашон пур нест, ки раванди интихоботро хатар барои ҳокимияту курсиҳояшон медонанд, аз ин рӯ ба иродаи мардум такя кардан намехоҳанд. Ҳарчанд баъзан аз набудани кадрҳову ғояҳои тоза гила ҳам мекунанд.
Ҳукумати феълӣ 20 сол ягон протседура ва механизми сиёсие таҳия накардааст, ки ба интихоб шудани намояндагони воқеии мардум, ташаккулҳои сиёсии нав ба Маҷлиси намояндагон ё худ маҷлисҳои маҳаллӣ мусоидат карда бошад. Ҳол он ки демократия ҳамеша “шоҳигарии протседура ва механизмҳост”. Ин аст, ки аз миёни озодандешон, намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ё артиши миллионнафраи муҳоҷирони корӣ 2 нафар ҳам ёфт намешавад, ки гӯяд, “марҳамат, ман тавассути интихоботи озод” аз фалон ҳавза депупат шудам”.
Ҳукумате, ки 90-95 дарсади сарватҳои миллии кишварро дар ихтиёри як гуруҳи хурд қарор додааст, намехоҳад ва шояд дигар наметавонад, ки ба иродаи мардум такя кунад. Зеро намояндаҳои мардум дар маҷлисҳои вакилони халқ ва МН мепурсанд, ки кӣ ва чаро роҳро пулакӣ кард? Ҳамасола 300 миллион доллари “Барқи тоҷик” куҷо мешавад? Чаро Ҳукумов КВД “РОТ”-ро қарздор карду назди қонун ҷавоб нагуфт? Чаро 2,7-2,8 миллион одам ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон ғизову либоси кифоя надоранд? Чаро мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ин қадар фарсудаанду вазирон дар ҷипҳои 100 ҳазордолларӣ мегарданд? Таъминот бо барқу газ ва оби гарм, ки то соли 1997 воқеияти пойтахт буданд, куҷо шуданд? Ваъдаи соли 2012 ба кор даровардани “Роғун” чӣ шуд? Чаро пулҳои ҷамъкардаи мардумро як гуруҳи хурд идора мекунанд? Ва даҳҳо суолҳои дигари мардумӣ.
Ин воқеъиятҳо мардумро ба интихоботу райъдиҳӣ ва иштирок дар равандҳои ҷамъиятӣ дилсард кардаасту ҳукуматӣ феълӣ, азҳоби алоҳидаи сиёсӣ аз апатия ва маърифати пасти сиёсии мардум суистифода мекунанд. Дар ин интихобот танҳо аҳзобе иштирок мекунанд, ки бо қоидаҳои ҷорикардаи ҳукумат розӣ ҳастанд ва мехоҳанд, статус-квои худро нигоҳ доранд. Барои касе дигар пӯшида нест, ки натоиҷи интихоботи Тоҷикистон чӣ хоҳад буд: ХҲДТ “ғолиб” меояду ҲНИТ ду ҷой “инъом” мегирад, ҷойҳое, ки ба Ҳизби коммунистии Тоҷикистон медоданд, ба ҳизбҳои нави кисагӣ, пеш аз ҳама ба Ҳизби аграрии Тоҷикистон таслим мекунанд. Нозирони ИДМ “зинда бод” мегӯянду нозирони САҲА “интихобот”-ро ношаффоф дониста, 54 варақро бо “қонунвайрокуниҳо” дар “интихобот” сиёҳ мекунанд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки ҳеч гуна интихобот баргузор намешавад, балки саҳнасозӣ бо ҳамон актерҳое, ки ба рақсашон доимо чизе халал мерасонад.
Дар ин “интихобот” дар ягон ҳавза ҳеч як озодандеш ё мухолиф ғолиб нахоҳад омад, шояд ба истиснои Алим Шерзамонови мухолифи ҳукумат, ки мардуми Бадахшон метавонад, ӯро сари парлумону ҳукумат иҷборан бор кунанд.
Мутаасифона, ҳалли мушкилоти мавҷуда: идораи бесамари давлатӣ, барҳамхӯрии саноат, бекории сартосарӣ, набудани ҷойҳои кориву маоши муносиб, сифати пасти ғизову зиндагӣ, набудани лифтҳои иҷтимоӣ ва манзили дастрас барои ҷавонон, пошхӯрии оилаҳо ва муҳоҷирати сартосарӣ, фасод дар тамоми зинаҳои ҳукумат, набудани судҳои мустақил ва гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, ва ғ.ҳ. бе амалисозии:
- ислоҳоти амиқи сиёсиву иқтисодӣ;
- тақсими қудрат миёни ҳукумати иҷроия, қонунгузор ва судӣ;
- сиёсати нави кадрӣ;
- дасткашӣ аз маҳалчигиву авлодбозӣ;
- тадриҷан ба вуҷуд овардани институтҳои пойдори миллӣ;
- ҳифзи ҳама гуна аҳд аз ҷониби давлат, ки аз такяи ҳукумат ба иродаи мардум зимни баргузории интихоботҳо оғоз мешавад, номумкин аст.
Аммо ҳукумати феълӣ ин ҳарфҳоро шунидан ҳам намехоҳад. Балки эҳсоси ҳамадонӣ ва ҳатто валигӣ дар намояндаҳои он эҳсос мешавад, ки оқибати хуб надорад. Ба он назарам, ки ҳукумати феълӣ ҳоло ҳам шонс дорад, ки ба мардум такя кунад ва институтҳои миллии давлатдорӣ созад. Миссияи таърихияшро ба ҷо орад. Дар акси ҳол, мо дар таснифоти сиёсатшиносон “давлати ноустувор” боқӣ хоҳем монд, ки рискҳои сиёсияш идора намешаванд ва ояндааш норӯшан.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |