Бахшҳо

АКС: Интиқоди сафир аз "сангпартоӣ"-ҳо сӯи ҳукумат ва баҳси хешутаборбозӣ

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав зимни ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат хостори қатъи сангпартоиҳо сӯи ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, Сатторов зимни ҷаласаи Шӯро, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро низ дар бар мегирад, таъкид намудааст, рисолати асосии ҳамватаноне, ки дар Русия ба фаъолияти ҷамъиятӣ машғул мешаванд, бояд пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи фарҳанги волои миллат, баланд бардоштани обрӯ ва имиҷи Тоҷикистон бошад: “Бояд ба зуҳуроти номатлуб дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет “сангпартоӣ” ба ҷониби ҳукумат ва давлати Ватани аҷдодӣ, Сафорат ва дигар намояндагиҳои расмии кишварамон дар Россия, байни ҳамдигар хотима дода шавад, зеро ин корро ягон миллат ва халқияти дигар дар ҷаҳон ба хеш раво намебинад.”

Ба иттилои манбаъ, зимни нишаст инчунин масъалаи “хешутаборбозӣ”-и тоҷикон дар Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтааст: “Қайд гардид, ки дар ташкилоти ҷамъиятӣ ва диаспораҳои тоҷикон, ки номнавис шудаанд, дар гирду атрофи худ чанд нафар аз хешу таборонашонро ҷамъ карда, фаъолият мебаранд. Ба ҳамин чиз бояд хотима гузошта шавад ва ин марказҳои фарҳангӣ марказҳои воқеие бошанд, ки ба боло бурдани обрӯ ва эътибори мардуми тоҷик ва имиҷи кишвари мо кумак кунанд.”

Дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, инчунин, пешниҳоди Сатторов дар мавриди таъсиси Бунёди ягонаи умумирусиягӣ дастгирӣ ёфт: “Ин бунёд дар оянда метавонад, маблағҳои ба таври хайриявӣ ҷамъ овардаашро барои иҷрои барномаҳои тарғиботӣ, барои муҳтоҷоне, ки аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳолатҳои вазнини иҷтимоӣ гирифтор мешаванд, мадад расонад.”.

Сафорати Тоҷикистон таъкид мекунад, Шӯрои ҷамъиятӣ, ки роҳбарии онро шахсан сафир бар дӯш дорад, метавонад ба равандҳои ҳамоиш ва муттаҳидии ҳамватанон дар Русия, ки ҳадафи асосии он пеш аз ҳама боло бурдани обрӯ ва эътибори мардуми тоҷик ва имиҷи кишвари мо дар Русия мебошад, мусоидати ҳаматарафа намояд.


АКС: Интиқоди сафир аз "сангпартоӣ"-ҳо сӯи ҳукумат ва баҳси хешутаборбозӣ

АКС: Интиқоди сафир аз "сангпартоӣ"-ҳо сӯи ҳукумат ва баҳси хешутаборбозӣ

АКС: Интиқоди сафир аз "сангпартоӣ"-ҳо сӯи ҳукумат ва баҳси хешутаборбозӣ

АКС: Интиқоди сафир аз "сангпартоӣ"-ҳо сӯи ҳукумат ва баҳси хешутаборбозӣ

АКС: Интиқоди сафир аз "сангпартоӣ"-ҳо сӯи ҳукумат ва баҳси хешутаборбозӣ

АКС: Интиқоди сафир аз "сангпартоӣ"-ҳо сӯи ҳукумат ва баҳси хешутаборбозӣ

АКС: Интиқоди сафир аз "сангпартоӣ"-ҳо сӯи ҳукумат ва баҳси хешутаборбозӣ

АКС: Интиқоди сафир аз "сангпартоӣ"-ҳо сӯи ҳукумат ва баҳси хешутаборбозӣ

АКС: Интиқоди сафир аз "сангпартоӣ"-ҳо сӯи ҳукумат ва баҳси хешутаборбозӣ

АКС: Интиқоди сафир аз "сангпартоӣ"-ҳо сӯи ҳукумат ва баҳси хешутаборбозӣ
Мӯҳр
Сафир
Оббо мухтарам сафир аз хешу таборбозии диаспорхо мебини ха диди чи хел одама сахт мерасад

мухочир
Авал дар точикистон бо хешуутабори хотима те бад дар бораи мухочирон сухан гуфтанлозим

мтарам Сатторов магар хешутаборбозй дар хукумати точинистон нест мй?

Рости гап
акаи Сафир неки расоям хандонди, 99, 9 фоизи хукумати имруза аз хисоби хешутаборон иборат аст, агар лоику босавод мебуданду миллатро дар аудиторияхои чахони химоят мекарданд гапе набуд ва мо имруз титули масхараи Равшану Чамшуд намешудем, мутаассифона ба вазифахои сафируву вазири ё консули мувофик нестанд, Точикистон бехтарин кадрхо дорад, лекин аз хиссиёти махалгарои ва тангназари намегузоранд, ки мутахассисин ба ватанашон хидмат кунанд, ин аст вокеият!

Мухтарам Сафир ин мардуми бахелро дар ягон вакт феъли бадашро намепартояд, аз паи кори давлат шавед ин мардуми бахел Рохбарони давлатро ки аз Хатлонзамин хастанд дида наметавонанд.Обод бошен Шерхои нари Хатлонзамин хамаи корхоятон 100% аст, бекамбуди Аллох мебошад банда камбуди дорад ИншоАллох бовари дорем ки Рохбари давлат камбудихора бартараф мекунад.Шукр кунед ин ободира бинен тинчиву амонира бинен хамма озод корашро карда истодааст.

"ин корро ягон миллат ва халкият ба хеш раво намебинад" гуфтед, албатта дар он чойхо хешутаборбозй вучуд надорад ана барои чи онхо пеш мераванду мо хеч не аккалан як кадам пеш равем, агар ин хешхо босаводу болаекат бошанд майлаш, мутаассифона хам лаекат надоранд ва хам савод, хатто ба забони адабии хозираи точик сухан гуфта наметавонанд. Бо онхо дар вакти сухбат фикр мекунед ки дар ягон бозори хулиганхо хастед. афсус ки дар хуни онхо лаекату савод заррае нест, сад афсус.

мухтарам сафир агар хэшу табор бози намебуд бовари дошти ки дар ин маком кор мекарди

Ба хукумат санг партои накунед гапа бинед о хукумат бояд хуб коркунадки мардумаш рози шавад оддитарин шароитро мухаё карда наметавонеду боз мегуед санг напартоед

Муҳтарам сафир, сабаби руй овардани хешy таборбозии мардyми Тоҷик дар Маскав ин ҳамин давлатмардони кишвари мо мебошанд. Магар хешy табори давлатмардони кишвар дар навбати аввал соҳиби вазорат ва дигар корҳои муҳим намегарданд?

Сафар
Охир шумо худатон хешутавбор бозиро баскунеду барои мардум аз дилу чон кор кунед ва он шахсоне, кисафорат меоянд ба ду коши гирифта чавобаш надихед пас гапхои хубро дар интернет инизор шавед!!!!

Шоди
ИН ХЕЛИ БАДАМ НЕ ДА АММАК---ГАП ДОДИ ДА....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)