Дар Душанбе “Розҳои оиладорӣ”-и Дилафрӯзро муаррифӣ мекунанд
Ҷумъаи 13 феврал дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китоби “Розҳои оиладорӣ”-и нависандаи ҷавон Дилафрӯзи Қурбонӣ баргузор мешавад. Ҳамроҳ бо ин рӯнамоӣ маҳфили “Фарҳанги оиладорӣ” низ оғоз ба кор хоҳад кард.
“Розҳои оиладорӣ” ба гуфтаи муаллифаш ба манзури огоҳии бештар ёфтани ҷавонон дар бораи интихоби ҳамсари шоиста мунташир шудааст. Он ба унвони дастур, роҳнамо ва маслиҳатгари беминнат барои насли ҷавон муаррифӣ мешавад. Китоб аз 13 бахш, назири “Эътимоду бовар”, “Қадршиносӣ”, “Парҳез аз айбҷӯӣ”, “Ҳамбистарӣ”, “Фарзанддорӣ”, “Талоқ” иборат буда, ба иддаои муаллиф дар асоси далелу мисолҳои возеҳ, аз нигоҳи мақоми оила дар ҷомеаи имрӯза иншо шудаанд.
Дилафрӯз Қурбонӣ (Қурбонова Дилафрӯз Авазовна) 2 июли соли 1981 ба дунё омадаст. Ӯ Қуръоннома ва гузидаи ашъори Ҷомӣ бо унвони “Ҷуръае аз ҷом”-ро аз форсӣ ба хатти сириллик баргардон кардааст. Мураттиб ва таҳиякунандаи китоби хотироти шифоҳии академик Муҳаммадҷони Шакурӣ -- “Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт”, китоби “Мӯйсафед”-и Аминии Деҳақӣ (Эрон), баргардон ва бознависӣ аз форсӣ ба сириллик, “Шоҳмот бо мошини қиёмат”-и Ҳабиб Аҳмадзода (Эрон) баргардон ва бознависӣ аз форсӣ ба сириллик буда, муаллифи китобҳои “Китоби орзуҳо” ва “Се нуқта” мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |