Бахшҳо
11 фев 2015 20:44Ҳуқуқи инсон

Як зани тоҷик духтарашро аз Абӯбакри Бағдодӣ талаб дорад (ВИДЕО)

Мӯъмин АҲМАДӢ

Майрам Олимова , сокини 65-солаи шаҳри Кӯлоб, аз Абӯбакр Бағдодӣ - "халифа"-и худхондаи гурӯҳи "Давлати исломӣ” талаб кардааст, то духтари 24-сола ва се набераи хурдсолашро аз Сурия ба Тоҷикистон фиристад. Хонуми Олимова рӯзи 10 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, духтараш - Гулрӯ Олимова бо тақозои шавҳари худ аввал ба Русия ва сипас бо се фарзанди хурдсол ба Сурия рафтааст.


Ӯ мегӯяд, "Гулрӯ баъди сафараш ба Русия бедарак шуд. Танҳо ду ҳафта пеш домодам бо ман тамос гирифта, гуфт, ки бо зану бачаҳояш дар Сурия ҳастанд." Майрам Олимова мегӯяд, ба домодаш коре надорад, вале мехоҳад аз ҳар роҳе набошад, духтарашро ба Тоҷикистон баргардонад.

Ин зан дар ҳоле гиря гулӯгираш карда буд, гуфт: “Вақте фаҳмидам, духтарам дар Сурия аст, дигар надонистам чӣ кор кунам. Ман дигар касе надорам. Фақат як духтар дорам. Аз бесоҳиб мурдан метарсам. Ӯро гапи бад ҳам гуфтанӣ нестам, аммо ба ҳолам раҳм карда, духтарамро равон кунад.”



Падари Лоиқ: “Писарам гуфт, кори хубе ёфтаам”

Ин сокини 65-солаи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, то ҳол барои баргардондани духтараш ба мақомоти интизомии Тоҷикистон муроҷиат накардааст. Ӯ мегӯяд, набераи бузургаш 7-сола, дуюмаш 4-сола ва хурдияш 6-моҳа буда, Фотимаву Аҳмад ва Румайсо ном доштаанд. Домоди ин зан Лоиқ Раҷабов, ки 32 сол дорад, то сафар ба Русия дар маҳаллаи Суғдиёни Кӯлоб зиндагӣ мекардааст. Шерафкан Раҷабов, ​падари ин ҷавон гуфт, писараш дар моҳи сентябр аз Русия тамос гирифта, хоҳиш кардааст, то ҳамсару фарзандонашро таъҷилан ба назди ӯ фиристанд.

Гуфт, дар як ноҳияи назди Маскав дар истироҳатгоҳе кор пайдо кардааст. Ҳамроҳ бо зану фарзандонаш он ҷо мемонад ва шароиташ хеле хуб аст. Мо билет харида, онҳоро равон кардем. Ду моҳ баъд занг зад. Нагуфт, дар куҷост, вале гуфт, хуб аст. Бо ҳамин, дигар ҳеҷ тамосе нагирифтааст. Рақами телефонаш рақами Русия набуд. Ба мо ҳам дигар нагуфт, ки дар куҷост,” – мегӯяд Шерафкан Раҷабов.

Мусоҳиби мо афзуд, дигар таҳаммули оҳу фиғони модарарӯси писарашро надорад ва агар писараш бо ӯ дар тамос шавад, аз онҳо хоҳиш мекунад, ки баргарданд.

“Ихтиёран аз Сурия баргарданд, ҳабс намешаванд”

То кунун аз ҷангҳои Сурия чаҳор ҷавони тоҷик ба Ватан бозгаштаанд ва мақомот ба далели ихтиёрӣ баргаштан ва аз карда пушаймон будан, онҳоро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардаанд. Восӣ Салимзода, муфаттиши шӯъбаи тафтишотӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии махсусан вазнини додситонии вилояти Хатлон, ки парвандаи аз Сурия ихтиёран бозгаштани як ҷавони тоҷикро баррасӣ мекард, гуфт, қонунгузории Тоҷикистон дар ин ҳолат ҷавобгарии ҷиноиро сарфи назар мекунад. Ӯ гуфт: “Бар асоси тавзеҳи моддаи 187-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон афроде, ки ихтиёрӣ аз чунин кишварҳо пас мегарданд ва аз кирдори худ сидқан пушаймонанд, аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд. Дар таҷрибаи кории мо чунин як ҳолат буд, ки нафаре бо номи Бахтиёр Сафаров аз он ҷо пас гашт ва мо ӯро пас аз сӯҳбат озод кардем.”

ВКХ: “Мо вақте кумак мекунем, аз Сурия берун бошанд”

Масъулони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баргардондани шаҳрвандони ин кишвар аз қаламравҳои Ироқу Сурия, ки ҳудудҳои таҳти назорати гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро кори мушкил медонад. Абдулфайз Атоӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод ба афроде, ки аз Сурия ба Ватан баргаштан мехоҳанд, танҳо дар сурате метавонад кумак кунад, ки агар онҳо аз аз хоки ин кишвар хориҷ шуда бошанд. “Мо ба чунин афрод вақте ба кишварҳои арабӣ ва ё Туркия ворид мешаванд, кумак карда метавонем, зеро мо дар ин кишварҳо сафорату намояндагиҳои дипломатӣ дорем. Онҳо вақте аз он ҷо берун шуданд ва масалан ба Туркия ворид шуданд, ба консулгариҳои мо ва ё сафорат хабар диҳанд, ҳатман ба бозгашти қонуниашон ба ватан ёрӣ медиҳем”,-афзуд ӯ.

Бори аввал аст, ки ҳузури як зан ва се кӯдаки тоҷик дар қаламрави таҳти назорати гурӯҳи бо ном “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ аз ҷониби наздикон тасдиқ мешавад. То кунун танҳо ширкати ҷавонписарони тоҷик дар ҷангҳои ин минтақа расонаӣ шуда буд. Бар асоси иттилои расмӣ, ҳоло ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҷангҳо ширкат мекунанд ва то имрӯз беш аз 50 тани онҳо дар Ховари Миёна кушта шудаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)