Бахшҳо
11 фев 2015 16:34Тоҷикистон / Сиёсат

Таҷлили Инқилоби исломӣ дар Тоҷикистон (АКС)

Эрониёни муқими Тоҷикистон аз 36-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ дар шаҳри Душанбе таҷлил карданд. Ин маросим шоми 10 ба 11 феврал дар чойхонаи “Роҳат”-и Душанбе баргузор шуда, дар он Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон низ иштирок дошт.

Инқилоби исломии Эрон ҳамасола дар давоми ҳафтаи аввали моҳи феврал ҷашн гирифта мешавад. 36 соли пеш дар пайи як инқилоб дар феврали соли 1979 дар Эрон тахти шоҳ Муҳаммадризо Паҳлавӣ сарнагун шуда, заминаи рӯи кор омадани низоми ҷумҳурии исломӣ ба роҳбарии Оятуллоҳ Рӯҳуллоҳ Хумайнӣ фароҳам гардид.

Дар ин инқилоб табақаҳои гуногуни сокинони Эрон, аз ҷумла мухолифони ҳукумати паҳлавию донишҷӯён ва руҳониёни шиамазҳаб иштирок доштанд ва азбаски нақши шахсиятҳои мазҳабӣ дар инқилоби зидди низоми подшоҳии вақт калидӣ буд, он аз сӯи Хумайнӣ Инқилоби исломӣ номгузорӣ шуд ва ин ҳодиса бо номи Инқилоби баҳман-57 низ ном мебаранд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 11 феврал бо ирсоли як нома ҳамтои эронии худ -- Ҳасани Рӯҳонӣ ва мардуми давлати исломиро ба муносибати солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ шодбош гуфт. Дар номаи раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла гуфта мешавад: “Ҷаноби Олӣ, фаро расидани иди миллии кишвар - солгарди пирӯзии Инқилоби Исломиро бо камоли хушнудӣ ва масаррат ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯст ва бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику муборакбод мегӯям. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша мавқеи муҳимму вижаро ишғол менамоянд. Мо таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди хешро бо Эрон, ки ба заминаи ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду кишвар такя мекунанд, ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии ҳарду ҷониб ва суботу амнияти минтақа медонем ва ба дурнамои он бо назари нек менигарем”.

Дар идома таъкид шудааст, ки Тоҷикистон ҳамеша хоҳони боло рафтани сатҳи муносибатҳои дуҷонибааш бо Эрон дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ буда, мӯътақид аст, кишварҳои мо бо талоши муштарак ба қуллаи мақсуд хоҳанд расид: “Мо азми қавӣ дорем, ки ҳамшарикии судманди Тоҷикистону Эронро минбаъд ҳам идома дода, муносибатҳои воқеан бародаронаро боз ҳам тавсеа ва густариши тоза бахшем”.

Эрон дар қатори аввалинҳо истиқлолияти Тоҷикистонро соли 1991 ба расмият шинохта, моҳи январи соли 1992 аввалин шуда, сафорати худ дар шаҳри Душанберо боз кард ва моҳи июли соли 1995 сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ифтитоҳ гардид. Миёни Душанбеву Теҳрон беш аз 100 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки онҳо дурнамои муносибатҳои ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро муайян месозанд. Эрон дар ҳоли ҳозир яке аз кишварҳои сармоягузор дар тарҳҳои бузурги Тоҷикистон мебошад. Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ва нақби "Истиқлол" аз ҷумлаи тарҳҳои бузурге мебошанд, ки бо сармояи ин кишвар бунёд шудаанд. Ҳоло зиёда аз 200 ширкати эронӣ дар Тоҷикистон фаъолият доранд.


Таҷлили Инқилоби исломӣ дар Тоҷикистон (АКС)

Таҷлили Инқилоби исломӣ дар Тоҷикистон (АКС)

Таҷлили Инқилоби исломӣ дар Тоҷикистон (АКС)

Таҷлили Инқилоби исломӣ дар Тоҷикистон (АКС)

Таҷлили Инқилоби исломӣ дар Тоҷикистон (АКС)

Таҷлили Инқилоби исломӣ дар Тоҷикистон (АКС)

Таҷлили Инқилоби исломӣ дар Тоҷикистон (АКС)

Таҷлили Инқилоби исломӣ дар Тоҷикистон (АКС)

Таҷлили Инқилоби исломӣ дар Тоҷикистон (АКС)

Таҷлили Инқилоби исломӣ дар Тоҷикистон (АКС)

Таҷлили Инқилоби исломӣ дар Тоҷикистон (АКС)

Таҷлили Инқилоби исломӣ дар Тоҷикистон (АКС)
Мӯҳр
Ачиб! Х


Дар худи Ирон мардуми мазлуми Ирон, аз дасти " Инкилоби исломии Ирон" ба нони шаб надоранду дучори сад бадбахтиу мушкил шудаанду дар Точикистон солгарди пирузии онро тачлил менамоянд. Агар имруз мардуми фархехтаи Ирон имкони озодона раъй додан пайдо менамуданд, 100 дарсад алайхи хамин "инкилоби исломи" садо балаанд мекарданд! Ин инкило иронии сарбаланду хору зор, дарбар,ва дучори факру бадбахтии зиёде кард ва имруз мардум аз низоми худкрмаи зидиииронии вилояти факех чон ба лаб расидаанд ва медонанд то замоне,ки дар Ирон ин низоми сохтаву дуругини "исломи хаст, ирониву Ирон руи хуширо нахохад дид.

дориюш
Хамин Бахманмохи такрориро дар шахри Душанбе худамонхам на доштем??? Бахманмохи худамон баъд Бахманмохи хунин ном гирифт!! Ба фикрам хамон бахманмох буд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)