Бахшҳо

Собиқ вазир ҳаҷми дақиқи нафақаи Ҳукумовро эълон кард

Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молия ва раиси феълаии Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон имрӯз, 11-уми феврал зимни баромад дар назди намояндагони мардумӣ дар парлумон ҳаҷми дақиқи нафақаи маъюбии Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ, собиқ раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон”-ро эълон кард.

Ба гуфтаи Сафаралӣ Наҷмиддинов феълан дар кишвар 13 нафар нафақаи маъюбии зиёд мегиранд. Ӯ аз ҷумла иттилои матбуотро дар мавриди 18 ҳазор сомонӣ нафақаи маъюбии Амонуллои Ҳукуматуллоҳ рад карда, гуфт, собиқ раиси “Роҳи оҳан” 8400 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирад. Ба гуфтаи Наҷмиддинов ин нафақа барои Амонуллои Ҳукуматулло соли 2011-ум, се сол пеш аз барканорияш, таъин шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, афроди алоҳида дар кишвар тариқи сохтакорӣ нафақаҳои маъюбии калонҳаҷмро мегиранд. Раиси Оҷонсии зидди фасод, аз ҷумла Наталя Назаршоева, роҳбари "Бонки рушди Тоҷикистон"-ро ном бурд, ки моҳе 17 ҳазор ва дар чор сол 718 ҳазор сомонӣ нафақа гирифтааст: “Ин ҷо боз Амонуллоҳ Ҳукуматулло ва боз як нафар корманди худи корхонаи роҳи оҳан, ки моҳе 1815 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирифтааст.”

Абдуфаттоҳи Ғоиб таъкид кард, нафақае, ки ин афрод мегирифтаанд, корӣ набуда, нафақаҳои маъюбиянд, ки бо роҳи сохтакорӣ ба даст овардаанд. Ӯ илова кард, ки соли гузашта 37 ҳазору 548 нафақагири маъюбро аз ташхс гузаронда, муайян кардаанд, ки аз ин миён 7 ҳазору 46 нафарашон комилан солиманд: “Гуруҳи маъюбии 3781 нафарашон тағйир дода шудааст, аз гуруҳи як ба ду ва аз гуруҳи ду ба се гузаронда шуданд. Инчунин ҳастанд, ҳолатҳое, ки ду ё се сол нафақаи одамони мурда низ партохта шудааст. Қатии ҳамон корманди бонк вай мекунаду нафақаро ба корт гузарондан мегиранд.”

Раиси Оҷонсӣ гуфт, буҷаи давлат аз ин сохтакориҳо беш 14 миллион сомонӣ зарар дидааст ва илова кард, ки санҷишҳо дар ин самт идома хоҳанд ёфт: “Дар ин миён мардум метавонанд норозигӣ кунанд, ки ана нафақаи моро манъ карданд, як ё ду моҳ боз нагирифтем. Ин дар ҳақиқат мешавад ва то санҷиш анҷом меёбад, ки мумкин то се моҳ ҳам гузарад. Хоҳиш мекунам, инро ба мардум дуруст фаҳмонед.”

Раиси Оҷонсӣ дар ин қазия комиссияҳои тиббӣ ва кормандони Фонди нафақаро айбдор гуфт, ки ин нафақаҳоро таъин кардаанд: “Баъди анҷоми тафтишот аввал онҳое, ки гуруҳи маъюбиро доданд ва дуюм он кормандони Фонди нафақа, ки маблағро таъин кардаанд, ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.”

Мӯҳр
vvv
....се мохи дигар гузарад фонди нафака эълон медорад ки нафакаи Хукумов 800 сомони аст ха ха хаааааааааа бечора конунхои очизи точикистон

)))Рост гуфти лекин бародар vvv. Чи хеле,ки хоханд конунро тоб медиханд)))Сад фоиз 18хазор аввал мегирифту хозир як ракамашро кам карданд шуд 8хазор)))Боз камтараки дигар тоб диханд мешавад 800 сомони.

Мухтарам Сафаралӣ Наҷмиддинов Шумо мардума ба гумрохи андохтен мо дига намедонем кира бовар кнем. Президент сифрое ки гуфта гузаштан пас онхо чи мешавад? дига намедонем ки дуруг мега ки рост

чинди
боз ин ХУКумов дар як мусохибааш мегуяд,ман мусалмонам...

Ин гуна рафтори Хукумат барои Вазирони дигар дарс зиндаги мебошад ки дар оянда Вайхо фикри халкро дар пеш биеранд

кбор очонсии зидди фасод гапи рост гуфт, ки хамин хам дуруг эълон шуд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)