Дар шаҳри Ню-Йорк ношиносе ба нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамла кардааст.
Тибқи иттилои расида, ин ҳодиса дар назди бинои СММ замоне ба вуқӯъ пайваст, ки Маҳмуди Аббос, президенти давлати худгардони Фаластин дар Ассамблеяи генералӣ суханронӣ мекард. Нафареро, ки мехост ба сарвазири Туркия ҳамла барад, муҳофизони Эрдуғон боздошт караанд. Нахуствазир зараре набардоштааст. Ҳоло рӯшан нест, ки ҳамлавар чӣ мехост. Аммо сару садоҳое ҳастанд, ки шояд ин қазия ба низои миёни турк ва курдҳо иртибот дошта бошад. {jathumbnail off}
Мӯҳр