Бахшҳо

ВИДЕО: Даъвои судии Музафарова зидди “Нигоҳ”: Суратам хираю фамилияам нодуруст...

Наргис Музафарова, соҳиби мағозаи “Элита” дар маркази Душанбе ҳафтаномаи “Нигоҳ”-ро дар паст задани шаъну шарафаш муттаҳам карда, аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хостааст, аз ин нашрия ба фоидаи ӯ 32 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ рӯёнад.

Музафарова дар аризаи даъвогияш ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки нусхаи он дастраси “Озодагон” гардид, иддао дорад, “Нигоҳ” 5 ноябри соли 2014 бо нашри мақолаи “Музаффарова кист ва чаро силсилаи авбошиҳои ӯ беҷавоб мемонанд?” дар ҳаққаш суханҳои туҳматомезро чоп кардааст. Музаффарова мегӯяд, на силсилаи авбошиҳо, балки дар як ҳолати авбошӣ муттаҳам шудааст, ки бо татбиқи қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод гардидааст.

Ӯ инчунин иддао дорад, “дар мақола сурати ман ба таври хира чоп шудааст, ки дар он шинохтани шахс номумкин аст. Илова ба ин насаби ман нодуруст, яъне “Музафарова” нею “Музаффарова” чоп карда шудааст. Чунин вайронкориҳои муаллиф ва худи ҳафтанома низ ба обрӯи ман зарари худро расонданд, зеро дар натиҷа ман мисли шахси бадкор ва кирдорҳои ман бадвоҳима пешкаши мардум шудаанд.”

Ин соҳибкор инчунин илова намудааст, барои шишаҳои сиёҳи ғайриқонунии мошинаш, на маблағи ночиз, балки 8800 сомонӣ ҷарима супоридаст ва дар мақомот низ ҳеч “пуштибоне” надора, зеро муддати 6 шабонарӯз дар боздоштгоҳои муваққатӣ нигоҳдорӣ шудааст: “Ин ҳолат худ шаҳодати он аст, ки маро ягон кас пуштибонӣ накардааст ва баръакс маҳз бе пуштибон будани ман боиси боздоштам дар муддати дурудароз шуд.”

Наргис Музафарова инчунин бо зикри он, ки “Нигоҳ” мактуби ҷавобияшро нашр накард, аз додгоҳ талаб намудааст, арзиши якмоҳаи “Нигоҳ”, ки ба ҳисоби худаш 32 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ ба фоидаи ӯ рӯёнда шавад: “Идораи ҳафтанома инчунин вазифадор карда шавад, ки мактуби ҷавобии манро дар шумораи навбатӣ бе дигаргунӣ чоп намояд. Танҳо пас аз ин шаъну эътибор ва обрӯи кории ман дар назди шиносҳоям ва шахсоне, ки маро мешиносанд, барқароршуда ба ҳисоб меравад.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан дар пайи нашри мақолаи “Нигоҳ” Вазорати умури дохилии Тоҷикистон (ВУД) бо пахши як иттилоия гуфт, Наргис Музафарова, як соҳибкорзани Душанбе дар ин ниҳод, аз ҷумла Воҳиди махсуси он пуштибоне надорад ва ҳамаи қонуншиканиҳояш тибқи қонун тафтиш шудаанд.

Тибқи иттилоияи ВУД қонуншиканию ҷиноятҳои Наргис Музафарова, сокини 38-солаи кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тибқи меъёрҳои қонун ва холисона мавриди санҷиш ва тафтиш қарор гирифта, маводи дахлдор барои баррасӣ ба Додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристода шудаанд. Ба иттилои манбаъ, додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи августи соли равон алайҳи Музафарова бо иттиҳоми вайрон намудани қоидаҳои ҳаракати роҳ, авбошӣ ва зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият парвандаи ҷиноӣ боз намуда, ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол кардааст: “Дар мурофиаи судӣ судшаванда Музафарова худашро дар содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳо аз рӯи айбҳои эълоншуда пурра гунаҳкор шуморида, аз суд хоҳиш намуд, ки бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" пешбурди парванда нисбаташ қатъ карда шавад".

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо назардошти он ки ҷиноятҳо то қабул шудани қонун дар бораи афв содир шудаанд, додгоҳ қарор кардааст, ки парванда алайҳи Музаффарова қатъ шавад. Дар иттилоия омадааст, тибқи қонун авф афроде, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд ва нисбати шахсоне, ки қасдан ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд, пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, ки таҳти баррасии судӣ қарор доранд, қатъ мешавад.

Ин иттилоияи ВКД дар посух ба матлаби ҳафтаномаи “Нигоҳ” нашр шуд, ки аз қонуншикании соҳибкор, Музафарова дар Душанбе нақл мекард. Ба иттилои нашрия Музафарова, молики фурӯшгоҳи “Элита” дар маркази Душанбе, савори мошин “БМВ Х6” дар бисёри ҳолатҳо худсарию қонуншиканӣ карда, бемуҷозот мондааст. Дар матлаб аз қавли ҷабрдидаю шоҳидон оварда шудааст, ки Музафарова писари ноболиғи Шуҳрат Абдуҳомидов, корманди мағозаи “For Men”-и маркази Душанберо барои он ки падараш мошини худро дар назди мағозаи Элита мондааст, латту кӯб намуда, ба рӯи Абдуҳомидов, ки ба кӯмаки писараш шитофтааст, туф ва баъдан чандин дашноми дигари қабеҳ додааст. Инчунин нақзи қоидаҳои ҳаракати роҳ, зӯроварӣ нисбат ба пулис зикр шуда, таъкид гардидааст, эҳтимол ба далели пуштибон дар мақомот беҷазо мемонад.

Муаллифони ин матлаб инчунин яке аз қонуншиканиҳои Музафароваро, ки ба гузориши барномаи шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон низ роҳ ёфтааст, дар интернет нашр намуда буданд:


Мӯҳр
чинди
-х6 аз кучо???
-Шабакаи якумро хам ба суд дех охи.У туро нишон дод.
Хех, ту бо Саймуддин бози карда истодаи-а?!
Бози макун ба арбоб...

Нав мефамем, ки “Музафарова” дуруст будаасту “Музаффарова” нодуруст. Як ба фарханг нигаред хонум. Музаффар ду "ф" дорад на як "ф". Номи Шумо дар хуччат нодуруст навишита шудааст ва маълум мешавад. Хатман хуччатхоятонро иваз карда шакли дурусти онро навишта кунед, яъне "Музаффарова", на ин ки "Музафарова"

ИН ХОНУМ СЕ МОХ ХОБ БУДАНД,АКНУН ДАР АРАФАИ ИНТИХОБОТ БЕДОР ШУДАНД..Ё ИН ЯК СДЕЛКА БО АМНИЯТИХО БОШАД?..ШАХСАН МАН БА "НИГОХ" ЭТИКОДАМ КАЛОН АСТ..

Запарож Х6
Хозир bmv-доро обру доранд,барои хамун аз шаъну шараф гап мезананд.

Исфара
Ozodagon илтимос аз шумо сурати хонумро равшан чоп кунед вагарна шуморо низ ба суд мекашад! Дар арафаи интихобот карор дорем расонахои мустакил бояд ехтиёткор бошанд!

О ИН КАС ШАЪНУ ШАРАФ ХАМ ДОРАНД МИ, ПАДАРАШОН ХАЙ МИ ИН КАСА? МАСТУ АЛАСТ НАГАРДЕДДА КУЧАБА СОНИ ШАЪНУ ШАРАФАТОН ЧОЯШБА МЕИСТАД.

Ин Музаффароваро, хе мебахшед Музафарова... Кадом шаъну шараф?!! Хо дар навор рост истода наметонад-ку!!!!

Рахмат бар падарат "Нигох" бо ин нигохат. Чунин одаморо + инхоро одам гуфта хам намешавад+ мазамат кардан даркор. Холо шумо чойи "Холрпуштак"-ро гирифтаед. Офарин. "Нигох" шумо хам Наргис Музаффароваро, э мебахшед "Нергес Мезефарова"-ро, ки дар Точикистон зиндагй карда, Конуни ЧТ "Дар бораи забони давлатй" ва номгузориро поймол карданаш, ба суди ОЛИИ КОНСТИТУТСИОНЙ дихед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)