Доктор Аминов: Гурдаро бояд саривақт табобат кард

Ҳарчанд нефрология, илм дар бораи бемориҳои гурда бошад ҳам ин беморон аз беморони бахши урологӣ ба куллӣ фарқ мекунанд. Мубин Аминов, мудири бахши ин шӯъба мегӯяд, ҳангоми осеб ва ё зарар дидани гурда сохтори ҳуҷайраҳои фаъолияткунанда (гломелурҳо) хароб мешавад. Аз ин рӯ табобати ин гуна беморон ниҳоят вазнин буда, маҳорат ва лаёқати махсусро талаб мекунад. “Бо дилпурӣ гуфта метавонам, ки дар шароити ҳозир таҷрибаи бойи ташхису табобатро мутахассисони шӯъбаи мо доро мебошанд. Шахсан худам барои баланд бардоштани тахассус ва бой гардонидани малакаи корӣ чандин маротиба ба хориҷи кишвар сафар доштам”.
Доктор Аминов мегӯяд, сабаби пайдоиши бемории гурда норасоиии масунияти бадан мебошад. Беморон бо пайдо шудани нахустин нишонаҳои беморӣ, ки зуд пешоб кардан, тез-тез ташна мондан, варам кардани дасту пойҳо, набудану наомадани пешоб аз ҷумлаи онҳост, ҳатман бояд ба духтурон муроҷиат намоянд: “Аз ҷумлаи ин бемориҳо нефропатияи диабетикӣ, глумеролонефрит, синдроми нефротикӣ маъмулан ба пурра аз кор баромадани гурдаҳо оварда мерасонад. Табобати саривақтии гурда метавонад пеши роҳи гирифторӣ ба ин оризаҳоро бигирад”.
Ӯ меафзояд, табобати ин бемориҳо ба таври мудовим ва сарипойӣ сурат мегирад ва бо назардошти назорати кори гурда доруҳо тавсия ва танзим мешаванд. Яъне, гирофтори ин беморӣ бояд тамоми сол дар вақтҳои муайян аз назорати духтур гузарад ва табобаташро бигирад: “Аксари доруҳое, ки барои табобати ингуна беморон зарур аст, дар дорухонаи Беморхонаи Ибни Сино мавҷуд ҳастанд. Бемороне, ки сарипойӣ табобат мешаванд, дар рӯзҳои муайян омада табобат мегиранд. Аммо бемороне, ки мубталои норасоии гурда шудаанду филтратсияи гурдаашон ба 10-15% расида бошад, ба инҳо диализатерапия пешниҳод мешавад, ки давоми ҳафта бояд 10-12 соат зери дастгоҳҳои махсус табобат бигиранд. Ногуфта намонад, ки беморхонаи мо бо беҳтарину навтарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳаз гардонида шуда, аз уфунат орӣ мебошанд, яъне саривақт бо моеъи махсус шуста шуда, комилан ба меъёрҳои ҷавобгӯи талабот нигоҳ дошта мешаванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |