Баҳси аломатгузории хатти сарҳад дар дидори Э.Раҳмон ва Э.Абдилдаев

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев, вазири умури хориҷии Қирғизистонро, ки дар доираи як сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар ин вохурӣ нимаи дуюми рӯзи 10 феврал баргузор шуда, дар он таваҷҷуҳи зиёд ба масоили марзӣ, аз ҷумла аломатгузории хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон зоҳир шудааст.
“Ба масоили вобаста ба муайянсозӣ ва аломатгузории хатти сарҳади миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои баҳснок таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Дар ин робита атрофи лоиҳаи созишномаи дуҷониба доир ба таҳкими чораҳои боварӣ дар сарҳади миёни ду кишвар мубодилаи судманди афкор сурат гирифт”,- афзудааст манбаъ.
Дафтари матбуотии раёсатҷумҳур мегӯяд, дар ин мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат ва илму фарҳанг низ баррасӣ шудааст. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба идомаи ҳамкорӣ дар ин самт ва пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои иғвоангез таъйид намуда, таъкид кардаанд, ки шарикии боэътимоди Тоҷикистону Қирғизистон доир ба ҳалли мушкилоти гуногуни минтақавӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи босамар аз захираҳои обию энергетикӣ, нақлиётию транзитӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ, ба нафъи ду мардуми дӯсту ҳамсоя бояд идома ёбад ва ҳамсоягии накуи мо қавию бардавом бошад.
Аз ин пештар вазири умури хориҷии Қирғизистон бо ҳамтои тоҷики худ -- Сироҷиддин Аслов мулоқот анҷом дода буд. Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар, дар ин вохурӣ таваҷҷуҳи хосса ба масоили амниятӣ зоҳир гардида, бо назардошти ташаккули вазъият дар Афғонистон, вазирони корҳои хориҷии ду кишвар зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти мубориза алайҳи хатару чолишҳои минтақавӣ, аз ҷумла бо истифода аз абзорҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориии Шанхай таъкид намуданд: “Бар зарурати суръат бахшидан ба раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии миёни ду кишвар ва ҳалли масоили марбут ба ин раванд тавассути пайдо кардани роҳҳои барои ҳар ду ҷониб мақбул ва ҷавобгӯи манфиатҳои ду кишвар ишора гардид.”
Вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон зимни суҳбат ба зарурати фаъолсозии муҳовараи сиёсӣ ва иҷрои саривақтии тавофуқҳои ҳосилшуда ҷиҳати рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи заминаҳои мавриди алоқамандӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва ҳамкориҳои наздисарҳадӣ таъкид кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |