Ҳалокати шаш ва захмӣ шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи нақлиётӣ дар Русия

Дар пайи ду сониҳаи нақлиётӣ дар Русия шаш тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.
Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, рӯзи 8 феврал сабукрави ҳомили панҷ ҳамватанони мо дар шоҳроҳи Санкт-Петербург-Псков ба боркаши “Волво” бармехӯрад: “Дар натиҷа Яқубов Фарҳод Юсуфҷонович соли таваллудаш 1982, Аҳмадова Мунира соли таваллудаш 1966, Ҳоҷиева Шаҳло Маҳкамбоевна соли таваллудаш 1979, Козиев Абдусаттор соли таваллудаш 1967 ва Усмонов Комилҷон соли таваллудаш 1965 ба ҳалокат мерасанд, ки сокинони ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд будаанд, ба ҳалокат мерасанд”. Манбаъ мегӯяд, садама бо далели хоб рафтани Фарҳод Яқубов, ронандаи сабукрав сар задааст.
Абдулло Қодирӣ инчунин афзуд, рӯзи шашуми феврал дар пайи як садама дар Калуг, Расулова Шарофат Файзуллоевна соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Норак ба ҳалокат расидааст. Ҳамсари ӯ -- Файзуллоев Сайфулло, ки мошинро идора мекардааст, дар беморхона бистарист.
“Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои ба Ватан интиқол додани ҷасадҳо чораҳои зарурӣ меандешанд”,-афзуд Абдулло Қодирӣ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |