Раҳнамо ҳизби ҳокимро “офтоб” гуфту Кабирӣ худро “сарбоз”
Мулоқоти номзадҳо аз аҳзоби гуногун дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Шоҳмансур баъди зуҳри 9 феврал баҳси гармеро ба вуҷуд овард. Номзадҳо ва намояндаҳои аҳзоб дар ин мулоқот дар бархе ҳолатҳо воқеиятро гузошта, аз бадеият, аз ҷумла, аз санъати ташбеҳ истифода мекарданд.
Абдулло Раҳнамо, масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳур, ки Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш муаррифӣ мекард, изҳор дошт, ҲХДТ офтоб аст. Ӯ дар баромадаш мақоли “Офтоб омад далели офтоб”-ро кор бурда, аз ироаи муфассали барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ худдорӣ кард.
Шодӣ Шабдолов, раҳбари коммунистони Тоҷикистон дар ин мулоқот аз ваъдаҳои “осмонӣ”-и бархе вакилон интиқод намуд, ки барои ғолиб шудан дар арафаи интихобот маошу нафақаҳои баланд ва дигар ваъдаҳои дурӯғ медиҳанд. Ӯ муътақид аст, дар Тоҷикистон бояд кор аз маҳви бесаводӣ шурӯъ шавад ва таъкид намуд, кори парлумон пешбурди сиёсати қонунгузорӣ аст, на ироаи ваъдаҳои дурӯғ.
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ҳамоиши аҳзоб дар ҳавзаи Шоҳмансур ба душмантарошӣ ишора карда гуфт, ин амалҳо бояд ҳарчӣ зудтар аз байн бурда шаванд. Ӯ таъкид кард, сухану эъродҳояш набояд ба маънои танқид фаҳмида шаванд. Ба иддаои Зоиров суханҳояш танҳо ба хотири пешрафту ислоҳ ҳастанд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ низ бо ишора ба сулҳу оромии кишвар таъкид сохт, ҳукумат бояд ин ҳама аҳзобро дар канораш дошта бошад ва аз пешниҳодҳои хуби онҳо истифода кунад. Ӯ афзуд, "агар ташаббусҳои ҳукумат созанда ва фарогири манофеи тамоми миллат бошанд, мо ба ҳайси сарбоз омодаем ба ҳукумат хидмат кунем". Раиси ҲНИТ ҳангоми муарифии номзадҳои ҳизбаш -- Руқия ва Муҳаммадҷони Нурӣ таъкид намуд, фарзандони марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бояд ҳамчун рамзи сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба парлумони Тоҷикистон роҳ ёбанд.
Мулоқоти намояндаҳои аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бо интихобкунандаҳо доранд. Интихоботи парлумонии Тоҷикистон якуми март баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |