ВИДЕО: Баромади Мавлавӣ Абдураҳим зидди аҳзоби исломию ҲНИТ дар Маскав

Абдураҳим Каримов, устоди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, ки бо номи Мавлавӣ Абдураҳим маъруф асту феълан барои табобати ҳамсараш дар Маскав қарор дорад, дар суҳбати ихтисосие бо медиахолдинги "TAJINFO" алайҳи аҳзоби исломӣ аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баромад намудааст.
Мавлавӣ Абдураҳим изҳор доштааст, сарчашамаи асосии нооромиҳо дар ҷаҳони Ислом аҳзобу ҳаракатҳои исломиянд: “5 сол дар Афғонистон будем. Дар ин кишвар зиёда аз 80 ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ буданд, ки забони якдигариро наёфтанд. Донишмандону афроди огоҳи Афғонистон гуфтанд, хориҷиҳо то ҳизбҳои исломӣ насохтанд, байни мо ҷанг андохтан натавонистанд. Ҷанг аз ҳизбҳое сар шуд, ки бо номи Ислом душманҳои Ислом сохтанд.”
Домулло Абдураҳим, ки яке аз асосгузорони ҲНИТ дар вилояти Хатлон муаррифӣ мешавад, дар мавриди баромадҳояш алайҳи ин ҳизб гуфтааст, “мо хостем, дар бораи ҳаракату ҳизбҳою сиёсат суҳбат накунем, аммо чун суол шуд, дигар чора нест. Ислом моро даъват мекунад, ки як ҷамоат бошему ба ҳизбу ҳаркатҳо ҷудо нашавем. Ҳизбу гуруҳ сохтан аз Ислом нест. Ман бешак яке аз асосгузорони ҲНИТ дар минтақаи Хатлон будам, аммо дар хориҷ гашта фаҳмидем, ки ин ҳизб ба манфиати ҷомеаю мусалмонон нест ва аз он даст кашидем.”
Ӯ инчунин аз ҷавонони тоҷик, ки ба қавлаш фирефтаи хоҷагони хориҷӣ шуда аз Русия ба ҷанг дар кишварҳои арабӣ рафтаанд, даъват намуд, аз роҳашон баргарданд, чун Ислом рехтани хуни башарро маҳкум кардааст. Мулло Абдураҳим баробари ин аз муҳоҷирони тоҷик даъват намудааст, фарзандонашонро дар Ватан фаромӯш накунанду дар тарбияти онҳо бикӯшанд. Вай аз ҷавонон даъват намудааст, меъёрҳои ахлоқро дар Русия риоя кунанд, то оромӣ халадор нашавад, зеро оромию амниятро Худо аз тарки бутпарастӣ пештар гузоштааст: “Ман аз ҳамаи тоҷикон даъват мекунам, ин сулҳу салоҳ, ки ба заҳмати шахси бузург ба даст омадааст, ба қадраш бирасем.”ВИДЕОИ суҳбати муфассали Мулло Абдураҳим дар Маскав:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |