Сипоси Эмомалӣ Раҳмон ва ваъдаҳои нави Ҷопон

Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо муовини роҳбари Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ Киёши КОДЕРО барои кумаку дастгирии пайваста аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон ба ҳукумати Ҷопон арзи сипос карда, изҳори боварӣ намудааст, ки доираи ҳамкории ду кишвар дар оянда боз ҳам густариш хоҳад ёфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот, ки имрӯз, 10-уми феврал баргузор шуд, зикр гардид, ки дар тӯли солҳои ҳамкорӣ, Япония ба Тоҷикистон бештар аз 300 миллион доллари амрикоӣ грант ва 60 миллион доллари америкоӣ кумаки техникӣ пешниҳод кардааст: “Ҳоло чандин лоиҳаҳо дар бахшҳои иҷтимоӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва рушди ноҳияҳои дурдаст, аз ҷумла бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ, амалӣ мешаванд.”
Инчунин қайд шудааст, ки соли гузашта ду лоиҳаи нав оид ба обтаъминкунии аҳолии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва барои беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба имзо расид: “Баробари ин аз соли 1993 то ба имрӯз беш аз 1800 намояндаи Тоҷикистон бо курсҳои гуногуни омӯзишӣ дар Япония фаро гирифта шудаанд.”
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Киёши КОДЕРО дар навбати худ таъкид дошт, ки Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ дар оянда ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро беш аз пеш рушду густариш медиҳад, ба хусус барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла таъсири мушкилоти иқтисодии баъзе давлатҳо, ки шариконии муҳими иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |