Табобати Гулрухсор Рофиева баъди раҳоӣ аз асорат дар Яман

Вазорати умури дохилии Яман аз раҳоии Гулрухсор Рофиева, табиби рабудашудаи тоҷик дар вилояти Маъриби ин кишвар хабар додааст.
Хабаргузории “ас-СавраНюз” бо такя ба суханони масъулини Вазорати умури дохилии Яман навиштааст, табиби тоҷик имрӯз, 10 феврал раҳо шуда, ҳоло дар беморхонае дар вилояти Маъриб қарор дорад.
Ба иттилои манбаъ, масъулини вазорат гуфтаанд, хабари раҳоии Рофиеваро ба сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ низ расонидаанд.
Гулрухсор Рофиеваи 36-сола, ки дар асоси қарордод бо ширкати “Здравэкспорт”- и Русия, дар яке аз беморхонаҳои низомии вилояти Маъриби Яман ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекард, рӯзи 29 октябри соли 2014 аз сӯи афроди мусаллаҳ рабуда шудааст. Расонаҳои арабзабон аз қавли шоҳидон навишта буданд, ки Рофиеваро афроди мусаллаҳи савори мошини сурх аз кӯчаи марказии назди беморхонаи низомӣ дуздиданд. Дар пайи коршикании ҳамкорони Рофиева мақомоти Маъриб эълон намуданд, ки ҷои будубоши шаҳрванди Тоҷикистонро муайян намудаанд ва гуфтушунид барои раҳоии ӯ идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |