Шикояти Бузургмеҳр Ёров аз қарори комиссияи ҳавзавӣ ба КМИР

Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик дар пайи сабти ном нашуданаш ба ҳайси номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон шикоят бурдааст.
Оқои Ёров номзадияшро аз ҳавзаи интихоботии №8-и шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ пешниҳод кард. Аммо масъулини ин ҳавза гуфтаанд, бо далели комил набудани асноди лозим аз сабти номаш худдорӣ кардаанд.
Дар номаи шикоятии ҳуқуқшиноси тоҷик, ки нусхаи он ба дасти “Озодагон” ҳам расид, гуфта мешавад, “бо қарори №7-и комиссияи ҳавзавии ҳавзаи интихоботии Сомонӣ №8 оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.02.2015 аризаи ман беасос ва бо ваҷҳҳои бофта, бинобар гуё пурра набудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ рад карда шуд. Омӯзиши қарори №7 аз 08.02.2015 оиди он нишон медиҳад, ки он пурра беасос ва ғайриқонуни мебошад. Аввало ҳангоме, ки 09.02.2015 дар ҳузури шоҳид Нарзуллов Ҷамшед мо дар комиссияи интихоботӣ будем, ба мо оиди он маълумот дода буданд, ки аз сабаби он ки аз Маркази ахборотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотнома дар хусуси ба ҷавобгарии ҷинояти накашидани мо сари вақт гирифта нашудааст, бинобар ин номзадии мо ба қайд гирифта нашудааст. Ҳангоме, ки мо худи ҳамон лаҳза талаб намудем, ба мо нусхаи қарори марбута дода шавад, аз сабаби мавҷуд набудани ягон гуна қарор ва доир нашудани ягон маҷлиси комиссия, аз мо хоҳиш намуданд, ки 10.02.2015 соати 10.00 ҳозир шавем, ба мо қароре ки минбаъд бароварда мешавад, дода мешавад”.
Бузургмеҳр Ёров дар идома аз КМИР хоҳиш кардааст, қарори комиссияи ҳавзавии ҳавзаи интихоботии Сомонӣ бинобар ба қавли ӯ “ғайриқонунӣ ва беасос” буданаш рад шуда, номзадияш сабти ном гардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |