Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Шубҳа, боварӣ ва хулосаҳои сокинон аз қазияи "Шайх Темур” (2 ВИДЕО)

Хабаргузории “Озодагон” дар пасманзари пахши филми баҳсбарангези “Ривояти Шайх Темур”, ки Тоҷикистонро дар сархати расонаҳои ҷаҳонӣ қарор дод, аз роҳгузарон дар Душанбе суол кард, ки ба ин қазия чӣ назар доранд. Зимни назарпурсӣ роҳгузаре ёфт нашуд, ки аз ин қазия хабар надошта бошад. Бархе онро шубҳаовар ё дурӯғ, уисме натиҷаи бесааводӣ ва гуруҳе барномаи тарҳрезишуда хонданд. Нафароне ҳам буданд, ки мегуфтанд, баъди нашри филм ихлосашон аз муллоҳо гашт, аммо бархеи дигар таъкид намуданд, ки барои хатои як тан набояд ба ҳамаи муллоҳои тоҷик баҳои манфӣ дода шавад.
Филми мустанади "Ривояти Шайх Темур", ки ахиран тавассути шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон пахш шуд, миёни хонандагони “Озодагон” низ баҳсеро ба миён оварда, гуруҳе онро як барномаи тарҳрезишудаи пешазинтихоботӣ хондаанд, ки ба гуфтаи онҳо барои коҳиши эътибори муллоҳо миёни ҷомеа равона шудааст.
ВИДЕОИ пурраи ривояти Шайх Темур:
“Ҳақиқатҷӯй” яке аз шарҳнависон дар сомонаи “Озодагон” дар робита ба "Ривояти Шайх Темур" навиштааст, ки бе таҳрир пешниҳоди хонандагон мекунем: “Якҷиҳата масъаларо ҳаллу фасл нанамоед, ки ин саргузашти нохуб ба сари хар яке мо ва шумо бо роххои гуногун ва рангхои мухталиф сарозер мешавад.....ман на тарафдори ин хастам ва на тарафдори дигараш факат хакикатро дида сипас бахо дихед....дар хамачо овоза кардан ки ин даъвои Пайгамбари кардааст вале аз дахони худ инро икрор нанамуд сипас ин гап дуруг будааст....дувум инки дар аходис ва осор омадааст ки аз оби тахорати Пайгамбар мардум табаруки мекардан бо хар рохе ё нушидан ё молидан....ва дар бораи саллааш дар кишвархои гуногуни дунё рангхои сиёх сафед ва сабз интихоб менамуданд ин ягон боке надорад....дар бораи зангириаш шаръан мухолифи конун накардааст агар рафтаву 15 сола гирифта бошад пас дурустаст вале аз нигохи конуни ТЧ хилоф аст, талок кардан ин як амри вочиби нест ки бо зане нахости бимони метавони Талок куни ягон гунох надорад....Модари Муминон хазрати Оиша бо Пайгамбар дар синни 9 номзад ва дар синни 11 солаги якчо шуд сипас амри банда хилофи шариат нест....руй пушондан аз хар гунахкор ва нопок ин вобаста ба вичдон ва рафтори шайх марбут хаст на ба дин сипас масала ранги дигар дорад....чун мавриди интихобот хаст аз дин ва диндорон харос доранд чихатхои махсус супоришхои махсусро ичро менамояд.."Гур сузаду Дег чушад" ин шиори инхо хаст. ба тавре ки даъво кардаан собит карда натавонистанд. боки Худо хидояташон кунад агар сазовор бошанд.”
Гуруҳи дигари корбарон сар баровардани чунин шайхҳоро натиҷаи минбар надодан ба муллоҳои ҳақиқӣ, монанди Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Мирзо хондаанд. Бархеи дигар аз раисиҷумҳур ва ҳукумат хостаанд, мубориза бо чунин афродро пурзӯртар созад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |