Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 10-уми феврал зимни ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президент хостори густариши ҳамкорӣ бо шарикони рушд шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ба ҳадафҳои гузоштааш торафт наздиктар шудааст: “Дар давоми ҳашт соли охир тамоюли мусбии рушд нигоҳ дошта шуда, афзоиши миёнасолонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то ба 7 фоиз расид ва сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 53 фоизи соли 2007 то ба 32 фоиз дар соли 2014 коҳиш дода шуд.”
Манбаъ мегӯяд, зимни ҳамоиш аз ҷониби шарикони рушд нахуст муовини роҳбари Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ Кёши Кодера, Директори иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриден ва Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, ҳамоҳангсози фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуев баромад карда, пешравиҳои назаррасро дар фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи ба эътидол овардани вазъи макроиқтисодӣ ва таъмини рушд эътироф намудаанд.
Директори иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриден, аз ҷумла изҳор доштааст ки ба Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъмини рушди босуботи оянда дар баробари рушди институтсионалӣ расидан ба истиқлоли энергетикӣ басо муҳим аст.
Зимни мулоқот таъкид шудааст, ки аз ҷониби шарикони рушд беш аз 2 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон ҷалб карда шудааст. Шарикони рушд ҳамчунин изҳор доштанд, ки онҳо барои коҳиш додани таъсири омилҳои бӯҳронии беруна, аз ҷумла таъсири мушкилоти иқтисодии Федератсияи Русия ба Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон дасти кумак дароз менамоянд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон зимни сухани ҷамъбастӣ ба саҳми шарикони рушд дар тараққиёти иқтисоди миллӣ баҳои баланд дода, идомаи ҳамкории пурсамари онҳоро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим номид.
Ба масъалаи таҳияи стратегияи навбатии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. Тавре зикр гардид, санади рушди оянда бояд ҳамаи хатару таҳдидҳои глобалӣ ва минтақавии иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратии ҳаёти муосир ва роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии онҳоро дар назар дошта бошад.
Таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони рушд ба идомаи босамари сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва комёб шудан ба афзалиятҳои миллӣ, ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми кишвар бояд мусоидати фаъол намояд.











Мӯҳр