Моҳирахон ХОҶАЕВА
Дар соли 2014 ба Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 2 ҳазору 600 нафар муроҷиат намудаанд. Беш аз 2 ҳазору 400 бону барои таҳти хушунату озор қарор гирифтан ба Созмони ҷамъиятии Маркази занон “Гулрухсор” муроҷиат кардаанд.
Барои аз байн бурдани хушунати хонаводагӣ чӣ бояд кард? Ин суоли асосии мо аст, ки аз 3 нафар коршинос пурсон шудем. Яъне, дидгоҳи се нафар перомуни хушунати хонаводагӣ дар соли 2014.
Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фирӯза Раҳимова гуфт:
- Соли 2014 аз ҷониби ҳуқуқшиносони Раёсат зиёда аз 2 ҳазору 600 нафар қабул карда шуд, ки аз ин 2020 зан, 580 мард буданд ва аз ҷониби равоншинос 60 муроҷиат, аз ҷумла мурољиати 49 нафар зан ва 11 нафар мард баррасї карданд, ки масъалаҳои онҳо ҳалли мусбати худро ёфтанд.
Фирӯза Раҳимова мегӯяд, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳамагуна зӯроварӣ ва хушунат нисбати занон ва ҷавондухтарон як силсила чорабиниҳо амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, маъракаи иттилоотӣ таҳти унвони «Дунёи безӯроварӣ» гузаронида шуд. Бо мақсади пешгирии падидаҳои номатлуб, аз ҷумла, зудбоварии занону духтарон, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, фарогирии духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, пешгирии бемориҳои нашъамандӣ, ВМНО, худкушӣ ва сӯиқасд ба он, ба ҷиноят даст задани занону духтарон, вайроншавии оилаҳои ҷавон, ҷалби занон ба ҳунаромӯзӣ, бахусус, ҳунарҳои қолинбофии дастӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ, татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар назди Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят аз ҳисоби занони фаъол, соҳибтаҷрибаву рӯзгордида, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ, Шӯрои уламои дин, олимон, шоирон гурӯҳҳои тарғиботии доимоамалкунанда таъсис дода шудаанд. Гурӯҳҳои номбурда дар маҳаллаву деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо занон, бахусус, занони хонашин вохӯрию мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд ва дар соли 2015 низ давом хоҳад кард.
Фирӯза Раҳимова барои аз байн буридани хушунати хонаводагӣ мегӯяд, ки:
-Пеш аз ҳама бо хушдоманҳою ҳамсарон кор карда шавад, зеро аксари баҳсҳо аз ҷониби эшон маншаъ гирифта, оқибат то ба хушунати хонаводагӣ оварда мерасонад, бинобар ин институти хушдоманон такмил дода, маърифати онҳо боло бурда шавад. Ҳамзамон фаъол гардонидани бояд фаъолияти шӯрои маҳалҳо ва ҷамоатҳо дар ду раванд пеш аз оила барпо шудан ва баъди он пурзӯр карда шавад. Дуввум, бояд филме ба навор гирифта шавад, ки муҳтавои он танҳо масоили хушунати хонаводагӣ бошад. Баъди дидани ин филм мардум дарк ва эҳсос кунанд, ки оқибати зӯроварӣ дар оила ба чӣ оварда мерасонад. Саввум, ҳар як нафар худ ба қадри зиндагии хеш бирасад, хоҳ мард бошаду хоҳ зан ва донанд, ки онҳо як маротиба, танҳо як маротиба ба дунё меоянд!
Осими Орифпур, коршиноси масоили иҷтимоӣ, рӯзноманигор, сармуҳаррири ТВ «Танин» перомуни хушунати хонаводагӣ чунин назар дорад:
- Хушунати хонаводагӣ то замоне рушд мекунад, ки мардуми мо аз ҳуқуқҳои худ огоҳ бошанд ва барои қадам гузоштан ба зиндагии зебову обод қарор мекунанд ба худ. Мутаассифона, имрӯз мо мегӯем замонавӣ шудем, асри 21-асри технология аст, лекин ҳатто дар шаҳрҳо низ хушунати хонаводагї дида мешавад. Агар гӯем, ки деҳот ҷое ҳаст, ки мардум кам иттиолоъ мегиранд, кам мутобиқ мешаванд ба ҷаҳони муосир, лекин дар шаҳрҳо хушунат ҳаст ва имрӯз натанҳо хушунати мард ба зан, балки аз ҷониби зан ба мард ҳам хушунати хонаводагӣ дида мешавад. Ё аз ҷониби хушдоман ба келин, ё падару модар ба фарзанд.
Барои аз байн бурдан ва решакан кардани хушунати хонаводагӣ муҳим аст, ки чанд зинаро гузарем: якум, бояд занҳои мо донанд, ки зиндагии озод доранд ва як маротиба ба дунё меоянд. Мутаассифона, ҳастанд занҳое, ки ҳар рӯз зери хушунат қарор доранд. Дуюм, онҳо бояд донанд, ки масъул ҳастанд, яъне марду зан назди фарзандон масъул ҳастанд, барои чӣ мегӯям, аз он мегӯям, ки имрӯз тарбияи фарзанд аз амалҳои мо вобастагї дорад, яъне мо барои онҳо идеалем, чӣ кореро анҷом диҳем, фарзандон ҳамонро анҷом медиҳанд ва дар натиҷа духтар, вақте ки модарашро мебинад, зери лату кӯб аст бояд ман ҳам сабр кунам, ё мардписаре, ки онҷо ба воя мерасанд, дар ӯ фикре пайдо мешавад, ки ман калон шавам, бояд занамро занам, зери хушунат қарор диҳам. Яъне зинаи дуюм ин масъулият аст, масъулият дар назди баъзе нафарон. Сеюм зина ва ё фаҳмише, ки бояд онро дарк кунем, оилаи мо ин ҷамъият аст. Яъне имрӯз чӣ андеша, фикр ва нигоҳ дорему атрофи моро иҳота мекунад, аз андешаҳои мо вобаста аст. Онҳо донанд, як мамлакати дигар нестанд ва дар натиҷа амали онҳо, андешаи онҳо таъсир мекунад ва таъсир мисли ҳамон занҷир ба ҳамдигар меравад. Аз касе чизе меомӯзанд ва хулоса чизе мешавад ки давлат, миллат, ҷомеъа тағйир меёбад, бо як сухани хуб ё бо як сухани бад. Яъне онҳо бояд донанд, ки мамлакати алоҳида нестанд. Онҳо як ҷузъи ҷомеъа ҳастанд. Агар ҳамин 3 зина, 3 фаҳмиш дар оилаҳо фаҳмида ва иҷро карда шавад, ман умед мекунам, ки хушунати хонаводагӣ аз байн бурда мешавад. Албатта, хушунати хонаводагиро пурра аз байн бурда намешавад, барои ин солҳо кор бояд кард – мегӯяд Осими Орифпур.
Дар соли 2014 беш аз 2 ҳазору 400 бону дар вилояти Суғд барои таҳти хушунату озор қарор гирифтан ба Созмони ҷамъиятии Маркази занон “Гулрухсор” муроҷиат кардаанд. Аз ин миён 1739 муроҷиат марбут ба хушунати хонаводагӣ будааст. Аз ҷумла, перомуни масоили равонӣ, ҷисмонӣ, кӯшиши худкушӣ, ҳуқуқӣ, тиббӣ, иттилоотӣ, ҷустуҷӯйи кор, иқтисодӣ ва дигар муаммоҳои рӯзгори хеш сокинони вилоят барои мусоидати ҳалли масъалаи хеш муроҷиат кардаанд. Сабоҳат Бобоҷонова, раҳбари ин созмон мегӯяд, дар вақти муроҷиат бонувон аз он гила мекарданд, ки дар хонаводаҳояшон аз ҷониби шавҳар, хушдоман ва ё наздикони шавҳар мавриди хушунату озор қарор гирифтаанд.
Сабоҳат Бобоҷонова, раҳбари Маркази занон “Гулрухсор” барои аз байн буридани хушунати хонаводагӣ мегӯяд, ки бояд мо дар ин замина чанд зинаро гузарем, яъне:
- Баланд бардоштани сатҳи тарбия;
- Ҷоннок кардани фаъолияти кумитаи маҳаллаҳо;
- Ҷоннок кардани фаъолияти нозирони минтақавӣ;
- Ҷоннок кардани фаъолияти намояндагони дин;
- Ҷорӣ намудани хизматрасониҳои равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ;
- Ҳамкорї бо васоити ахбори омма ва охирон корбарии ҳама якҷоя, яъне «мултидистиплионарї», агар ин зинаҳои номбаркардаам амалӣ шаванд, бовар дорам, ки хушунати хонаводагӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.
Ин се соҳибназар бар он ақида ҳастанд, ки назар ба солҳои пеш соли 2014 сатҳи хушунати хонаводагӣ дар вилояти Судғд зиёд ба назар мерасид. Зеро мардум ҳуқуқҳои худро медонанд ва ба идораҳои дахлдор зиёд муроҷиат мекардагӣ шуданд. Вақте мурољиат шуд, омори дақиқ мешавад. Пас ин оморҳо баёнгари зиёд будани хушунати хонаводагӣ мебошанд.