Бахши нави сомонаи "Бе миёнаравҳо"-и Убайдуллоев фаъол шуд
Шаҳрдории Душанбе ба хотири саривақт баррасӣ ва ҳаллу фасл кардани шикояту мушкилоти сокинон ва меҳмонони пойтахти Тоҷикистон дар сомонаи “Бе миёнаравҳо”-и худ бахши наверо илова кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, дар торнамои www.bemiyonaravho.tj бахши наве бо номи “Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” фаъол гардидааст. Манбаъ мегӯяд, сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд арзу шикоят ва муроҷиатҳои хешро дар ҳолатҳое, ки ҳуқуқҳояшон ҳангоми хариду дастрасии мол, кору хизматрасонии муносиб ва босифат поймол мешаваду боиси зарар ва зиёни онҳо мегардад, ба шаҳрдорӣ дар ин бахши сомона иттилоъ дода, посухи дахлдор бигиранд.
Шаҳрдории Душанбе дар шарҳи ин иттилоияи худ аз сокинон афзудааст, аз маълумоти пешниҳодкардаи сокинон ва ташаббускорони аҳли ҷамоатчигии пойтахт барои пешгирӣ аз фурӯш ва дар муомила қарор доштани молу маҳсулот ва кору хизматрасоние, ки боиси зарар дидани истеъмолкунандагон мешавад, истиқбол намуда, пешопеш аз ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум миннатдори худро баён мекунад.
Сомонаи “Бе миёнаравҳо” марбут ба шаҳрдории Душанбе аст, ки бо дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади ҳалли фаврии мушкилоти сокинони пойтахт таҳия гардида, давоми 2 соли охир фаъолият дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |