Бахшҳо

Луқмон Бойматов: Айнаки худбиниро бояд шикаст!

Луқмон БОЙМАТОВ, муаррих

Бархе чунон саргарми мероси илмии гузаштагононанд, ки фурсати муроҷиъа ба ақли худро надоранд ва агар фурсате ҳам ба даст оваранд, ҳозир нестанд, иштибоҳот ва лағзишҳои ононро ислоҳу ҷуброн кунанд.
Абӯ Алӣ ибни Сино

Муаррих ва файласуфи маъруфи садаи гузашта Вилям Вилл Дуронт гуфта буд, бахши умдаи таърих ҳадс аст ва бақийя таъассуб. Бо камоли таассуф, ҳақиқати ин суханони пурҳикмат дар мисоли таърихсозиву таблиғоти мо тоҷикон сидқ мекунад. Пӯшида нест, ахиран, таърихи миллат ва маърифати он дар назди умдае аз масуълини сиёсату илму фарҳанг табдил ба бозичае шудааст. Далели беэътибор ва бозорӣ шудани илм, қабл аз ҳама адами масъулияти аҳли илму мантиқ ва вусъати фасод дар фазои илму фарҳанг аст. Магар намебинем, ба ҷои ин ки ҳақиқати таърихро баррасӣ намоем, аз гузаштаҳое, ки ба дурустӣ таҳқиқ нашудаанд, ба ҳадди ифрот шиорҳое месозем ва ё ба хотири ғаразҳои шахсии худ шаъни пурҷалоли ниёконро амдан, ба сарҳади зиллат мекашонем?!

САМАРҚАНДУ БУХОРО ДУ ҚУТБИ ҲАСТИИ МИЛЛАТАНД!

Далели ин иддао намунаи боризи фориғболии аҳли илм ва бепарвоии масъулини кишвар нисбат ба ҷойгоҳи қаҳрамонон ва родмардони таърихи миллӣ метавонад бошад. Ба унвони як муаррих неметавонам, дар баробари ситаме, ки нисбат ба шарафи муборизони озодиву адолат шудааст, сокит бинишинам, чаро ки он чӣ дар ҳавзаи илми таърих иттифоқ афтодааст, ба гунаи мустақим ва мустақил ба мавзӯоти пажуҳишҳои ин ҷониб, ки то ҳол анҷом шуда, шадидан, муртабитаст. Интиқоди хешро нисбат ба мавориди пешомада ироа дошта бошам, ки вазифаам мебошад.

Бидуни шакк, фориғболии масъулини илму адаб бар назароти расмии давлат низ сироят намуда. Чунончӣ, дар паёми соли навии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки худ аз муаррихони соҳиби таълифот асту пайваста осори таърихиаш ба забонҳои мухталифи дунё тарҷумаву таблиғ мешавад, ҳатто ним ишорае бар ҷойгоҳ ва ТАҶЛИЛИ 650-мин СОЛГАРДИ НАҲЗАТИ БУЗУРГИ САРБАДОРОНИ САМАРҚАНД нашудааст (!) Пурсиш ин аст, ки: Чаро?

Аслан, маълум нест, мушовирон ва ёварони раиси ҷумҳур дар умури идеолужик бо чӣ кор машғуланд? Чӣ ҷои пинҳон аст, онҳо ҳатто бори мероси таърихи миллатро аз зери айнаки маҳал мебинанд. Чӣ гуна метавон ин ҳақиқати талхро тавзеҳ дод, ки таҷлили бузургдошти Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ба ёди ҳамагон расида, вале дар ин миён танҳо зикри ҷойгоҳи шаҳидони роҳи озодӣ ва саодати миллат, ҳатто, аз ёди раиси ҷумҳур, ки худ муаррих аст, рафта? Во аҷабо! Ҳаргиз мухолифи таҷлили бузургдошти Мирсайид Алии Ҳамадонӣ нестам, аммо, хилофи ҳама гуна ифрот ҳастам.

Магар тақвият ва пойдории сиришти миллат барои имрӯзу фардо бидуни пос доштани номи қаҳрамонони таърихи миллӣ, ки ғолибан зодаи ин хоку буманд, мумкин аст? Эй, кош, дар амал бо тамоми вуҷуд дарки ҳақиқате мекардем, ки Самарқанду Бухоро ду қутби ҳастии миллатанд! Ин ду қутбест, ки солҳост, бо далоиле доранд кам-кам хориҷ аз меҳвари ҳастии хеш мешаванд. Талхии ин ҳақиқатро низ бипазирем, ки тоҷикони Самарқанду Бухоро дар тӯли таърихи беш аз дунимҳазорсолаи хеш ҳаргиз ба андозаи имрӯз мазлуму навмед нашуда буданд. Мабодо он рӯз, ки ин ду чашмаи фарҳангу тамаддуни миллат дар назми ҷаҳони имрӯз, ба унвони решаҳои асолати миллӣ маҳв гарданд! Ҳар фоҷиае, ки бар сари тоҷикони бурунмарзӣ фурӯ бирезад, муқассири аслӣ мо-тоҷикони Тоҷикистон хоҳем буд, чаро ки бо ин ки номбардорони миллатем, вале ҳомию ҳофизи миллат нестем!

Иллати адами тасмими таҷлили аҳамият ва ҷойгоҳи наҳзати Сарбадорон дар барномаи давлат фақат падидаи фаромӯшӣ нест, балки камоли бетаваҷҷӯҳии масъулин ва бахусус, бетафовутии аҳли илму адабу фарҳанг нисбат бар шаъну эътибори гузаштаву ояндаи миллат аст! Натиҷаи чоплусиву маддоҳиии аҳли илму адаб ба ҷуз зиён чизи дигаре нахоҳад буд…

МУҚАССИРОНИ АСЛӢ

Қазоват кардан, масъулияти муаррих нест, вале рӯшанӣ андохтан бар масоили мубҳами таърих комилан вазифааш мебошад. Муқассири аслии ин ҳама саҳлангориҳои нобахшиданӣ ҳамоно Институти таърихи Академияи улуми кишвар мебошад, ки мудаттҳост, табдил ба дӯкони дифои рисолаҳои дуктурии эрониён шудааст. Дар зимн, марзи таърихи миллӣ бо баёни фаҷиаи сиёсии «даврони табартақсим» тамом намешавад, ки аз он шиоре бар илми таърих бисозем!

Гуфтаанд, ки аз зиёдии маллоҳон киштӣ ғарқ мешавад. Дар ҳақиқат, аз бисёрии муаррихини бесалоҳият низ хотираи таърих маҳв мегардад. Чӣ сабаб шудааст, ки маркази аслии илми таърихнигории кишвар, амдан ё ғайри амдӣ, яке аз бузургтарин наҳзатҳои миллии таърихи мардумашро ба кулл беарзиш донистааст? Хиҷолат бояд кашид, ки таърих ва обрӯи миллат дар китоби ҷадиди Академия хору зор аст. Агар ҳақиқат ғайр аз ин аст, пас ба чӣ далел баёни таърихи муқовимати мардум дар китоби «Таърихи халқи тоҷик» (ҷилди севум, с. 2013), ки муҳаррираш профессор Ҳ. Пирумшоев онро боифтихор «таҳқиқи фундаменталӣ» номидааст, ба ҳадди зиллат омада? Барои ин ки бовар ҳосил кунед, хоҳишманд аст, матни китоби мазбурро бо бахши марбутаи китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров, тақрибан, ним қарн пеш аз ин «таҳқиқи фундаменталӣ»-и мазбур навишта шудааст, муқоиса намоед ва бешакк, шоҳиди беадолатиҳои илм хоҳед шуд!

Бо камоли итминон метавонам, собит бикунам, ки навиштаҳои муаррих Муъиниддини Натанзӣ (муарррихи қарни XV) дар бораи таърихи қиёми Сарбадорони Самарқанд бамаротиб боарзиштар аз «матни илмии «Таърихи халқи тоҷик» аст. Дар ҳақиқат, донишмандоне, ки андеша надоранд, шабеҳи афроди нодон ҳастанд, ки ҳамеша мавзӯотеро матраҳ мекунанд, ки мардуми оддӣ беҳтар аз онҳо мутаваҷҷеҳ аст. Ба чӣ иллат дар тӯли беш аз 25 сол дар ин даргоҳи илм, ҳатто, як мақолаи рӯзномаӣ, ки шоиста бошад, дар бораи муқовимат ва хезишҳои мардуми тоҷик алайҳи ғосибони бегона ба риштаи таҳрир наёмад? Магар таъкиду таблиғ бар мардонагиҳои меҳанпарастони аҷдоди ду шаҳри ҳуввиятсози миллат - Самарқанду Бухоро арзиши таҳқиқ ва ё бозбиниро надошт?

Чӣ тавр мумкин аст, муҳимтарин корномаҳои аз реша миллии миллати тоҷик (силсилаи муқовиматҳои мардуми тоҷик алайҳи истилои муғул, истодагарии Темурмалик, шӯриши Маҳмуди Торобӣ (с. 1236-38), қиёми Сарбадорони Самарқанд (с. 1365-66) ва ғ.(!) дар сафаҳоти «таҳқиқи фундаменталии Академияи улум», бидуни ин ки муҷаддадан, таҳлилу таҷзия шаванд, бо такрори матолиби замони шӯравӣ хулоса шудаанд?! Метавон ҳадс зад, ки далели ин ҳама чашмпӯшиҳои муҳаққиқини шӯъбаи асрҳои миёнаи Институти таърихи Академия дар баробари масъулияти хеш фақат як чиз метавонад, бошад, ки он ҳам Ислом аст.

Магар сарварони илми таърихнигории миллат намедонанд, ки ирода ва ормонҳои мардум қабл аз ҳама дар қиёмҳову муборизаҳояшон таҷаллӣ ёфта ва шӯришҳои мардумӣ, дар воқеъ, ҷону рӯҳи таърихи муборизаи озодихоҳонаи миллатанд. Қиёмҳо таърихи ранҷҳо ва мушкилоти бечорагонанд, ки бо камоли афсӯс, ағлаб аз забони душманонаш навишта шудаанд. Чаро муаррихин ва муҳаққиқини мо аз баррасии ин гуна масоили таърихи миллат худро канор мекашанд?

ХИҶОЛАТ БОЯД КАШИД!

Ин шармандагист, ки гузаштагонамон «бо нодонии хеш» шуҷоона бар зулму истидоди рӯзгор чира шуда, корҳои шигифтангезеро анҷом доданд, вале мо «бо камоли доноии хеш» матонатҳои шаҳидони роҳи озодиро хурду кӯчаку беарзиш мекунем. Магар ҷуброни ворисон ба ормони онҳое, ки барои озодии хоку бумашон ҷони хеш нисор карданд, ҳаминҳое аст, ки кардем? Фикр мекунем, вазифаи хешро дар назди падарони мубориз ба хубӣ анҷом медиҳем, вале огоҳ бояд бошем, ки он чӣ то кунун барои поси родмардон ва шаҳидони роҳи озодӣ кардаем, бисёр андак аст.

Бақои миллат баста бар ҷавонмардии фарзандонаш бошад. Бояд бидонем, ки Самарқанду Бухоро пеш аз ҳама ба далели вуҷуди фарзандони иродатманди хеш ва ба хотири аз худгузаштагиҳои фидоиёнаш Самарқанду Бухоро шуданд, на ба хотири доштани шоиру шоираҳо ва шиорҳо! Эй кош, номҳои родмардони таърихи миллӣ, ки дар таърихномаҳо сабт шудаанд, зиёд мебуданд!

Боре ҳам аз худ пурсидаем, ки агар ақвоми дигар меросхӯрони мустақими ҳамчунин родмардони таърихи гузаштаашон мебуданд, барои пос доштани ёди онон, чӣ ҳимматҳое аз худ буруз медоданд? Масъулини кишвар, аҳли илму фарҳангу адабиёт ва аз ҳама муҳим ҳамадонҳои таърихи миллат аз худ суол кардаанд, ки давлатҳо ва миллатҳои мутараққии дунё ҷиҳати пос нигаҳ доштани номи шоистатарин фарзандони таърихи хеш чӣ корҳоеро анҷом додаанд?

Магар ҷойгоҳи Сардабдорон камтар аз манзилати муборизаи Жанна д'Арк ва тарафдоронаш дар таърихи Фарансо аст? Магар ҷасоратҳои нисоргаронаи Маҳмуди Торобӣ ва хоҳару бародаронаш беаҳамияттар аз қаҳрамони таърихии миллатҳои дигаранд? Ба ҷойгоҳи ҳақиқии родмардони таърихи миллат фақат муаррихине шакк мекунанд, ки ҳақиқати таърихро нашнохтаанд.

Барои мисол, дар бораи Жанна д’Арк то кунун беш аз ҳазор пажӯҳиш, даҳҳо музеҳо ва осорхонаҳо, аз соли 1898 то имрӯз беш аз 70 филм, даҳҳо муҷассамаву тасвирҳо (аз тарафи маъруфтарин меъморон ва мусаввирон) садҳо романҳо, достонҳо тавассути нависандагон ва шуарои шинохтаи фаронсавӣ (чӣ расад акнун ба бозиҳои мухталифи роёнаӣ) ва ғ. халқ шудаанд. Чаро бояд дур рафт? Таваҷҷӯҳе бар эҳтироми миллати Озарбойҷон кунед, ки онон барои пос доштани номи Бобаки Хурамидин, ки воқеан, абармарди таърих аст, чӣ арҷгузориҳое накардаанд?

Аммо, мо тоҷикон бо ин ҳама маниятҳоямон барои пос доштани номи неку ёди неки шуҷоъон ва озодихоҳони таърихи миллӣ чӣ ҳиммате аз худ нишон додем? Ҳақиқат ин аст, ки ҳар чӣ, ки то ин дам анҷом додем, ба хотири шуҳрат ва касби эътибори худ кардаем. Оё беҳтар набуд, ки ба ҷои эҳдоси баландтарин парчами кишвар, ба мисли итолиёиҳо, фарансавиҳо, олмониҳо ва инглисҳо майдонҳои зебову дилнишин, хиёбонҳои фарроху сарсабз, музеҳову маҷмӯъаи ёдгориҳои ҳунарӣ-меъморӣ, филмҳову намоишномаҳо дар ҷиҳати муаррифӣ ва таблиғи қаҳрамонони миллӣ эҷод мекардем, то офаридаҳои лоиқу арзишманди ҳунарӣ ангезаи муносибе бар фахри наслҳои пасин бишаванд.

МУВАЗЗАФЕМ

Бояд бифаҳмем, ки сукути бемавқеи давлату ҷомеаи Тоҷикистон нисбат ба мавзӯи таҷлили бузургдошти ҳаводиси баёдмондании таърихи гузаштаи миллат, аз як сӯй бар зарари тақвияти ҳуввият ва касби эътибори миллӣ дар низоми феълӣ бошад, аз сӯйи дигар ангезаи ҷадиде бар шиддати раванди аз миён рафтани миллати тоҷик дар Самарқанду Бухоро метавонад, бишавад.

Мо тоҷикон, бо фориғболӣ ва бетаваҷҷӯҳии худ нисбат ба тақдири мардони ҳуввиятсози таърих, равған бар оташи хасмон мерезем. Ба ҷои ин ки аз роҳи маънавӣ ҳимоят аз ҳаққи бародарони худ, яъне аз самарқандиёну бухориён кунем, баръакс равзанаи умеди бародарони хешро бо ғубори аъмоли худхоҳонаи худ табдил ба ҷӯйбори хушки навмедӣ мекунем. Дареғо, мардуми тоҷик ҳанӯз ҳам дар хоби ғафлат аст, зеро бедории миллат он гоҳ оғоз мешавад, ки агар ба иштибоҳи худ пай бибарад!

Насли имрӯз бештар аз ҳар давраи таърихи хеш ба таҷлилу таблиғи шуҷоату мардонагии аҷдодаш ниёз дорад. Бидуни шакк, зикри ёди номи далерони таърихи куҳан ва таҷлили диловариҳои бузургони миллат чашмаҳои фаёзбахши миллатанд, ки набояд барои хушкиданашон роҳ диҳем!

ПЕШНИҲОДОТЕ ЧАНД:

Судури фармони масъулин барои таҷлили густардаи 650-мин солгарди наҳзати бузурги Сарбадорони Самарқанд лозим ба назар мерасад.

Тадвини барномаҳои илмӣ-пажӯҳишӣ ҷиҳати баргузории нишастҳо, конфросҳову ҳамоишҳои илмӣ пиромуни таърихи муборизоти миллӣ - озодихоҳӣ, чопи маҷмӯаи мақолот, анҷоми таҳқиқот ва таълифоти имлӣ-пажӯҳишҳӣ перомуни таърихи иҷтимоӣ ва ҳаракатҳои озодихоҳӣ дар Академияи улум ва донишгоҳҳо (қабл аз ҳама дар Институтҳои шарқшиносӣ, таърих ва факултаҳои таърихи донишгоҳҳои ҷумҳурӣ) бояд аз корсозтарин иқдомоти аҳли дониш барои имрӯзу оянда бошанд.

Таблиғу ташвиқоти ҷонфидоиҳои шӯришиёни сарбадория ва тасвири корномаҳои муборизони дигари роҳи озодӣ бояд аз ҷаззобтарин ва дар айни замон аз боэҳсостарин офаридаҳои зеҳнии аҳли қалам гардад. Мутаассифона, дар ин бахш адабиёти миллии мо ба маъни аслии калима лангу лол аст. Арзиши ҳунари бадеъ, на он аст, ки мадҳ аз зиндагони ношоиста кунӣ, балки он аст, ки мурдагони шоистаро зинда кунӣ!

Таҳия ва ташвиқи филмҳои ҳунарӣ, сериалҳои телевизионӣ, намоишномаҳои мавзӯӣ ва ғ., ки бар пояи ҳунари волову воқеъиятҳои таърихӣ халқ шуда бошанд, бидуни шакк, ҷиҳати худогоҳии миллат ва маърифати таърихии ҷомеъа бисёр муассир хоҳанд буд.

Эҷоди осорхонаҳои ҷадид ва ё гӯшаҳои тахассусии пурмуҳтаво дар ҳамаи музеҳои таърих ва кишваршиносии ҷумҳурӣ ҷиҳати таблиғ ва ташвиқи корномаҳои диловарони таърихи миллӣ бо истифода аз тавоноии ҳунармандон (мусаввирон, меъморон, муҷассамасозон ва ғ.) низ яке аз таъсиргузортарин роҳҳои таблиғи донишу маърифат дар ҷомеъа аст.

Тақвияти ҳуввияти миллӣ дар ҳар замону даврон бидуни зикри номи бузургони миллӣ ғайри мумкин аст. Аз ин рӯ, эҳдоси майдонҳои ҷадид, номгузории хиёбонҳо, муассисоти ҳунарӣ, муҷтамаҳои маскунӣ ва ғ. ба исми Сарбадорон (ва низ ба номи мафохири дигари таърих, аз қабили: Спитамен, Абӯ Муслими Хуросонӣ, Муқаннаъ, Темурмалик, Торобиён ва диг.) бо насби тандисҳои шоистаи онон дар маҳалҳо аз айнитарин роҳҳои пос доштани ёди неки қаҳрамонони таърихи миллӣ метавонад бошад…

Нек бояд донист, ки наслҳо меоянду мераванд ва фармонҳо содир мешаванду иҷро, вале он чӣ боқӣ мемонад, фақат фароянди амалҳост, ки дар тарозуи таърих қарор хоҳанд гирифт. Давлат муваззаф аст, ба хотири хуни шаҳидони роҳи озодӣ ҳиммат бар поси номи онон варзад! То фурсат ҳаст, ислоҳи иштибоҳот ва ҷуброни лағзишҳо ҳаргиз дер нест!
Мӯҳр
zubaid
Ofarin. Tarichi istiklolijatro niz post bojad navisem

ра
Хамаи бузургони миллат аз минтакаи Хатлон баромадаанд. Ин аст нуктаи назаре, ки хукумати имруза бар гардани мардум бор карда истодааст. Хатто Чалоллидини Румиро хам колхозободи бароварданд, ки ин айб аст.

Инсоф
Саломат бошед Луқмон Бойматов. Ҳоло ҳам дер нашудааст. Исёни Сарбадорон воқеан шоистаи таъриф ва арҷгузорист. Зимомдорон бояд онро таҷлилу таблиғ намоянд то насли нав онҳоро донад. Бояд конфронсу иҷлосҳои илмӣ баргузор намуда саҳифаҳои то ҳол нагуфтаи ин даврро, ки марбут ба Сарбадорон аст, дар мақолаю китобҳо инъикос намоем.

Сорбон
оқои Луқмон биё басш кн
ҳар замоне ки каме хислати муғулии ҳамсояҳо мехобад то авзо беҳтар шавад шумо ва шумо баринҳо бо хидматҳои хирсонаатон ҳамаро хароб мекунед
Самарқанду Бухоро "гуфтай мардак" ҳамин ки таърихан ва амалан моли тоҷикост басо ифтихор аст ва ҷошу созай мон ҳамонҷо бошан дар ҳоли ҳозир беҳтар аст....(ба оқил як ишора)
Масалаи дигар ин аст, ки аз ун тараф ҳам буродарони самарқандиву бухорӣ " камак - камак -камкамаке" аз худ "юрак" нишон диҳанд то коре карда шавад
Хулоса Шумо ҳамон таърихро дунбол кунед беҳтар !!! Сиёсат хеле печида аст !!!! феълан манофеи Тоҷикистон авлотар аст иншоло остаоста ба унҷоҳошам мерасем!!!!! аралашгирдовш накни беҳтар !

Сорбон,
и ба каом зубон аку гап заи, на ба точики афгонистону на ба точикии Самарканду Бухорои кухан. Холо Худжанди бостонира мон, дарев намекуни у халки пешрафтаро

Cорбон
подабон,

ин афсонае ки 100 сол талқин мекарде ки шумо пешрафтаву шумо тоҷики якум сорту дигарон дуюму сеюм ин афсонаро дигар дар пеши момат ё ҳамон ойтит(забони имрузаи тоҷикони "дараҷаи як") нақл кун ман он пешрафтаҳоро дарёв кардан ҳам намехоҳам
ба ман тоҷике арзиш дорад ва ҳамзабон қабулаш дорам, ки чорто тоҷики боқимондаро дараҷабандӣ накунад ва бо болои ағбаву поини ағба тақсим накунад!
Худо ҳасуду хоину муғризу маҳалчиро хору залил кунад!

Садр
Мавзуеро матрах кардед, ки аслан имуз дар Точикистон ба фаромуш афтааст, Столипин мудаи аст" Миилате хуввият надорад амсоли поруест барои сабзиши миллатхои гайр". Дар Точикистон рутбаи генерали ва докториву академики дар киёси кишвархои хамчавор беназир аст. Амсоле ки мавзуоте пажухиш мешаванд, ки ба гузашта ва ояндаи миллат манфиате надорад То ин хад тарсуем, ки амалхои родмардон,шахидони миханро нодида мегирам на аз руи сахв балки касдан...

Cорбон,
ана барои хамин, боз як бор чизе нависти хон. баъд у забони бибигитай е он ки бобигитай дар хамун хонат мону, дар асл бо забони точики дар берун гап зан. бгу басш кн гумш кн и дар кадом забон хаст. пешрафтахо рафтан, нав бедор шуди.

Сорбон,
Эй Сорбон Эй Сорбон охиста куй,охиста куй.
Маколи халкие хаст дар мо точикон: "Гуши карру рубоб яъне чи?".
Бародар Шумо хаму сурудхои халкии Бобои Файза гуш карда гардед. Шумо кучову Самарканду Бухоро кучову Бойматов кучо.
Шумо мугуло гуфта калигхоро дар назар доред ба гуфтай мардак?

Сорбон
Корвонкаш,
кутоҳакак ба ту ва ту баринҳо мегум, дига фойдату наааадора аз даст доде тамом ба итари ҳав ҳавотун корвони мо нметарса

Корвонкаш,
мақол пақолта мону ҳақиқата гап зан. ба қавли устон Лоиқ да ҳамуҷоҳое ки гуфти 100 сол шид ним анҷуман сохта наметоне бо чи пчиррас мени.уҷа Узбакистонай тамом. Давлвти дусту бвродари мо ки дар солҳои мудҳиши ҷанг дасти моро гирфт ва ҳукумата барқарор кард

Рости
Рахматии Лоик як чигарсухтаи миллат буд аммо ин гуфтаи Лоик хеч тахкире ба Самарканду Бухоро нест ки имруз ту ба гуфтаи Лоик тобиши дигар дода яъни шумо наметавонед мегуи (баъдан Лоик медонист ки дар баробари сели азими фархангу тамуддуни Бухорову самарканд чизе нест зеро хирад дошт касе хирад дорад хакикатро тан мегирад). дуруст имруз у бечорахо наметонанд аз зери фишору фиребу найранги сиёсати кунуни берун раханд, аммо вакте унчая Узбакистонай тамом меги хайкалои Сомониву Рудакиву Сино ва хатто Фирдавсиям дар шахри Душанбе гузоштан хеле ва хеле хандаоварст модоме ун Узбакистон яъне макони узбакхост. то дируза чанд навар дуругрушанфикротон устухони Айниба хучум кардан камтар инсоф хам чизи хуб будагист. Вакте мегуи унча узбакистон гарчанде ин дуруги махз аст унча хеч вакт Узбакистон набуд ва нахохад шуд як давраи таърихи хамин Точикистони имруза хам Юнону Парфия Бохтар Кушон хатто як кисмаш хонигарии Куканду кисми дигараш хонигарии Бухоро буд. дил зинда бошад дил ин кишвархо ин номхо меоянду мерванд тамоми дунё медонад киСино Сомони Рудаки Донишу Айни Сузани Баованддин Нашбанд, Имом Бухорихо дар Бухорову Самарканд буданду зистанд ва парвардаи хамон маконхо хастанд инхеле номардист ки вакте аз дасти унхо кор меомад хама хуб буд онхо буданд т е давлатдорихои онхо буд ки Фирдавси Беруни ва дигарон ба чахон арза шуду шохи араби бодиянишин шикаста шуд. аммо имрузки аз дасташон коре барнамеояд уво бад инсоф кучо мешавад инсоф адолат ё мехохи бо пархошгари харфи худутро рост чилва дихи ин ки нашуд буродар! ту рафта архивхои Душанбаву Хучана кофта бин ки дар давоми 80 соли гузашта ту ва минтакахои ту чи кадар кадр ба Точикистон дода ва Бухорову самарканд чи кадар боз нагуи ки онхоо душанба одам кард унхо то Душанба омадан одам будан Туракул Зехни Рахим Хошим, Шакурихо Минхоч Гуломовхо ин кадар актеру режессерхо нависандаву пизишку академикхо Акобир Адхамов Назруллоев барин инсонхои сатхи чахони дар физика агар физика гуфтани фана чи будагиша дони агар надони ай бобит пурс. эхтиёт шав ки имомали Шарифович ба кап накуната ба ин лахни Самаркнад бадбиниву бухоробадбиниат Имом алии бузург бо он ки як дехконзода аст дилаш барои ин шахрхо ва мардумони ин шаххо метапад хазорон сипос ба ин марди бузурги халки мо!!! ту ки хасти холо!!! факат имруз нест гардиши фалак хаст саросема нашав. Факат як чангчаи шахрванди ними мардуми точикистона чор тараф саргардон кард ин хел вокеахо катли омхо шикастхо пирузихо афту хезхоро самаркаду бухоро хазарон хазор тачриба кардааст ту калимата гардонда шин дар дастат тасбех гирифта ки яки охирзамон нашава ва ё дар кавр нохуно ва мухои сарама наканан гуфта ва мардума бо ин афсонахои кухан фиред карда горат карда .. вакте на таъриха мефахми на сарнавишту казову кадара ва на ояндара медони чи мешавад рав тахорат куну намозакота хонда дуои чони Имомали Шарифович Рахмона карда гард

Бехтарин. Офарин. Канд занед Устод Лукмон Бойматов, 650-умин солгарди сарбадорони Самаркандро ба шумо ва ба тамоми мардуми точик табрик мегуям. Зинда бошед. Бехтарин пешниходро кардед. Худо кунад ин пешниходи шумо то ба гуши Чаноби оли рафта расад ва ба ин пешниход назари чидди андозанд. Тамоми дунё эътироф кардаанд, ки Самарканду Бухоро моли точикон ва Точикистониён аст ва иншооллох рузе меояду инро расман низ эътироф мекунанд.

. Чи шунавидед ки рейси Тошкант -Душанбе кушода мешавад боз заказ гирифтед. Чаноби оли фикри фарзандони гузаштаи миллатро накунад о шумо номи Н.МАХСУМ ва Ш.ШОТЕМУРРО баровард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)