New York Times: Хиёнаткориҳои пулис дар сарҳад бо Тоҷикистон

Нашрияи маъруфи амрикоии “The New York Times” аз ифшои хиёнат ва ҳамкориҳои густурдаи афсарони воломақоми пулиси Афғонистон бо Толибон дар навоҳии ҳамсарҳад бо Тоҷикистон хабар додааст.
Ин нашрия аз қавли Абдул Вадуд Паймон, вакили мардумии вилояти Қундуз дар парлумони Афғонистон ҷузъиёти бозпурсӣ ва шоҳидии Мулло Муҷоҳид, фармондеҳи боздошшудаи Толибон дар навоҳии ҳамсарҳад бо Тоҷикистонро ифшо кардааст, ки тибқи он кормандони пулиси вилояти Қиндуз бо Толибони ҳамкорӣ мекунанд. Муллоҳ Муҷоҳид, фармондеҳи боздошшудаи Толибон дар Қундуз гуфтааст, “афсарони пулис ба мо кӯмак мекарданд, муҳимоти ҷангӣ мефурӯхтанд ва моро аз амалиёти пулис огоҳ мекарданд.”
Абдул Вадуд Паймон афзудааст, Мулло Муҷоҳид аллакай номи пулисҳои хиёнаткорро ҳам гуфтааст ва дар ин робита нерӯҳои амниятӣ 32 нафарро ба ҷурми ҳамкорӣ бо Толибон боздошт кардаанд.
Ба ин тартиб, муовини волии вилояти Қундуз -- Ҳамдуллаҳ Дониш ба “The New York Times” гуфтааст, бархе аз пулисони ин вилоят дар гаравгонгирии одамон даст доранд. Нашрия аз қавли ин мақоми давлатӣ менависад, гаравгонгирӣ ба мақсади ба даст овардани пул дар ин вилояти ҳаммарз бо Тоҷикстон дар ин авохир зиёд шудааст.
Ин ҳушдору ифшокориҳо дар ҳолеянд, ки 19 декабри соли гузашта гуруҳи силоҳбадасти марбут ба Толибон чаҳор марзбони Тоҷикистонро дар марзи ноҳияи Имом Соҳиб бо ноҳияи Қумсангири Тоҷикистон рабуда, то ҳол барнагардондаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |