Зайд Саидов гуфтааст, дар мурофиа ширкат намекунад, агар...

Додситонии кулли Тоҷикистон дархости Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷикро барои рӯбарӯкунӣ бо мансабдорони воломақоми ҳукумат зарур наҳисобида, парвандаи ӯро ба Додгоҳи олӣ ирсол намудааст.
Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов, имрӯз, 9 феврал дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Додситонии кулл бидуни ҳеч далел дархости зерҳимояашро барои рӯбарӯкунӣ бо мансабдорони воломақоми ҳукумат ба инобат нагирифтааст: “Парванда аллакай ба додгоҳ ирсол гардид ва дар мавриди дархост чизе нест”.
Аз ин пеш Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ҳам бо як ҷумла дархости Зайд Саидовро барои рӯбарӯкунӣ бо мансабдорони воломақоми ҳукумат рад кард. Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, Оҷонсӣ бе шарҳи далелҳо бо як ҷумла навиштааст, афроде, ки шумо барои шоҳидӣ ва рӯбарӯкунӣ бо онҳо дархост кардаед, ба парвандаҳои иқтисодии Зайд Саидов ягон робита надоранд.
Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷик дар доираи парвандаҳои иқтисодияш хостори рӯбарӯкунӣ бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, Матлубхон Давлатов, собиқ раҳбари Кумитаи сармоягузорӣ ва Давлаталӣ Саидов, ноиби нахуствазир шуда буд. Исҳоқ Табаров ва зерҳимояаш баробари рӯбарӯкунӣ бо мақомдорони зикршуда, инчунин хостаанд, як қатор кормандони ширкати “Тоҷсохтмон-байналмилал” низ даъват шаванд.
Дар ҳамин ҳол, Исҳоқ Табаров мегӯяд, мурофиаи додгоҳии парвандаи дуввуми Зайд Саидов 12 феврал дар боздоштгоҳи муваққатӣ муайян шудааст, вале зерҳимояаш бо ирсоли як нома ба Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди олии Тоҷикистон аз ширкат дар ин мурофиа даст кашидааст. Табаров гуфт, номаи зерҳимояашро рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта ба Додгоҳи олӣ супориданд. Ҷаноби Табаров мегӯяд, "дар он гуфта мешавад, дар сурати дар боздоштгоҳи муваққатӣ доир шудани мурофиа аз ширкат дар он даст хоҳад кашид. Дар парвандаи пешина, ки муҳри махфӣ заданд, бино бар ин мурофиаи он дар боздоштгоҳи муваққатӣ гузашт, парвандаи дувум сирф иқтисодист ва муҳри махфӣ надораду ҳеч сире нест, онро бояд дар Суди олӣ доир намоянд”.
Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт ва моҳи декабри соли гузашта ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот пас аз панҷ моҳи маҳкумияти оқои Саидов эълон карданд, ки алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” (азхудкунӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340, қисми 2 (сохтакории ҳуҷҷатҳо) парвандаи нав боз кардаанд ва ҳоло тафтиши он идома дорад. Айбномаи наве, ки Зайд Саидов ҳангоми ошноӣ бо он ҳамаашро рад карда, мисли парвандаҳои қаблияш сохтаву бофта унвон кардааст.
Дар айбномаи нав Зайд Саидов ҳамчун роҳбари ғайрирасмии ширкати сохтмонии “Тоҷсохтмон-Байналмилал” муаррифӣ шуда, барои азхудкунии маблағҳои буҷет, ки барои сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза” пешбинӣ гардидааст, муттаҳам дониста мешавад. Дар ҳоле ки Исҳоқ Табаров, вакили ягонаи Зайд Саидов мегӯяд, расман Саидов ба “Тоҷсохтмон-байналмиллал” ягон иртиботе надорад ва аз салоҳияту ваколатҳои амрдиҳӣ ва ё ҳуқуқи имзо намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҳаргиз бархӯрдор набудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |